Сапедадам

Адабиётшиноси маъруф Расул Ҳодизода маҷмӯаи повесту ҳикояҳои худро ба диққати хонандагони гиромӣ пешкаш менамояд. Повести “Сапедадам” аз рӯзгори ғамангези сарвари ҷараёни маорифпарварӣ Аҳмади Дониш, ки дар муҳити тираву тори аморати Бухоро чун ситораи саҳарӣ шӯълавар буд, нақл мекунад. Чанд ҳикояи марғуби муассир низ ба табъи хонандаи нозукфаҳм ҳавола мешавад.