Сарабеки Бекзода: «Аз скифҳо то тоҷикҳо»
Ин китоб соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва муаллифаш донишманди тоҷик, яке аз таърихнигорони муваффақи кишвар, табиби ҳозиқ Сарабеки Бекзода мебошад.
Сарабеки Бекзода 27 ноябри соли 1950 дар деҳаи Виткони Кўҳистони Мастчоҳ дар оилаи зиёии машҳур Сафар Бекзода таваллуд шудааст. Соли 1965, баъди хатми синфи 8-ум ба омўзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1969 хатм кардааст.
Солҳои 1969-1971 хидмати артиши шўравиро дар Москва адо кардааст. Сипас солҳои 1971-1977 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино таҳсил намудааст. Солҳои 1977-1988 дар Мастчоҳ духтури амрози бачагона буд.
Солҳои 1998-2012 дар шаҳри Южно – Сахалински Федератсияи Русия чун духтур кор кардааст. Аз ноябри соли 2013 то ҳол духтури оилавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Сарабек Бекзода ҳанўз солҳои донишҷўӣ шефтаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик буд ва ашъори бузургони адабиётамонро мехонду аз бар мекард. Дар озмунҳои қироати шеър иштирок намуда, боре пирўз гардид ва ҳунарманди бемонанди тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов ба ў соати хотиравӣ тақдим кард.
Соли 1980 Сарабек Бекзода дар театри халқии ноҳияи Масчоҳ дар заминаи рубоиёти Умари Хайём ва ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз моноспектакл ичро кард, ки писанди аҳли завқ гардид.
Пизишки ҳозиқ аз устодон ва раҳнамоёнаш дар омўзиши таъриху фарҳанги миллат хаттоти бемисл шодравон Саидолим Акрамов, доктори илми таърих Муллошо Давлатов, табиб ва посдори фарҳанги ниёгон Саидшо Акрамов, адибони номвар Мирзо Шукурзода ва Валӣ Самад, муаррихи тозаназар Сайфуллоҳи Муллоҷон миннатдор аст. Инчунин ба фарзандони номбардораш ҷарроҳ Хусрав, тарҷумон Ҳотам, корманди бонк Манижа, ки чопи китоби мазкурро маблағгузорӣ карданд, сипосгузорӣ менамояд. Сарабек Бекзода солҳои дар Русия бунанаш бо осори бузургтарин олимони даврони қадим, олимони муосири Ғарбу рус оид ба таърихи қавмҳои ориёӣ ошно шуд. Ҳамчунин огоҳ гардид, ки баъзе уламои муосири рус ва ўзбек барои қадимӣ нишон додани таърихи миллатҳояшон таърихро дидаву дониста таҳриф мекунанд ва нақши тоҷиконро нодида мегиранд. Ба хотири посухи муносиб додан ба ин гуна олимони миллатгарои нотавонбин Сарабек Бекзода як силсила мақолаҳо навишт…
Идомаи сарсухан ва худи китоби “Аз скифҳо то тоҷикҳо”-и Сарабеки Бекзодаро метавонед дар Китобхонаи миллӣ бихонед.
Гирдакова Ҷамила,
сармутахассиси маркази забони
точикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.