Санади сарнавиштсоз

КонститутсияПрезиденти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати  миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «соли маърифати ҳуқуқӣ» барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи ва шуурноки шаҳрвандон, пешгири ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини волоияти  қонун ва  қонунгузори амалкунанда, инчунин барои мустаҳкам намудани ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд, ин иқдоми пешвои миллат саривақти буда дар таҳкими қонунгузори кишвар нақши калиди мебозад. Зеро пас аз  ба даст оварии замони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қабули санадҳои меъёри ҳуқукӣ тамоми соҳа саъю талош варзидааст. Имрўзҳо тамоми соҳаҳои ҷамъияти танзимгари соҳаи худро доро буда дар баробари пайдо шудани муносибатҳои нави ҷамъияти ба қонунгузори таѓирот илова шуда истодааст.

Ҳадафи дигари эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби Пешвои миллат, мухтарам Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар пеш таҷлил ва истикболи ҷашни 30-юмин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Роҳи пешрафту тарақиёти кишвари озоду соҳибистиқлол ва демократии моро муайян ва устувор намуд. Воқеан барои ҳар як ҷомеаву давлат мавҷудияти чунин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, баҳри рушди низоми сиёсӣ, иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб гардида, масири пешрафти низоми идоракунӣ муайян карда мешавад.

Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсионӣ ин устувори иқтисоди кишвар, барои таъмини зиндагии арзандаи ҳар як шаҳванди кишвар, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таъмин менамояд.

Воқеан қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд ва самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд. Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд.       Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва якхелакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Сиёсати ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии Ҷумҳурӣ аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.  

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи  Конститутсия,  қонунҳои Ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд  ҳифз  мегарданд (моддаи 14).   

Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ дорад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.  Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаи 5).

Зиракии сиёсӣ ин ҳифз ва дарки манфиатҳои инсон ва давлат мебошад. Аз ин рў Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид мекунад, ки «Зиракии сиёсӣ»-ро аз даст надиҳед, яъне инсон бояд ҳама қонунҳоро  донад, ки   ҳуқуқу озодиҳои ўро  ҳифз менамояд. Бинобар ин як қатор Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Мамлакат, санадҳои меъёри  ҳуқуқӣ қабул шудааст, аз ҷумла «Ҳуқуқи Инсон», «Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бевосита таъминкунандаи ҳуқуқу озодӣ, ҳаёт, саломати, шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро таъмин менамояд. Инсон бояд сатҳи дониши сиёсии худро баланд бардорад. Чунки аз амалҳои зишту нанговар пешгирӣ намояд, аз қабили «Гирдиҳамоишҳо», гурўҳҳои «тундгароӣ», «экстремизми хушунатомез», «терроризм» ва «экстремизм».

Илова бар ин ᶍифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маᶍбубамон ва дастовардᶍои он – сулᶍу оромӣ, суботи сиёсиӣ ва ваᶍдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаᶍрвандӣ ва рисолати имонии ᶍар як фарди бонангу номус ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад”.  Дар амал татбиқ намудани меъёрҳои Конститутсионӣ ин устувори иқтисоди кишвар, барои таъмини зиндагии арзандаи ҳар як шаҳванди кишвар, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таъмин менамояд.

Имрўзҳо рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ-маҳаки асосиаш маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, яъне бе баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон рушди дилхоҳи соҳаҳо ѓайриимкон аст ва дар ҳаёт ҳамарўза чи тавре, ки мушоҳида менамоем, мо ҳамарўза дилхоҳ муносибатҳои ҷамъияти бо ҳуқуқ дар муносибатҳои  ҳуқуқӣ қарор дорем ва донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, донистани асосҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби на танҳо ҳуқуқшиносон, балки дигар аъзоёни ҷомеа, ин метавонад барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо оварда мерасонад.

Маърифати ҳуқуқӣ дар худ, яъне дигар намудани меъёрҳо аз ҷумла:  Маърифати сиёсӣ, маърифати ахлоқӣ, маърифати иҷтимоӣ ва маърифати зебоипарастӣ ва дигар намуди маърифати инсониятро таҷассум мекунад.

Маърифати ҳуқуқӣ-ин устувори ҷомеа ва давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, устувори иқтисодӣ кишвар, ки барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити хуби зиндагӣ муҳайё месозад.Вақте, инсон  ҳуқуқу уҳдадориҳои худро ба хуби медонаду риоя мекунад, сатҳи маърифати ў баланд мешавад ва ба ҳар гуна амалҳои зишту нанговар дода намешавад. Ва аз ҳамин лиҳоз зарурат ба амал меояд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва ҳамаи Қонунҳои Конститутсиони, Санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, риоя ҳифз ва аз худ намояд.

Шаҳром Қурбонов, мудири
бахши иттилоотӣ-ҳуқуқии
Китобхонаи миллӣ.