Сайри олами китоб бо Махфират Муҳиддинова. “Чил қонуни ишқ” – нигоҳе ба олами ботинӣ
Сайру саёҳат хуб аст. Инсонро ҷаҳондидаву ҷаҳонбиниашро васеъ мекунад. Имкони саёҳати шаҳрҳои гуногунро доштан давлатест, аммо сайри олами китоб кардан дар баробари саёҳат кардан ҷаззоб аст. Имрӯз мо сайри китоберо ба анҷом оварданием, ки аз ҳаёти марди роҳ, марде, ки дар наавбати худ аз саёҳату рӯзгори инсони таърихиву бузург ба мо нақл мекунад.
Ин асар китобест дар дохили китоб, ё ба истилоҳи дигар роман дар дохили роман. Асар аз тарафи нависанда Элиф Шафақ навишта шуда, номаш “40 қонуни ишқ” аст. Ба мураккабиаш нигоҳ накарда, хеле хонданист. Хати сюжети асар ду риштаи бо ҳам мувозӣ дошта, ду фарҳанги комилан гуногунро ба ҳам мепайвандад. Агар яке аз рӯзгори замони муосир сухан кунад дигаре ба рӯзгори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва устоди маънавии ӯ – Шамси Табрезӣ, бахшида шудааст.
“40 қонуни ишқ” ба як тарзи аҷиб навишта шудааст, ки дар он чиҳил қонуни ишқи Шамси Табрезӣ бо пайдарпайиҳои гуногун оварда шудаанд. Дар зимн, ана ҳамон асаре, ки дар дохили асар гуфтем “Куфри ширин” буда, маҳсули меҳнати қаҳрамони роман – Азиз аз Амстердам аст. Достоне, ки “Куфри ширин” ҳикоят мекунад, бар пояи ишқ ва маънавият асос ёфта, маънии пайравӣ ба даъвати дилро меомӯзад.
Азиз аз Амстердам – қаҳрамони “40 қонуни ишқ” асари худро, ки “Куфри ширин” ном дорад, ба яке аз оҷонсиҳои адабии Амрико мефиристад. Дастнавис барои баррасӣ ба Элла Рубинштейн супурда мешавад. Ин ҷо риштаи пайванди ду рӯзгору тамаддун нозукона ба ҳам мепайвандад. Азиз бо василаи романаш “Куфри ширин” ана ҳамон пайванд аст… “Куфри ширин” аз ҳодисаҳое, ки дар асри XIII ба вуқуъ пайвастаанд, ҳикоят мекард. Инак, қаҳрамони ин қисса Шамси Табрезӣ дарвеши оворагардест, ки «чил қонуни дини ишқ»-ро таблиғ мекунад. Дар аввал барои Элла дарки асар мушкил буд. Элла хилофи дастури оҷонсӣ ба Азиз аз Амстердам мактуб навишт. Азиз ҷавоб фиристод. Ба ҳамин минвол мактуб паси мактуб Элла бехабар аз худ меҳр ба муаллифи китобро дар дилаш ҷой дода, зиндагии орому якмаромашро комилан чаппа кард. Аммо… аммо ӯ намедонист, ки ошиқи Азиз – муаллифи асар гаштааст, ё ошиқи қаҳрамони асар Шамс аз Табрез. Бо мурури замон чунон мафтуни асар гашта буд, ки гумон мекард Азиз Шамс асту Шамс Азиз.
Шамси Табрезӣ ҳар ҷо-ҳар ҷо ба мо баъзе қоидаҳои ишқ (на ишқи ҷисмонӣ, балки ишқи маънавӣ)ро маънидод кардааст. Ин ишқ моро на ба мустахкам шудани неъматхои моддии рӯи замин, зеро хама чиз гузарандаву тағйирёбанда аст, балки ба шодмонии ботинӣ бурда мерасонад.
Элла Рубинштейн, зани тақрибан 40 сола бе ҳавову ҳавас, аз рӯи одат ва нақшаҳои ҳамешагӣ зиндагӣ мекард. Чаро “мекард”? Ба он хотир, ки Элла то ин дам ҷуръати ворид кардани тағйиротеро ҳатто дар ҳаёти рузмарраи худ надошт, куҷо монад тағйироти куллӣ. Таъсири асар ва таълимоти Шамс, муҳаббати амиқи бародаронаи дарвеши сӯфӣ Шамси Табрезӣ ва шоири ирфонӣ Ҷалолуддини Румӣ ба Элла имкон доданд, ки ба тарзи ҳаёти худ ва ба ҳодисаҳои гирду атрофаш бо диди нав нигарад. Ҳар қадар Элла ба “Куфри ширин” фурӯ мерафт, ҳамон қадар норасоии муҳаббатро дар зиндагиаш эҳсос мекард. Дар қиёс бо муҳаббати қаҳрамонони асари баррасишаванда дарк мекард, ки ҳаёташ хушку беэҳсос аст. Бо варақ гардонидани ҳар саҳифаи «Куфри ширин» аз издивоҷаш бо Довуд норозӣ мешуд ва аз муҳаббате, ки Азиз тасвир мекард, илҳом мегирифт.
Шамси Табрезӣ ин дарвеши шӯридаи бесару сомон, ки ба сабаби чаҳонгардиҳои хеш Шамси оворагардаш мехонданд, бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада, таваҷҷӯҳи Мавлоноро ба беҳосилии илме, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, кашид. Суҳбати Шамс Мавлоноро чунон шефта кард, ки дар чиҳилсолагӣ шоирӣ омӯхт. Ин нуктаву тағйироте, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридонашро бо Шамс душман кард…
Намехоҳам, ин ҷо хати сужаи асарро саропо оварам. Ҳамин қадарро гуфтаниям, ки аз мутолааи ин асар хушнудам. Ҳини мутолааи китоб борҳо орзуи суҳбат бо ориф, сӯфӣ, донишманд ва пири рӯҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Румиро намудам. Барои худ ба паҳлӯи дигари ҳаёти Мавлоно Румӣ рушанӣ андохта, ба таълимоти Шамси Табрезӣ ва суфиёну нигоҳи онҳо ба ҳаёт аз равзанаи дигаре назар кардам. Ҳарчанд, аксари қонунҳои ишқро, дар маҷмӯъ, медонам ё худ шунидаам гӯям хато намекунам, вале асар чашмамро ба бисёр чизҳо боз кард, яъне бароям дар беҳтар дарк намудани ҳақиқати ошнову одаткардаам кӯмак намуд. Ишқи ҳақиқӣ тавассути муҳаббат, имон ва тағйироти ботинӣ инсонро амиқ ва абадӣ тағйир медиҳад. Зистан ва аз сар гузаронидани пастиву баландиҳои ҳаётро осон мегардонад.
“Ҳар эҳсосе, ки мо дар ботини худ дорем ана ҳамонро ба Худо тавсиф медиҳем. Агар дар фаҳмиши мо Худо пеш аз ҳама муҳаббату меҳрубонӣ бошад, ин маънои онро дорад, ки қалби мо низ лабрези раҳму шафқат аст. Худоро дар ҳар зарра ёфтан мумкин аст, зеро Ӯ дар ҳама ҷост. Ҷойгоҳи Худо дар дили онҳоест, ки дар ҳақиқат дӯст медоранд. Ба ишқи ҳақиқӣ расидаанд.“
Роҳ ба сӯи ҳақиқат кӯшиши дил аст, на ақл. Бигзор қалби мо роҳнамоямон бошад, на фикри мо.
Сабр чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки ба хор нигоҳ кардаву садбаргро пеши назар дидан. Ё худ дар торикии шаб субҳро дидан аст, зеро меваи сабр ширин аст.
Бесабрӣ маънои «он қадар кӯтоҳандеш буданро дорад, ки натиҷааи сабрро намебинад». Касе ки Худоро дӯст медорад, сабр мекунад, зеро медонад, ки барои ба моҳи пурра табдил ёфтани моҳи ҳилол вақт лозим аст. Ширин шудани ғӯраи турш замонро тақозо дорад.
Муҳимтар аз ҳама он аст, ба ҳар сӯе, ки равем – хоҳ шарқ бошад, хоҳ ғарб, шимол бошад ё ҷануб, мо ба худ, ба ботини худ бармегардем. Наметавонем аз худ гурезем.”
Ин асари Элиф Шафақро дар Китобхонаи миллӣ дастрас кардаву мутолаа кунед, пушаймон намешавед. Бо мутолааи асар ба дунёи ботинии худ назар афкандаву ошно мегардед.
Махфират Муҳиддинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа