Сарсухани академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба китоби Ҳасан Султон “Забони тоҷикӣ ва ҳуввияти миллӣ”

Барои миллатҳои куҳантаъриху соҳибтамаддуни олам, аз ҷумла тоҷикон, забони модарӣ дар меҳвари ҳувияти миллӣ қарор дорад, ки беҳикмат нест. Зеро яқинан шукўҳу эътибор ва бақову пойдории миллати тоҷик дар тўли таърихи пуршебу фарози он ба бақову мондагории забони тоҷикӣ алоқаманд мебошад. Тоҷикон тавонистанд, ки мисли дигар мардумони соҳибтамаддуну соҳибзабон ба сад мушкилот дар тўли таърих бақои забони худро ҳифз намояд ва онро чун арзиши бебаҳо то замони мо ба мерос гузоранд.

            Воқеан, забони тоҷикӣ шоҳсутуни устувори бинои ҳастии миллати тоҷик буда, гузаштаи пуршукўҳи он рамзи фидокорию ватандўстии ҳар як фарди соҳибхирад ба шумор меравад. Ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ ин «қавми муаззам» ва «қавми бузург», ки имрўзи шукуфон ва фардои дурахшон дорад, роҳи пурпечу мушкилро тай кардааст ва саодати бузурге насибашон гаштааст.

            Ин хатти пайвандро мо ба осонӣ метавонем дар намунаи  мафҳумҳои асили тоҷикии Наврўз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва амсоли инҳо мушоҳида намоем. Вожаҳои мазкур ба сифати дурдонаҳои забони тоҷикӣ ҳарчанд, дар рўзгори қадими миллат реша доранд, дар давраи нави соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлатдории миллӣ ба шарофати сиёсати  фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рангу ҷилои тоза пайдо карда, бори дигар боризтарину муҳимтарин унсури ҳастибахшу ҳувиятсоз будани забони шевову ширини тоҷикиро ба исбот расонидаанд.

            Махсусан, фаъолияти пурсамар ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар робита ба баланд бардоштан ва таҳким бахшидани мақоми забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, арҷгузории содиқонаву самимона ба таъриху фарҳанги миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, эҳёи расму оинҳои миллӣ ва ҷашнҳои суннатӣ дар кишвари мо ба пешрафти забону фарҳанги миллӣ, болоравии рўҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамаҷониба  мусоидат намуд ва дар тафаккури наврасону ҷавонон ҳисси баланди  ватандўстиро бедор кард.

             Барои намуна, танҳо озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки  бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат дар ду соли охир баргузор гардид, дар ҷомеаи фарҳангии мамлакат таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён овард ва пиру барно дигарбора ба китобу китобхонӣ ва азбар кардани садҳо шеъру достон аз адабиёти классикӣ ва муосири мо рағбат зоҳир карданд. Дар натиҷа, китобхонаҳо ва дуконҳои китобфурўшӣ ба ҷойҳои серодам ва пурҷўшу хурўш табдил ёфтанд. Аз байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа сару садо баланд карданд ва беҳтаринҳо дар озмун иштирок намуда, ба шоҳҷоиза, ҷоиза ва мукофотҳои дигар сарфароз гардонида шуданд.

            Дар  Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Пешвои миллат дар хусуи баргузор кардани  озмуни  дигар зери унвони «Илм- фурўғи маърифат» изҳори назар карданд ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи озмуни мазкур бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникиву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷуён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти  истеъдодҳои нав дар ин самт, ба имзо расид. Итминони комил дорем, ки баргузории ин озмун ҳам дар ҷомеаи илмию фарҳангии мо ба болоравии сатҳи маърифат, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мусоидат хоҳад кард.

            Бо таваҷҷўҳ ба нақши ҳувиятсози забони модарӣ дар китоби доктори илми филология, узви вобастаи Аккадемияи милии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон дар бобати забон ва ҳувияти миллӣ, саҳми Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти забони тоҷикӣ дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин андешаву мулоҳизаҳо дар заминаи пешинаи  таърихии забон ва баъзе хусусиятҳои забони баёни устод Рўдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддин Балхии Румӣ, устод Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, дастурнависӣ ва фарҳангнигорӣ ба забони модарӣ, аз рўзгорӣ қадим забони бумии Осиёи Марказӣ будани забони модарии мо ва дигар матолиби муҳимму арзишаманди ба ҳувияти миллӣ алоқаманд сухан меравад.

            Донишманди нуктасанҷ бо кўшиши зиёд сайри таърихӣ намуда, асолат ва бузургии забони тоҷикиро аз давраҳои қадим то замони мо баррасӣ карда, бо мисолҳои мушаххас аз осори паҳлавӣ, адабиёти бостон ва ашъори адибони гузаштаи тоҷик, ба мисли устод Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Ҷалолиддин Балхӣ намунаҳо оварда исбот менамоянд, ки забони тоҷикӣ натанҳо қонунмандии таркибии сохтори худро ҳифз кардааст, балки аз санҷиши таърих сарбаландона гузашта, ташаккулу таҳаввул ёфтааст ва таркиби луғавии худро боз ҳам ғанитару рангинтар гардондааст.

            Муҳақиқ дақиқкорона ба мисолҳои муътамад рушди забони тоҷикиро дар давраҳои мухталиф таҳқиқ карда, дар замони соҳиистиқлолӣ ба шарофати дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри дубора пайдо намудани забони шевову шоиронаи тоҷикиро таҳлил карда, бо мисолҳои равшан рушди онро исбот намудааст.

            Ҳасани Султон донишманди соҳибназар ва муҳаққиқи некусияр аст. Бо ҷиддият масъалаҳои забоншиносиро арзёбӣ карда, аз ҷараёни таърихии шаклгирии забони тоҷикӣ хуб огаҳ мебошад. Дар китобу маколаҳои ў мисолҳои зиёди муқоисавию таърихӣ дар бораи таҳаввули  калимаву ибораҳо ва таъбирҳои тоҷикӣ ба назар мерасанд. Вай барои тасдиқи андешаи худ аз сарчашмаҳои илмии адабии гузаштаву муосир иқтибос оварда, бо ин усул мушоҳидаҳояшро амиқтар мегардонад. Бо ин восита ў раванди ташаккули забони тоҷикиро дар ҳар як давраи таърихӣ нишон дода, тавассути фарзандони адабпарвару сухандон ҳифз ва рушд намудани онро ба таври илмӣ исбот намудааст.

            Бешак, Ҳасани Султон дар таълифи мақолаҳо ва пажўҳишҳои худ заҳмати зиёд кашида, маводи зиёдеро мутолиа намудааст ва дар  пояи воқеияти таърихӣ рушду пешрафти забони тоҷикиро таҳқиқ карда, бо назари холисона раванди таҳаввулоти ин забони шаҳдрезро бозгў намудааст.

            Умедворем, ки китоби мазкур писанди алоқамандону дўстдорони забони ноби тоҷикӣ қарор гирифта, хоҳишмандону ҳаводорони сухани ноб аз он маълумоти тозаву навро доир ба ин забони шоирона пайдо хоҳанд намуд.

                                                                                   академик

                                                                  Абдуҷаббор Раҳмонзода

 

ТОЗАНАШР

 Бахшида ба иди забон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дониш манди тоҷик Ҳасани Султон таҳти унвони «Забони тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ» ба табъ расид. Ин китобро ҳоло хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Шукрона Каримзода,

корманди Маркази «Конуни забони тоҷикӣ»

 ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.