Сайфиддин Камолзода: “Китобхонаҳои замони Рўдакӣ”

Сайфиддин КамолзодаДар шаҳрҳои бузурги Сомониёни аҳди устод Рўдакӣ китобхонаҳои гуногуне вуҷуд доштанд. Ин китобхонаҳо аз як тараф василаи таҳқиқ ва баҳси илмиро фароҳам месохтанд ва аз сўйи дигар бунёди омўзишие буд, ки ҷамъе аз устодону шогирдонро гирд меоваранд ва аз дастовардҳои илмӣ иттилоъ медоданд. Дар густариши нусхаҳои китобӣ дар китобхонаҳо нақши варроқон хеле бузург буд. Дар китобхонаҳо шахсоне ба унвони варроқ (дар Бағдод, носих) аз китобҳо нусха бармедоштанд [8:300].

Варроқӣ як шуғли ҳирфаӣ ва роҳе барои касб ба ҳисоб мерафт, ки афроде, ҳатто аз муҳаддисон ва нависандагони бузург барои гузарони зиндагӣ бад-он машғул буданд, ҳарчанд ин кор чандон ҳам писандида ва судовар ҳисобида намешудааст. Абузайди Балхӣ – донишманди бузурги асри Сомониён рисолае дар сарзаниши касоне чун Абўбакр ибни Алмустанир, ки аз муаллимон ва варроқон накўҳиш мекард, навишт. Афзун барои вай китобе таҳти унвони «Рисолату-фил- мадҳулварроқату»-ро таълиф кард [1:275]. Гуфтори Абуҳотам варроқи нусхабардори нишопурӣ, ки панҷоҳ сол бад-ин кор машғул буд, гўиё воқеияти талхи ин шуғл аст. Вай гуфтааст: «Варроқӣ пешае накўҳида аст ва зиндагиам бо он дар ҳирмон, агар бизиям нонам нест ва чун бимирам кафан нахоҳам дошт» [8:443]. Аммо ба ҳар рўй, афзоиши шумораи китобҳо ва фароҳам омадани маҷмуаҳои ғанӣ дар китобхонаҳо марҳун талоши варроқон буд. Абулъаббос Муҳаммад ибни Яъқуби Осам (даргузашта 346) муҳаддиси машҳур замоне дар кори варроқӣ буд ва аз ин роҳ такшиб мекард [10:290].

Падари Абдулъаббос худ муҳаддис ва варроқи хушнавис буд [3:56].

Абулқосим Тоҳир ибни Аҳмади Мулқободӣ (даргузашта 357) дар зайи мушойих буд. Аммо то замони марг вароқӣ мекард ва дар миёни варроқони Нишопур касе аз ў хушнавис набуд [10:288].

Абулъаббос Қаббонӣ (даргузашта 371) низ дар «Сикка дақоқин» Нишопур ҳиҷра дошт ва аз роҳи варроқӣ рўзгори хешро пеш мебурд [10:541].

Абдулоҳ Муҳаммад Унҷори Бухорӣ (даргузашта 412) муҳаддис ва муаррих низ шуғли варроқӣ дошт [10:321].

Афзун бар ин корҳои фардӣ хонаи бархе аз уламои бузург маҳалли иҷтимои гурўҳе аз варроқон буд, ки аз китобҳо нусха мебардоштанд. Хонаи Муҳаммад ибни Масъуд Атёшӣ муҳаддиси бузург имоме дар Самарқанд [6:248] ва хонаи Абўнаср Саҳл ибни Марзбон (дҳ. 420) адиб ва шоири Нишопур [8:392] аз чунин марказҳо буд.

Китобхонаи дарбори Сомониён дар Бухоро аз ғанитарин ва бошукўҳтарин китобхонаҳо дар ҷаҳони ислом будааст. Ибни Сино дар ҳудуди 387 қ. барои муолиҷаи муваффақиятомези амири Сомонӣ Нўҳ ибни Мансур ба китобхонаи Бухоро роҳ ёфт ва ба мутолааи китобҳо пардохт. Ў дар он ҷо утоқҳои бузург бо китобҳои бисёр ва бешумор ёфт, ки ба гуфтаи худ қабл ва баъд аз он монандашро надид. Дар ин китобхона китобҳое дар тамоми фунун ва риштаҳои роиҷи илмӣ ва китобҳои мунҳасир ба фард, ки дар ҷойҳои дигар ғайримавҷуд ё ношинохта буд, нигаҳдорӣ мешуд. Аз он ҷумла, китобҳои ҳикмат ва фалсафа инчунин, дигар улуми юнонӣ буд, ки Ибни Сино аз мутолиаи онҳо баҳраманд шуд ва бештари дониши олимонро фаро гирифт. Баъдтар, он китобхона оташ гирифт ва аз он ҷо ки Ибни Сино танҳо касе буд, ки муваффақ ба таҳсили улум ёдшуда гардида буд, баъдан чунин гуфтаанд, ки вай даст ба чунин коре зада, то дар ин илмҳо танҳо фард бошад ва онҳоро ба худ мансуб дорад [2:158]. Баъдан исбот карданд, ки чунин набудааст.

Аз дигар шахсиятҳое, ки аз китобхонаи дарбори Нўҳ ибни Мансур дидор ва истифода карда Муқаддасӣ муаллифи «Эҳсонултақосим» аст. Муқаддасӣ аз нақшаи мавҷуд дар ин китобхона, ки дар коғазе мусаввар ва мурабаъ кашида шуда буд, дар таҳияи нақшаҳои худ кумак гирифт [5:10].

Эҳтимолан маҳзани китоби Тоҳириён, ки бархе муҷаллидоти он ба Бағдод интиқол ёфт, ҳастаи аввалияи китобхонаи расмии Сомониёнро ташкил медодааст [4:48].

Уламо ва мударрисон низ ба ҷамъоварии китоб дар хона ва мадрасаи худ ҳиммат мегумоштанд. Абубакр Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Хузайма (даргузашта 311) муҳаддис ва фақеҳи бузурги Нишопур дар ин шаҳр китобхонае дошт, ки мавриди истифодаи муҳаддисон ва фақиҳон буд. Ҳокими Нишопурӣ аз ин китобхона, ки дар ихтиёри Абутоҳир Муҳаммад ибни Фазл (даргузашта 387) наводаъ ибни Хузайма буд 250 ҷузъ аз самооти саҳеҳи Ибни Хузаймаро ба манзили ориф бурд ва даҳ ҷузъ аз фавоиди онро тахриҷ кард [10:125].

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмади Саффор (даргузашта 339) Муҳаммади Исфаҳонӣ низ, ки қабл аз 300 қ. ба Нишопур омад ва дар он ҷо сукунат карда буд, китобхонаи ихтисосӣ дошт. Ба гуфтаи Ҳокими Нишопурӣ, Абулъаббоси Мисрӣ, варроқ Саффор бад-ў хиёнат кард ва асли китобҳо ва панҷсад ҷузъ аз усули ҳадисии вайро бардошт ва Саффор ҳарчанд кўшид то бо мулоимат онҳоро бозпас гирад, муваффақ нашуд [7:178].

Дигар китобхонаи ғайридавлатӣ дар қаламрави Сомониён тавассути Абуҳотам Муҳаммад ибни Ҳиббон (даргузашта 354) муҳаддиси бузурги Буст таъсис шуд. Ў китобҳои худро вақф кард ва маҳаллеро дар хонаи хеш бад-он ихтисос дод [1:617].

Пас аз вай васии ў ин китобхонаро идора мекард. Васӣ дар чаҳорчўб ва вақфнома иҷоза медод то чунончӣ касе бихоҳад дар ҳамон ҷо (суфа) аз китобе нусха бардорад бидуни ин, ки китобро аз маҳал хориҷ кунад. Аммо, мутаассифона, бо гузашти ҳудуди як сада ин китобҳои гаронбаҳо дар асари таҳаввулоти сиёсӣ ва заъфи ҳукумат аз миён рафт ва ҷуз андаке аз он барҷой намонд. Хатиби Бағдодӣ (даргузашта 463) дар таҳлили ин ҳодисаи зиёнбор бо нигарише дур аз воқеъбинӣ иллати амрро қадршиносии мардуми он сомон аз камтаваҷҷуҳии онон нисбат ба таҳияи нусхаҳои мутааддид аз китобҳои арзишманд донистааст [1:617].

Мадрасаи машҳури Байҳақӣ дар Нишопур аз китобхонае тахассусӣ бархўрдор буд. Дар ин китобхона маҷмуаҳои кутуби ҳадисӣ, ки аз машоих ба ирс ва ё вақф барҷой монда буд, дар ҳуҷра нигоҳдорӣ мешуд. Дар садаи панҷуми қамарӣ Абўсолиҳ Муаззин (даргузашта 470) мутавалии увқофи мадрасаи Байҳақӣ ин китобхонаро сарпарастӣ мекард [11:133].

Ҳамчунин, дар Нишопур хонадони Майколӣ аз руасои номдор, адиб ва донишпарвари шаҳр китобхонае бузург доир карда буданд. Саолабӣ (даргузашта 429) китоби «Симорулқулуб»-и худро ба китобхонаи Амир Абўфазл Абдуллоҳ ибни Аҳмади Майколӣ (даргузашта 436) аз афрод барҷастаи ин хонадон эҳдо кард [9:3] ва дар таълифи осоре чун «Ятиматулдаҳр» аз китобҳои китобхонаи вай орият ва иқтибос мекард [9:89].

Дар замони Абдулғафори Форсӣ (даргузашта 529) китобхонае аз китобҳои вақфӣ дар масҷиди ҷомеи қадими Нишопур барпо буд, ки таъсиси он зоҳиран бар рўзгори устод Рўдакӣ боз мегардад.

Паз аз инқирози Сомониён ва бархе аз ҳукуматҳои маҳаллии вобаста бахше аз мероси мактуби онон ба Ғазна, тахтгоҳи Ғазнавиён мунтақил шуд. Ба гуфтаи Утубӣ Султон Маҳмуд дар канори масҷиди Ғазна, ки ба зебоии тамом сохт, мадрасаи бузург бо китобхонаи ғанӣ тартиб дод. Утоқҳои ин китобхона аз каф то сақф анбошта аз осор ва таълифоти уламои гузашта аз улуми қадим ва ҷадид буд, ки аз китобхонаҳои фармонравоёни Хуросон ва Мовароуннаҳр бад-онҷо мунтақил гардида буд. Ин маҷмуаҳо дар тўли аём ба саъй ва ҳиммати ин фармонравоён аз Ироқ ва дигар шаҳрҳо фароҳам омада, ҳовии нусхаҳое бо хати некў ва ҳамроҳ бо тасҳеҳот ва ҳошияи уламо буд.

Адабиёт:

  1. 1. Ёқути Ҳамавӣ. Маъҷамул-булдон / Бо кўшиши Вестн Фелд.-Лейпсиг, 1870. – 717 с.
  2. Ёкути Ҳамавӣ. Муаҷҷамулудабо /Бо кўшиши Эҳсон Аббос.-Бейрут, 1993. – 295 с.
  3. Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад. Сайри аъламул-нубло /Бо кўшиши гурўҳе аз муҳаққиқон. – Бейрут, 1986. – 356 с.
  4. Ибни Надим, Ал-феҳрист. – Теҳрон, 1346. – 648 с.
  5. Муқаддасӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад. Аҳсанул-тақосим фи-маъруфатул – ақолим /Бо кўшиши гурўҳе аз муҳаққиқон. – Лейдан, 1967. – 310с.
  6. Наҷошӣ, Аҳмад. Риҷол / Бо кўшиши Муҳаммад Ҷавод Ноинӣ.-Бейрут, 1988. – 356 с.
  7. Сабкӣ, Абдулаваҳҳоб ибни Алӣ. Табақот-ул шофеиятул-кубро / Бо кўшиши Муҳаммад Алтаноҳӣ ва Абдулфотеҳ Муҳаммадалҳулу.-Қоҳира, 1964. – 400 с.
  8. Саолабӣ, Абдулмалик ибни Муҳаммад. Татаматулятима / Бо кўшиши Аббос Иқбол. – Теҳрон, 1353. – 445 с.
  9. Саолабӣ, Абдулмалик ибни Муҳаммад. Симорул-қулуб филмазоф валмансуб / Бо кўшиши Муҳаммад Абулфазли Иброҳим.-Қоҳира, 1965. – 310 с.
  10. Самъонӣ, Абдулкарим ибни Муҳаммад. Алнасоб /Бо кўшиши Абдураҳмон Муаллими Имонӣ. – Ҳайдаробод: Даккан, 1382 /106. – 400 с.
  11. Сарифинӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад. Таърихи Нишопур / Бо кўшиши Муҳаммад Козим Маҳмудӣ. – Қум, 1403. – 445 с.

Сайфиддин Камолзода,
номзади илмҳои педагогӣ,
китобхонашинос.