Сарсухани профессор Атахон Сайфуллоев ба китоби Сайрам Исоева

Sayram-Isoeva-Atakhon-SayfulloevКитоби Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева “Фарҳанги истилоҳоти театр” соли 2002 дар шаҳри Хуҷанд чоп шудааст ва он чун китоби дарсии маҳорати актёрӣ ва дастури таълимӣ барои барои донишҷўёни мактаби олӣ ва факултаи ҳунарҳои зебои донишгоҳи Давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тавсия шудааст.

Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми аввали он масъалаҳои тахассуси ташаккули маҳорати актёрӣ, қобилияти нақшофаринӣ, махсусиятҳои фикрронии актёрӣ ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.           Қисмати дуввуми он бошад, аз фарҳанги истилоҳоти актёрӣ, машқҳои тачрибавии актёрӣ ва амсоли инҳо иборат аст.

Ба китоб доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор марҳум Атахон Сайфуллоев бо номи “Нобиғаи ҳунар” сарсухан навиштааст, ки онро пурра ин ҷо меорем.

НОБИҒАИ ҲУНАР

Фарҳанги истилоҳоти театрОдамоне ҳастанд, ки онҳоро ҳамагон мешиносанд, эҳтиром мекунанд, аз дидан ва мулоқотҳояшон шоду мамнун мегарданд. Ситораҳои санъати тоҷик аз ҳамин қабил мардумони шариф ба ҳисоб меоянд. Онҳо бо халқ аз тариқи саҳнаҳои театр, экранҳои кино ва телевизион сўҳбат мекунанд, дар тарбияи маънавии аҳли ҷомеъа саҳми арзанда мегирад. Ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон шодравонҳо Алиназар Хоҷаев, София Тўйбоева, Тўҳфа Фозилова, Зоҳир Дўстматов, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, инчунин Ҳошим Гадоев, Хайрӣ Назарова, Ибодулло Машрабов ба ҳастии ҷомеъа ворид шудаанд. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Аълочии фарҳанги Чумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева низ дар ҳамин радиф мебошад. Истеъдоди ў фитрист.

Ба назар чунин мерасад, ки ў маҳз барои олами рангини ҳунар ба дунё омадааст, зеро сар то пояш ҳунар аст. Ҳар сухан, ҳар ҳаракат ва ҳар варақи гули рухсори ў аз истеъдоди комил ва нотакрораш далолат мекунад. Ў зебу ороиши зиндагии мост. Зеро гавҳари вуҷудаш поку беолоиш аст. Шоир барҳақ гуфтааст:

Марвориде, к–аз асл пок аст,
Ороишбахши обу хок аст.

Сайрам Исоева бо ин ҳама истеъдоди дурахшон ва саҳми бузургаш дар рушду камоли санъати тоҷик бонуи меҳнатдўст ва хоксор аст. Истеъдоде, ки ўро фаро гирифтааст, маҳз ба туфайли заҳмати пайваста ва омўзиши бардавом ба такмил расидааст. Ҳаким Низомии Ганҷавӣ барҳақ фармуда буд:

Ҳунар омўз, к–аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Дар воқеъ, Сайрам Исоева бо ҳунари волои худ на танҳо дари дили ҳаводорони ҳунарашро бикшода кайҳост, ки дар он ҷо кошонаи пур аз меҳру муҳаббати худро ёфтааст, балки дару дарвозаи бисёр мамлакатҳоро низ сеҳру мўҷизаи ҳунари худ боз намуда, пайванди маънавии халқҳоро ва фарҳанги онҳоро истеҳком бахшидааст.

Чил сол аст, ки мо аз файзу баракати дарёи истеъдоди Сайрам Исоева баҳраҳо мебардорем. Ў ҳамчун санъаткори соҳибҳунар ҳам дар театр, ҳам дар факултаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон фуров хизмат мекунад ва дар ташаккули маънавиёт, ахлоқи ҳамида ва одоби шоистаи чанд насли ҷавонон ҳамчун педагог–омўзгор низ донишу таҷрибаи худро дареғ надошта меояд. Истеъдоди ин зани ба маънои томи сухан зебо гуногунпаҳлу аст. Мо ўро қабл аз ҳама ба сифати актрисаи театри давлатии мазҳака–мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии вилояти Суғд мешиносем. Вақте ки дар нақшҳои гуногун ҳунарнамоии ўро мебинем, ў дар назари мо ба сад ранг метобад, ҷилоҳои гуногун пайдо мекунад, характерҳои гуногун меофарад. Сайрам Исоева чеҳраҳои дилрабои Шифо (“Шаҳло ва Шифо”–и Аминҷон Шукуҳӣ ва Аскар Ҳилолиён), Сарвиноз (“Хазони таги по”–и Фотима  Ғуломова), Роҳат Адолат (дар намоишномаҳои Ф. Ансорӣ “Модар нигарон буд”, “Имтиҳон”, “Баъди имтиҳон”) ва дигарҳо дунёи ҷавонии худро бо рангубори мафтункунанда нишон дода, дили тамошобинонро тасхир карда буд.

Ҷарақаи ҷавҳари истеъдоди Сайрам Исоева дар иҷрои нақши Малика Томирис (“Фоҷиаи инсон”–и А. Атобоев) хело фурўзон гардид ва мо  дар симои ў як зани вафодору ватандўстро, ки аз қаҳрамониҳои ниёгонамон шаҳодат медиҳад, дида сари ифтихор боло мебардоштем.

Сайрам Исоева нақшҳои хеле муассире дар намоишномаҳои драммнависҳои мамлакатҳои гуногун ба иҷро расонидааст. Одамон Офати ўро, аз намоишномаи “Хушдоман”–и Шамхалов бо завқ тамошо мекарданд моҳияти ҳаққонии образро дарк намуда мегуфтанд.

–Худо аз офат нигоҳ дорад.

Дар иҷрои Сайрам Исоева нақши Зайнабхонум аз асари драмнависи озарбойҷонӣ, У Ҳоҷибеков. “Сари зулфи ту набошад, сари зулфи дигаре” тамошо карда як ҷаҳон лаззат бурдаанд ва ба мардуми Озарбойҷон меҳр бастаанд. Дар асари драмнависи қирғиз Мар Бойҷиев “Дуэл” нақши Нозиро чунон бо маҳорат офаридааст, ки мухлисонаш духтарчаҳои навзоди худро Нозӣ ном додаанд.

Дар асарҳои саҳнавӣ офаридани нақшҳои ғайримиллӣ кори осон нест. Лекин Сайрам Исоева дар натиҷаи мушоҳидаҳои манзараҳои ҳаёт ва характерҳои гуногун, омўзиш ва дарки дунёи ботинии қаҳрамонони худ дар асарҳои нависандагони рус, фаронсавӣ ва дигарон характерҳои ғайримиллиро моҳирона эҷод карда тавонистааст. Нақшҳои Лаура, Земфира, Донна Анна ва Зарема дар асарҳои А. С. Пушкин “Фоҷиаҳои хурд”, “Лўлиҳо”, ва “Фаввораи ишқ, фаввораи ашк…” чунон табиӣ баромадаанд, ки кас он образҳои бегонаро ба дили худ наздик мешуморад. Ҳамин гуна маҳорати Сайрам Исоева дар нақшҳои Никол ва Розина (асарҳои Мольер “Ашрофпараст” ва Бомарше “Зангирии Фигаро”), Аза Мирондолина ва Сита дар намоишномаҳои Старитский “Лўлидухтар Аза”, К. Галдони “ Соҳиби меҳмонхона” ва Гусева “Рамаяна” пурра ба зуҳур омадааст.

Мо наметавонем, ки ҳамаи нақшҳои офаридаи Сайрам Исоеваро дар намоишномаҳо номбар ва таҳлил бикунем. Ин вазифаи санъатшиносон аст. Мо боз мехоҳем, ки ҳусни таваҷҷўҳи хонандаро ба хизматҳои шоистаи Сайрам Исоева дар санъати кино ҷалб кунем. Ў аз соли 1963–сар карда то ба имрўз дар филмҳои бадеии истеҳсоли Ўзбекфилм, Тоҷикфилм, Мосфилм ва дигарҳо образҳои хеле барҷаста ва хотирмонро офаридааст, бо режисёрони номдори мамлакат Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров, Латиф Файзиев ва дигарҳо ҳамкорӣ кардааст. Бисёр ҷолиб аст, ки як қатор режиссёрҳои кино бо мақсади ба хизмат ҷалб кардани Сайрам Исоева номи қаҳрамонони асарҳои худро Сайрам гузоштаанд дар ин бора филмҳои “Ба хонаи мо марҳамат” “Паланги барфӣ” “Авлиё аз Галатеппа” шаҳодат медиҳанд. Сайрам Исоева образи занони ватанхоҳ, соҳибирода, матин, қаҳрамон, боақлу хирад ва ошиқро бо камоли маҳорат эҷод кардааст. Кӣ образи Гурдофаридро аз кинофилми “Рустам ва Сўҳроб” ёд надорад. Дар ин ҷо Сайрам Исоева нақши духтари ҷасур, фидокор, ватандўст ва халқпарварро бо камоли маҳорат эҷод кардааст. Ў на танҳо дар шамшерзанӣ, балки бо чолокӣ ва айёрии худ ҳам Сўҳробро қоил мекунад. Ман ҳар боре Сайрам Исоеваро дар ин филм бубинам суханони нависанда ва донишманди бузурги рус Н. Г. Чернишевский ба хотирам меояд, ки ў дар асари худ “Қисса андар қисса” Гурдофаридро ҳам дар ҷасорату матонат, ҳам дар ҳусну ҷамол аз қаҳрамонони Шекспир Дездимона ва Ҷульетта бартар шуморидааст. Мо тавсифоти Чернишевскийро бидуни тарҷума, аз нусхаи асл нақл мекунем:

“Гурдафарид цветет здоровьем, только Зораб во всем Туранском войске может выдержать поединок с нею, когда она надевает шлем: если рука её слабее руки Хеджира, ее сердце тверже, ее взор смелее, движения быстрее, ее удары вернее, и она– первая защитница Ирана. Но у самого Шекспира нет лица более прелестного. Дездемона и сама Джульетта далеко уступают ей дивною нежную прелестью.”

Ҳамин зебоӣ, чобукӣ ва нафосату назокате, ки Гурдофарид дорад, ба Сайрам Исоева низ хос мебошанд.

Sayram-IsoevaОнҳо рўҳан бо ҳамдигар хешу таборанд. Ҳар касе, ки Сайрамро дар филми “Рустам ва Сўҳроб” дидааст, Гурдофариди Фирдавсиро маҳз ҳамин гуна мешиносад Сайрам Исоева дар таҷассум кардани нақшҳои шахсиятҳои таърихӣ ва ҳамосавӣ, ҳамчун Робия, малика Томирис, Гурдофарид, Оққиз, “Равшан ва Зулхумор”, Нодирбегим ва дигарҳо моҳир шудааст. Ў дар бозиҳои худ таърихро бо замони ҳозира мепайвандад. Мазмуну мундариҷаи асар, ғояҳои муаллиф ва режиссёр.

Моҳияти образҳое, ки Сайрам Исоева эҷод мекунад ҳамоҳанги даврони мо мебошанд. Аз ин лиҳоз нақши Нодирбегим шоираи соҳибистеъдод ва маликаи Амир Умархон (Хони Хўқанд) ҷолиби таваҷҷўҳ аст. Дар иҷрои Сайрам Исоева Нодирбегим дар филми “Танҳо дар байни одамон “ ҳамчун шоираи озодандеш, маликаи ҳусну хулқу адаб ва завҷаи адолатхоҳи хони Хўқанд бо тамоми нафосат ва мураққаботаш таҷассум ёфтааст.

Сайрам Исоева образҳои дурахшони ҳамзамонони моро низ бо камоли маҳорат фаро мегирад. Гулнора, дар филми “ Духтари сеюм” ва Малика дар филми “Агар дўст дорӣ” намунаи барҷастаи занон ва духтарони фаъол ва пуркори замони мо ба шумор меоянд. Агар Гулнора бо саъйу кўшишҳои худ ба пояҳои баланди меъморӣ расида бошад, Малика на танҳо духтури ҳозиқ, балки модари мушфиқ ҳам ҳаст. Шодию хурсандӣ ва ранҷу азобҳои рўҳие, ки дар истиқболи фарзанди худ аз сафҳои армияи Шўравӣ ва нияти хонадор кардани ў аз сар мегузаронад, хеле аниқ, табиӣ ва реалистона баромадаанд.

Кас силсилаи нақшҳои афсонавӣ, таърихӣ, қаҳрамонӣ, воқеъӣ, мазҳакавӣ, фоҷиавӣ ва психологии Сайрам Исоеваро, ки ҳар яке зеботару шевотар аз ҳамдигаранд, тамошо карда, дарки ғарқи олами зебое мешавад ва беихтиёр ҳамроҳи шоир мегўяд:

Суратгири наққоши Чин,
Рав сурати ёрам бубин.

Ё сурате каш инчунин,
Ё тарк кун суратгирӣ.

Сайрам Исоева ҳамчун актрисаи театр ва кино аз мактаби эҷодии бузургтарин режиссёрҳо сабақ омўхтааст ва худ дар ҷараёни фаъолияти ҳунариаш як идда асарҳоро ба саҳна гузоштааст. “Исёни арўсон” ва “Баъди исёни арўсон”–и Саид Аҳмад, “Арўси шаҳрӣ”–и Насриддин Исломов, “Имтиҳон” ва “Баъди имтиҳон”-и Ф. Ансорӣ, “Маугли”–и Киплинг, намоишномаи “Ҳодиса” аз ҷумлаи меваҳои ширини дарахти режиссёрии ўст. Шубҳае нест, ки зиндагии якҷоя ва ҳамкорӣ бо Ислом Саломов ба ин фаъолияти ў таъсири мусбат бахшидааст.

Боз як паҳлўи тозаи фаъолияти Сайрам Исоева хизмати ў ҳамчун омўзгор аст. Вай ки ба тарбияи санъаткорони ҷавон аҳамияти калон медиҳад, барои шогирдони худ китоби “Фарҳанги истилоҳоти театр”–ро аз дасти таълиф баровардааст. Агар саҳв накунам, ин яке аз аввалин китобҳо аз таҷрибаи эҷодии худи актриса ва натиҷаи заҳматҳои омўзгории ўст.

Мазмунан асари номбурда воситаи таълим мебошад. Вай аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввали китоб масъалаҳои тахассуси ташаккули маҳорати актёрӣ, қобилияти нақшофаринӣ, махсусиятҳои фикрронии актёрӣ ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.

Қисмати дуввуми он аз фарҳанги истилоҳоти актёрӣ, машқҳои тачрибавии актёрӣ ва амсоли инҳо иборат аст.  Муаллиф ҳар як масъаларо дар асоси донишу таҷрибаи худ бо шавқу рағбати тамом баррасӣ менамояд.

Ҳатто шарҳу баёни “Фарҳанги истилоҳоти актёрӣ” талаботи илмии фарҳангсозиро пурра риоя накунад ҳам, тарзи баёнаш шавқовар аст.

Ин китоб барои донишҷўёни мактаби олӣ ва факултаи ҳунарҳои зебои донишгоҳи Давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун китоби дарсӣ барои актёршавандаҳо хизмат карда метавонад.

Зиҳи санъаткоре, ки илмашро ба амал ёр карда ҳам ҳунар менамояд, ҳам китоб таълиф мекунад.

Атахон Сайфуллоев, доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор.

Китоби “Фарҳанги истилоҳоти театр”- ро Шумо, хонандагони азиз, метавонед дар толори хониши шуъбаи Адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар бихонед.

Таҳияи
Адибаи ФАХРИДДИН,
мутахассиси шуъба.