Сайфи Фарғонӣ. Эй кӯйи ту зи рӯят бозори гулфурӯшон…
Ишқ султон кард бар мулки суханронӣ маро,
З-он кунанд арбоби маънӣ бандафармонӣ маро.
Ин байти фахрия ба «султони мулки сухан» Сайфуддин Муҳаммади Фарғонӣ мутааллиқ аст, ки ӯ яке аз шоирони тавонманд ва чеҳраҳои мунаввари адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор меравад. Мавсуф дар нимаи аввали асри XIII, дар водии Фарғонаи таърихӣ дидаи басират ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ӯ низ чун дигар бузургони дар роҳи илму тариқат азиятдида ба омӯхтани илмҳои замонааш пардохта, дунёро бо чашми дил нигоҳ кард.
Сайф илмҳои арӯз, қофия, фалсафа ва санъатҳои бадеиро азбар намуд, ки шаҳди ашъораш далели дар ин росто мумтоз буданашро исбот менамояд. Шоир бо номҳои Сайф ва Сайфи Фарғонӣ эҷод кардааст. Замоне, ки муғулҳо ба Мовароуннаҳр дасти таҷовуз дароз мекунанд, шоир Фарғонаро бо дидаи пурнам ва дили кашол паси сар намуда, ба Эрон рӯ меорад ва муддате сокини шаҳри Табрез мешавад. Сайф маҳз дар ин ҷо аз шаҳомати шеъри оламгири Шайх Саъдӣ ва салобати шоирии ин ғазалсарои маъруф огоҳ мешавад. Дигар ашъори намакини ин пири маърифат вуҷуди ӯро тасхир карда буд. Аз ин рӯ, ҳаваси дидор ва зиёрати Саъдӣ ӯро ба Шероз меорад ва бо ӯ пайванди дӯстиву бародарии ногусастаниро ба роҳ мемонад. Дар ин бора худи Сайф чунин байтеро аз сари ихлос сурудааст:
Ту кишваргири офоқию шеъри ту туро лашкар,
Чунин лашкар туро зебад ба ҳар кишвар фиристодан.
Девони Сайфро сараввал шарқшиноси турк Аҳмади Оташ пайдо намуд. Баъдан, соли 1962 ин девонро Забеҳуллоҳи Сафо мураттаб гардонда, ба табъ расонд. Девоне, ки аз тарафи Забеҳуллоҳи Сафо таҳия шудааст, аз се ҷилд иборат мебошад. Нусхаи аслии девони Сайфи Фарғонӣ хеле нодир буда, танҳо дар Туркия маҳфуз аст. Бар асари нобасомониҳои ғафлатбор шоир ва вазир Шамсуддини Ҷувайнии Соҳибдевон, ки Сайфи Фарғонӣ бо ӯ низ риштаи дӯстиву бародарӣ дошт, ба ҷурми хиёнат кушта мешавад ва Сайфи ба тозагӣ ба муроди суҳбати эшон расида бо дарду фиғон мегӯяд:
Дар ин тафаккурам, эй ҷон, ки гар фироқ афтад,
Маро висоли ту дигар кай иттифоқ афтад?
Баъд аз ин ҳодиса Сайф ба Туркия сафар карда, зиндагиро дар шаҳри Оқсаройи туркони усмонӣ ихтиёр менамояд. Шоир аз бедодгариҳои замона чунин изҳори нигаронӣ менамояд:
Дар аҷабам, то худ он замон чӣ замон буд,
К-омадани ман ба сӯйи мулки ҷаҳон буд.
Сайфи Фарғонӣ тақрибан соли 1348 дар шаҳри Оксаройи ин кишвар чашм аз олам пўшид. Лекин дар маъхазҳо роҷеъ ба соли вафоту таваллуди шоир, чун миқдори ашъораш маълумоти гуногун оварда шудааст.
ИН ЧАНД ҒАЗАЛ АЗ ӮСТ:
Ғунча чун кард табассум, сӯйи саҳро наравем,
Гул бихандид замоне, ба тамошо наравем.
Мо дар ин кӯй муқимем чу асҳобу-л-каҳф,
Гар касе санг занад, ҳамчу саг аз ҷо наравем.
Кӯйи маъшуқу дари дӯст беҳ аст аз ҳама ҷо,
Мо ҳам ин ҷо бинишинему ба саҳро наравем.
В-ар ба ноне нарасем аз дари ӯ, бар дари ӯ
Чун саг аз фоқа бимирему ба дарҳо наравем.
Бо дили пурхун чун ғунча ба ҳам омадаем,
Мо ба боде чу гул, эй дӯст, зи ҳам во наравем.
Гар ба бӯстон шудан аз мо написандӣ, з-он рӯй
Парда баргиру гулистон бинамо, то наравем.
Ба тараб даст бизан, бар сари мо пой бикӯб,
К-аз сари кӯйи ту гар сар биравад, мо наравем.
Сайфи Фарғонӣ, бо дӯст бигӯ: Ҷавр макун,
Ки бад-ин мирваҳа мо аз сари ҳалво наравем.
Ваъда додӣ ба шаби васли худу метарсем,
Ки фаромӯш кунӣ, гар ба тақозо наравем.
****
Эй гаштаниҳон аз ман, пайдо-т ҳамеҷӯям,
Ҷойи ту намедонам, ҳар ҷо-т ҳамеҷӯям.
Бар ман чу шавӣ пайдо, ман дар ту шавам пинҳон,
Аз ман чу шавӣ пинҳон, пайдо-т ҳамеҷӯям.
Андар сари ҳар мӯе аз ту талабам рӯе,
Ҳарчанд наям зебо, зебо-т ҳамеҷӯям.
Чун ту ба дилӣ наздик, аз чӣ зи ту ман дурам?
Ҳар ҷо, ки равад ин дил, он ҷо-т ҳамеҷӯям.
З-он пойи ту мебӯсам, к-он ҷост сари зулфат,
Яъне, сари зулфатро дар по-т ҳамеҷӯям.
Ҳарчанд ту пайдоӣ чун рӯз маро дар дил,
Ман шамъ ба дасти дил шабҳо-т ҳамеҷӯям.
Бо дунйиву бо уқбӣ васли ту наёбад Сайф,
Дил аз ҳама баркандам, якто-т ҳамеҷӯям.
****
Эй кӯйи ту зи рӯят бозори гулфурӯшон,
Мо булбулони мастем, аз баҳри гул хурӯшон.
Бозори ҳусн дорӣ, дукон дар ӯ малоҳат,
В-он ду ақиқи ширин дар вай шакарфурӯшон.
Хуни ҷигар назар кун савдопазони худро,
Бо гӯштпораи дил дар деги сина ҷӯшон.
Хоҳӣ, ки гирди кӯят девонасар нагардам,
Чун рӯ ба ман намудӣ, дигар зи ман мапӯшон.
Ҳар шаб зи бори ишқат дар гӯшаҳои хилват
Гардун фиғон барорад аз нолаи хамӯшон.
Бо меҳнате, ки доранд аз ошноии ту
Бегонагон шунуданд овози гуфтугӯ-шон.
Аз ҷоми васлат, эй ҷон, ҳаргиз бувад, ки моро
Мачлис ба ҳам барояд з-афғони боданӯшон.
Чун Сайф бар дари ту бе кор музд ёбад,
Маҳрум набвад он к-ӯ дар кор буд кӯшон.
Аз китоби “Сайфи Фарғонӣ. Девон”, Душанбе соли 2023.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Муниса МАҲМАДСОДИҚОВА,
шуъбаи нигоҳдории китоб.