«Сарчашмашиносӣ ва таърихнигории сикказанӣ ва муомилоти пулии давлати Сомониён»

Абдувалӣ ШарифзодаРисолаи Абдувалӣ Шарифзода бо ҳамин ном соли ҷорӣ бо тавсияи Шурои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таъб расидааст.

Ба китоб доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов ва номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ  тақриз навиштаанд.

Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки сикказанӣ ва муомилоти пулии Сомониён (807-1005) ҳанӯз аз асри Х мавриди нигориши таърихнигорон, ҷуғрофинависон ва дигар муаллифони ҳамзамон қарор гирифта буд. Ҷуғрофияи гардиши дирҳамҳои Сомонӣ аз қаламрави Сомониён фарохтар шуда, дар асри Х дар муомилоти пулии байни Шарқу Ғарб ҷойгузини дирҳамҳои аббосӣ гардиданд.

Дирҳамҳои сомонӣ зиёда аз 200 сол дар қаламрави давлати Рус ҳамчун асъори маҳаллӣ истифода шуда, ба ташаккули сикказании русҳо, ҳазарҳо ва булғорҳо таъсири бевосита расониданд.

Омӯзиши дирҳамҳои сомонӣ дар Русия дар асри ХIХ оғоз шуда, ҷамъоварӣ ва таҳқиқи онҳо то имрӯз идома дорад. Ин ва дигар масъалаҳои мубрами сарчашмашиносӣ ва таърихнигории сикказанӣ ва муомилоти пулии давлати Сомониён дар ин асар ба таври мухтасар инъикос ёфтааст.

Китоб ба доираи васеи аҳли илму адаб пешниҳод шудааст ва ҳар касе хоҳиши мутолиаи чунин китобро дошта бошад, метавонад онро аз Китобхонаи миллӣ дастрас намояд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.