Саймумин Ятимов. Ба дониш гарою бад-ў шав баланд

Саймумин Ятимов«Фаромӯш накунед, ки танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад».

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳри Душанбе, 1-уми сентябри соли 2024.

Дар ин иқтибоси кўтоҳ мантиқ ва таъиноти илм тафсири барҷастаи энсиклопедию функсионалӣ дидаанд.

Ҳамзамон бо ин, истифодаи мафҳуми таъкидии фардикунонии                «танҳо», шарҳи духўраи масъалаҳои барои давлат ва ҷомеа ҳаётан муҳимро дар баробари дигар шаклҳои шуури ҷамъияти истисно кардааст. Роҳ ва усули ғайримуқаррарии дарки онҳоро маҳдуд намудааст. Илмро бар мартабаи воло – субъекти ҳалкунанда ва довари воқеияти ҳастии ҷомеа нишондааст.

Дар ин манзалат, дониш ба сифати маҷмўи тасаввуроти инсон дар бораи муҳити атроф, мундариҷаи тафаккур ва маънавиёти ҷомеа муқаррар гардидааст. Ҳамчунин ҷузьи асосии муайянкунандаи хосият, муносибатҳо ва қонунмандиҳои пайдоиш, рушд ва тараққиёти ҳастӣ қаламдод шудааст. Яъне истилоҳи мазкур, сирф ба маънои илм шарҳу тафсир ёфтааст.

Аз лиҳози дигар, дар тамоми давру замон тавоноӣ, арзишмандӣ ва шоистасолории фард дар алоҳидагӣ ва миллат дар маҷмўъ, ба дараҷаи дониш ва маърифати ў баробар дониста шудааст. Ҳамин тариқ, мавзуи мақола дар бораи мавқеи муаянкунандагии илм дар шинохти раванд, тазод ва воқеияти ҷамъияти мебошад.

ИЛМ ВА ҲАҚИҚАТИ ВОҚЕӢ.

Ҷараёни расидан ба илму маърифатро назарияи «абадӣ ва беохири тафаккур ва дарки моҳияти масъала» номидан мумкин аст. Маҳз, он муҳимият, асоснокӣ, хосиятҳои бунёдӣ, муаянкунандагӣ ва қонунмандии ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро доварӣ мекунад. Яъне бидуни илм, донистани ҳақиқати воқеӣ дар кулли соҳаҳои ҳаёти инсонӣ – сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маънавиёт ва ғайра имкон надорад.

Ибни Рушд бо итминони қавӣ ва хеле асоснок таъқид кардааст: «Чун дониш нест, пас дар олам чизе дониста намешавад. Агар чизе дониста пиндошта шавад ҳам, дар асл гумон аст». Ҳақиқати илмӣ зуҳуроти мустақил аст. Аз хоҳиш, ирода ва муносибати шахс вобастагӣ надорад. Дониш аст, ки тавассути аз худ кардани қонунмандиҳо, омил, сабабҳои вуҷуд, рушду тараққии зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур, инсон имконоти дастрасӣ ба воқеиятро пайдо мекунад. Барои беҳбуди зиндагӣ аз онҳо истифода менамояд. Илм инсонро аз тасаввуроти хаёлӣ нисбат ба муҳити атроф бозмедорад. Асрори он ошкор ва барои истифодаи иҷтимоӣ мувофиқ кунонида мешавад. Аниқтар агар гўем, «Омўхтан, донистан, аз худ кардан ҷараёни ворид гаштани ақл ба умқи табиати ғайриорганикӣ ба хотири мутеъ гардонидани он ба субьект аст» ( Ф.В.Гегел).

Ин хосияти илм танҳо марбути табиат нест. Балки бо зарфияти имконоти масъалаҳои ҷамъиятӣ, яъне «сирри ҷомеа» – «асрори одамӣ» низ сахт «даргир» аст. Бидуни илм донистани муҳтавои физиологӣ ва маънавии майнаи инсон, гузашта, имрўза ва ояндаи он ҳамчун ҷузъ ва маҳсули фаъолияти маводи офаридаи табиат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ғайриимкон аст: «Илм чизи дигаре нест, ғайр аст дастрасӣ ба воқеият ва дарёфти ҳақиқат» (Френсис Бекон)

Вазифаи илм интихоби мавзуъ, масъалагузорӣ аз зуҳурот то моҳияти масъала, яъне руйи кор овардан ва ҳаллу фасл намудани зиддиятҳоест, ки байни ду категорияи фалсафӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Вазифаи илм интихоби мавзуъ, масъалагузорӣ аз зуҳурот то моҳияти масъала, яъне руйи кор овардан ва ҳаллу фасл намудани зиддиятҳоест, ки байни ду категоряи фалсафӣ арзи ҳастӣ мекунанд. Маълум аст, ки воқеияти обьективӣ, сарфи назар аз шакл, намуд, миқдор, сифат ва айният, навъи субъективии инъикос дар майнаи шахс аст.

Ба хотири он ки инсон баробарвазни ҳақиқат хулоса бардошта, дар фаҳми воқеии масъалаҳо орӣ аз раҳгумӣ, зарар ва хиҷолат бошад, мебояд ба илму маърифат такя кунад. Аммо аз бар намудани дониш кори саҳл нест. Зеро «Дар илм роҳи тахту ҳамвор вуҷуд надорад. Ва танҳо касе ба қуллаҳои дурахшандаи он баромада метавонад, ки аз хасташавӣ натарсида, масири пурпечутоби сангини онро бо нохунҳояш часпида гузарад» (К.Маркс).

Дар тамоми ҳолат, ҳеҷ имкон надорад, ки инсон наомўхта, дониш наандўхта, хун аз ҷигар нарехта донишманд гардид. Гарчанде кам нестанд одамоне, ки худро чунин вонамуд карданӣ мешаванд. Аммо чунин кўшиш монанд ба он аст, ки шахси бемор худро сиҳат нишон доданӣ мешавад. Дарвоқеъ, худи инсон бояд саломат бошад. Суоле матраҳ аст, ки чаро дар рўёрўйи аз бар намудани дониш зиндагӣ сахтгир аст? Посухи онро ҳикмати «диалектикаи ҳаёт, диалектикаи идеяҳоро тавлид мекунад», дода метавонад. Инсон дар маркази ҳадафҳои мақсадгузорӣ ва натиҷаи онҳо – таъсиргузориҳост. Маълумот ( суҳбати рў ба рў, хабари одӣ, талқину ташвиқҳои васоити ахбори умум (интирнет) барои маълумот нест. Шакли амалӣ кардани мақсадҳо, раҳбарӣ ва раҳнамоиҳост.

Асосгузори фалсафи реалистӣ В.Ф.Гегел барои аз дараҷаи содагӣ ва зудбоварӣ баровардани яке аз дўсттонаш, ба ў бо чунин мазмун нома менависад: «Баръакс, ба хотири нобуд кардани баъзе аз қисмҳо, ҷиҳатҳо, хосият ва аломатҳои фазои беруна равон гардидааст. Барои он ки ҷойи онҳоро нишонаҳои мавриди назари мақсадгузор бигирад. Ҳамин тариқ, нақшаҳои ў дар фазои беруна таҷассум ёбанд. Амалӣ гарданд».

Сухан дар бораи он меравад, ки муҳтавои мақсад аз чӣ иборат аст. Хосияти созандагӣ дорад ё хайр. Мавзуи марказии дониш дар баҳри беканори маълумот расидан ба воқеияти объективӣ, аз  ҷумла фарқ карда тавонистани некӣ аз бадӣ, мебошад. Ба   ҳамин хотир, маҳсули илм хосияти ҳамагонӣ дорад. Дар шакл гирифтан, инкишоф ёфтан, рушди абадӣ ва беохири илм беҳтарин фарзандони инсоният ширкат меварзанд. Ҳастӣ, қудрат, тавоноӣ, муҳтавои зеҳнӣ ва маънавии худро ба намоиш мегузоранд. Дар сабқати шоистасолории ба ном, назарияи шинохти моҳият, қонунмандӣ ва шакли донистанҳо мавқеи худро муаян месозанд.

Фарзонагони илму адаби тоҷик муддати беш аз ҳазор сол қимати донишу хирадро сутуда, онро дар арши аъло баровардаанд. Ба ҳамин хотир, ба шумули нобиғагони олам ворид гаштаанд. Барои тасниф ва тафсири масъала дар ҳаҷми як мақола маҷол танг аст.  Аммо зарур мешуморем, ба хотири боз ҳам асоснок кардани сархати муқаддамотии ин навишта, намунаҳоеро аз афкори донишгароӣ, ситоиши илм, маърифатпарварӣ, тарғиби ақлу хирад, афкору андешаи созандаи ниёгон, бо такъя ба адабиёти классикӣ мавриди ёдоварӣ қарор бидиҳем….

Иқтибосе буд аз мақолаи Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ “Ба дониш гарою бад-ӯ шав баланд”, ки дар китоби “Воситаҳои ахбори омма ва забони миллӣ” чоп шудааст.

Китоби мазкур соли равон рӯи чоп дидааст ва он ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа мебошад.

Таҳминаи Маҷид,
мутахассиси пешбари
шуъбаи нигоҳдории китоб.