Сайри боғи ошноӣ. Сухан аз зикри муҳаббати Навоӣ дар шеъри шоирон
Алишери Навоӣ дар замонааш ҳамчун дастгиру пуштибони аҳли адабу аҳли қалам ном бароварда буд. Бинобар ин ба қавли Зайниддини Восифӣ “дар он замонҳо ягона мақсади арбоби фазл ва камол манзури назари кимиёасари Мир Алишер гардидан буд”. Шоирони машҳури асри XV тоҷик – Хоҷа Масъуди Қумӣ, Амир Суҳайлӣ, Мавлоно Нодирӣ, Камоллидини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Хоҷа Осафӣ, Мавлоно Соғарӣ, Мавлоно Субҳӣ, Саид Ҳасани Ардашер, Ҳофизи Ёрӣ ва дигарон аз ҷумлаи ҳамсуҳбатону наздикони Навоӣ буда, ба ҳурмату эҳтироми ӯ сазовор гардида буданд. Онҳо бошанд ба ивази ин лутфу марҳамат ва қадршиносии Навоӣ дар гуфтаву навиштаҳои худ ӯро ба некӣ ёд мекарданд ва дар тавсифаш шеърҳо менавиштанд. Достонҳое, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар тавсифи ҳамдигар гуфтаанд, намунаи барҷастаи чунин сурудаҳо мебошанд.
Навоӣ на танҳо шоири забардаст ва мураббии ғамхори бисёр шоирону олимон , балки инчунин ходими намоёни давлат ва ҳомию парастори халқ буд. Ӯ ки дар дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро хидмат менамуд, барои ободии мамлакат ва беҳтар намудани аҳволи мардуми меҳнаткаш хело кор кард.
Биноӣ дар қасидаи “Маҷмуъ-ул-ғароиб”-и худ маҳз аз ҳамин ҷиҳат ӯро сифат кардааст:.
На ба давлат туро касе ҳамсар,
На ба дониш туро касе ҳамсон.
Дар сухан беҳтарӣ зи Хоқонӣ,
Дар ҳукумат наӣ кам аз Хоқон.
Фазли ту азҳару мин-аш-шамс аст,
Ҳамчу хуршед дар ҷаҳон тобон.
Ман чӣ гӯям, ки фазоили ту,
Ҳарчи гӯянд, сад чандон.
Ҳотифӣ дар оғози достони “Лайлӣ ва Маҷнун” “Дар таърифи Мир Алишер”ном боби алоҳидае эҷод намудааст:
Эй тӯтии нотиқи сухангӯй,
Чун оина менамоядат рӯй…
Мониқалами Қубодшамшер,
Яъне ки Низомуддин Алишер…
Маҷмӯаи назми дилфиребаш,
Баҳрест, ки даҳр дода зебаш.
Лавҳи суханаш шакармақолон
Сайди ғазалаш ҳама ғизолон.
Ҳассони араб куҷост имрӯз.
То бошад аз ӯ фасоҳатомӯз.
Ку Фирдавсӣ ки дар замона.
Лаб соз кунад ба ин тарона?
Ку Хоқонӣ ки дар фасоҳат,
З-ин кони намак барад малоҳат?
Ку ҷодуи сеҳрсанҷ Хусрав,
То шеваи соҳирӣ кунад нав?
Эй Ҳотифӣ, аз ту худ чӣ ояд,
К-он шони рафеъро бишояд…
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар чандин боби “Бадоеъ-ул-вақоеъ” махсус дар бораи Навоӣ ва фазилату камолот, ҳикоёти тадбироти аҷоибу ғароиб ва ахлоқи ӯ таваққуф намудааст. Масалан, баъзе аз он бобҳо чунин ном доранд: Боби XII “Гуфтор дар зикри баъзе аз фазоил ва камолоти Султон Саиди шаҳид Улуғбек Мирзо… ва бархе аз шамоили ахлоқи амири кабир Алишер”; Боби XIII “Гуфтор дар савол фармудани ҳазрати салтанатшиори мадаллат, осоре аз ғароиби ҳикоёт ва аҷоиби тадбироти Амир Алишер ва назокати миҷози ӯ”; Боби XIV “Гуфтор дар зикри назокат ва латофати миҷози Амир Алишер”; Боби XV “Гуфтор дар таърифи маҷлиси Амир Алишер ва Хоҷа Маҷдиддин Муҳаммад…”; Боби XVI “Гуфтор дар зикри Мавлоно Биноӣ ва зарофатҳои вай бо мири кабир Алишер” ва ғайра.
Яке аз хусусиятҳои муҳими адабиёти бадеӣ дар асри XV бо ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) эҷод кардани адибон аст. Бо ташаббусу ғамхории Алишери Навоӣ шоирони зуллисонайн пайдо мешаванд ва бо ду забон шеър гуфтан хеле авҷ мегирад. Худи Навоӣ ҳамчун бунёдгузори ин равия ба туркӣ ва форсӣ хуб шеър мегуфт. Гуфтаҳои поёнии Биноӣ ба ҳамин муносибатанд:
Шеъри ӯ буд бештар туркӣ,
Ки набудаш назир дар туркӣ.
Дар сухан табъи зӯфунунаш буд,
Нуктагирӣ зи ҳад бурунаш буд.
Буд дар форсию туркӣ хуб,
Форсӣ хубу туркияш марғуб.
Бо ду забон шеър навиштан аз як тараф нишонаи қобилияти шоир бошад, аз тарафи дигар, аломати ҳурмату эҳтироми вай нисбат ба забон ва адабиёти ғайр мебошад. Муаллифи “Тазкират-ул-шуаро” Давлатшоҳи Саммарқандӣ дар васфи Навоӣ қасидае навишта аст, аз 52 мисраи он 24 мсрааш ӯзбекию, 28 мисрааш тоҷикӣ аст. Чунончи, баъзе байтҳоро аз он қасида меоварем:
Бо вуҷуди форсӣ дар ҷанби шеъри комилаш,
Чист ашъори заҳиру кист бори Анварӣ?
Маҳзари давлат Алишер, ул ки шеъри ҳақ эрур,
Ҳар маорақда анинг фатҳу саодат ёварӣ.
Давлатшоҳи Самарқандӣ ба монанди Абдуллоҳи Ҳотифӣ ширингуфторӣ, фасеҳкаломӣ ва эҷодкории Навоиро мадҳу сано гуфта, шеъри ӯро аз ашъори шоирони гузашта, монанди Лутфию Кардарӣ ва Заҳиру Анварӣ боло гузоштааст. Қасидаи мазкури Давлатшоҳ ва умуман эҷодиёти шоирони зуллисонайн гувоҳи он аст, ки бо ду забон шеър гуфтан анъанаи хубе гардида, воситаи муҳми робитаи адабии мардуми тоҷику ӯзбек мебошад.
Шоирони тоҷик, аз илтифотҳои Навоӣ сарбаланд ва аз навозишҳояш арҷманд гардида буданд, аз вафоти ӯ хеле ғамгин ва маҳзун шуда, барои таскини ин ранҷ ва дили маҷрўҳи хеш марсияҳои ҷонгудоз гуфтанд. Аз ҷумла Восифӣ дар “Бадоеъ-ул-вақоеъ” марсияи шоири тоҷик Соҳибдороро овардааст, ки ӯ аз дӯстони наздики Навоӣ буд. Таърихшиноси машҳур Хондамир дар “Макорим-ул-ахлоқ” ном асараш дар вафоти Навоӣ ин қитъаро навиштааст:
Аз мавти ӯ нишаст бар ҳар хона мотаме,
В-аз фавти ӯ бихост зи ҳар гӯша шеване.
З-ин саҳмгин мусибату з-ин саҳмнок марг
Оташ фитод дар дили ҳар сангу оҳане.
Ҳамин тавр меҳру муҳаббати шоирону нависандагони тоҷик ва мардуми дӯстпарвари он нисбат ба Алишер Навоӣ ва дар шахси ӯ ба халқи ӯзбек аз аввал самимӣ буд ва самараи ин дӯстии бузург аст, ки тоҷикону ӯзбекон то имрӯз чун бародарони ҷонӣ паҳлуи ҳам бо фароғат зиндагӣ доранд.
Э Шодиев, Р Тошматов
Манбаъ: Садои Шарқ, соли 1968 №8
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъба матбуоти даврӣ.