Сарсухани профессор Худоӣ Шарифзода ба “Девон”-и устод Ашӯр Сафар

Ашӯр Сафар16 сол моро аз реҳлати ҷонгудози яке аз ширингуфтортарин шоирони муосир, Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ҷудо мекунад. Шонздаҳ сол аст, ки ӯ девони ашъор гузоштаву худ тарки олам кардааст. Соли 2018 бо талоши ҷигарбандаш, Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар “Девон”-и ашъораш мунташир шуд. Устоди шодравон Худоӣ Шарифзода сарсухани самимие навишта, ки онро ин ҷо меорем. Ва зимнан аз Шумо, азизони хонанда, хоҳиш мекунем девони бузургвор Ашӯр Сафарро дар телеграмканали
“ДЕВОН”-И АШӮР САФАР
мо мутолиа кунед.

СУХАН АЗ МЕҲРУ ВАФО

Ҳар кӣ бо Ашӯр Сафар нишаста бошад, ӯро шахси хушсӯҳбат, соҳиби завқу фаросати хос меёфт, ки аз ширинсуханиҳо, нақли латоифи мардумӣ, саргузаштҳои шунидании бо хаёлоти шоирона парваридаву ҳуснёфтааш ҳаргиз дилгиру хаста намегардид. Дар сухани ӯ як воқеияти муқаррарӣ ва як лаҳзаи зиндагӣ ҷомаи завқӣ мепӯшид ва бо ҳусну назокати гуфтори зебои рӯҳпарвар ва бо нақшҳои ҳаҷвию мазҳакавӣ, муболиғаҳову кинояҳо мулавван гардида, ба шумо кайфияти тоза мебахшид. Аз ин ҷиҳат, яъне табъи шӯху ҳусни сухан, шахсияти Ашӯр Сафар сареҳан ба Саидалӣ Вализода монанд аст. Идомаи авсофи маданиву маънавии як шоир дар шахсияти шоиру суханвари дигар кори нек аст. Анъанаҳои инсонии мардумро ҳамин гуна касон нигоҳ медоранд ва шахсияти онҳо назди дӯстону наздикон, ақрабову ҳамдиёрон аз ҳамин ҷо азизу муҳтарам аст. Суҳбату маҷлиси дӯстонае дар Кӯлоб баргузор намешавад, ки лаҳза ё латифаи тозаи зодаи табъи Саидалӣ Вализодаро нашунавед. Дар суҳбати Ашӯр Сафар ҳам шумо аз лутфи сухану завқи ҳиҷо ва андешаи хаёлпарвари ӯ баҳра мебардоштед, хоҳ ин суҳбат соате идома меёфт, хоҳ аз субҳ то шом. Зимнан, аз шоирони мо устод Боқӣ Раҳимзода низ ин сифатҳоро дошт. Аз куҷост сарчашмаи илҳому кони завқу фаросати Ашӯр Сафар ва салафҳои ӯ ва он бунёдҳое, ки ин гулшани завқу зарофатро шодоб месозад? Аз зиндагӣ, аз ҳаётӣ будани маншаю маъвои ин завқу фаросат шубҳае надорад. Ходимони давлатӣ, калонҳои мартабаҳои гуногун, чун раисони колхозу савдо ва ғайра, пирон, занон, кӯдакон, майхорагону бачаҳои қайсар, ошиқону домодҳо ва ҳоказоҳо, хулоса, мардуми ҳама табақаҳо ва навъи ахлоқу одобу тарбия ва адабу фазлу фарҳанг дар муносибат ба шоир маънавияти худро изҳор мекунанд ва ӯ бо ҳамаи онҳо дар табъу завқу фаросат баробар меояд, қудрату фитрати худро нишон медиҳад, агар шикаст бихӯрад, озурда намешавад, зеро тантеву ҳақгӯ ва ҳақиқатбардор аст. Зиҳӣ ақлу зиҳӣ фаросату зиҳӣ кирдор, ки «зи мардум зодаву бо мардумӣ аст». На ба монанди касоне, ки сухани худро, ба қавли гузаштагон, бар курсӣ нанишонда, худ бар курсии маснаду вазифа нишастаанд ва вазъу хитоби иҷтимоиро шеъру ҳукми сиёсиро камоли хираду ҳусни мардумпарварӣ донистаанд. Шоири халқ будан аз нозу ниёзи мардум сафое дар дилу ҷон парваридан аст, ки сухани ӯ «боз дар дилҳо нишинад, ҳар куҷо гӯше шунуфт», на он ки аз қаҳри соҳибдавлати ҷаҳолатпешае баҳри миннате эҳдо мешавад:

Танамро дардҳо абгор карданд,
Ғамамро беғамон бисёр карданд.

Ду поямро набошад тоби рафтор,
Ҷудоям аз раҳу рафтор карданд.

На султон бошаму не банди султон,
Маро аз ҳардуяш бекор карданд.

Ба гӯшам мерасад аз ғайб овоз:
Адабро «боадабҳо» хор карданд.

Фиребандозҳо андар фиребанд,
Ба худ иблисро сардор карданд.

Надонад кас чӣ ояд пеш охир,
Амал кам карда, гап хирвор карданд.

Ба кунҷи хона побандам зи нолиш,
Ки гӯӣ гирди ман девор карданд.

Дар мавриде Ашӯр Сафар ба ин фақир гуфта буд, ки касони ба мутолиаи шеъри классикӣ одаткарда ва зеҳну завқи худро ба он одаткунонда шеъри моро кам мепазиранд. Ин сухан аслу ҳақиқате дорад ва бе ҳикмат нест. Дар сухани Ашӯр Сафар ҳикмат ин буд, ки шеъри мо замони воқеист. Дар шеъри классикӣ маъмулан аслу ҳаққу ҳақиқат бастаи замону маконе нест, бастаи вақту замон, неку бад, хушиву андӯҳ, ҳусну костагӣ ва амсоли он авсофест, ки ногузир рух менамоянд ва ба асл рангомезӣ медоранд, то ки инсон бидонад манзилу вуҷуди ӯ аз куҷову то ба куҷост. Дар замоне, ки гуфтаанд, аслу ҳақиқат он аст, ки ту мебинӣ ва мақсади бинишу маърифати ту ҳамин ҷост, ҳар чӣ гуфтанҳо шурӯъ шуд ва билониҳоя, ба қавли Ҳофиз, «чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд». Ба сари шеъре омадем, ки аслаш васфи русуми зиндагонӣ, рӯйдоди воқеиву авзои ҳолатҳост. Дар ҳама асру замон шеъри барҷастаро шоирони бузург гуфтаанд. Дар шеъри вуқӯъгӯии замони мо ҳам касони мумтоз диданиву шуниданиҳоро ба маснади шеъру шоирии ҳақиқӣ бардоштаанд. Лекин бо ҳазор афсӯс инро ҳам гуфтан лозим аст, ки носамимият ва беҳунариро дар паси пардаи васфу вуқӯъ ва ҳолат пинҳон кардан ва ба чашми ҷаҳонбини хонанда хок пошидан низ расм шуда ва бисёр касонро ба номи бузурги шоир шуҳрат додааст. Ин корро бештар касоне кардаанд, ки дар сояи савлати давлат паноҳ бурда, дар амал худро аз асли худ ва марому мақсади мардум дур кашидаанд. Имтиёзи Ашӯр Сафар аз ҳамин гуна касон дар ин аст, ки ӯ аз зиндагиву андешаи ҳақиқии мардум дур нест. Суханони шоирро андаке тағйир дода гуфтан мумкин аст, ки мо ҳама ва хар як фарзанди айёми худем. Айёми мо бошад, он замон, ки панҷу шаш сол қабл сипарӣ шуд, касро гӯё фурӯ нишонд ва ба дараҷаи ҳайратангезе паст кард. Мехоҳем мо инро ё намехоҳем, бояд иқрор бишавем, ки ҳамин фурӯҳиштани шахси худ асоси зиндагӣ ва сифати шеър ҳам дар вақтҳои охир шудааст. Аз аввалин шеърҳои маҷмӯаи «Гулбоғ»-и Ашӯр Сафар ҳамин оҳанги баҳри зиндагӣ бори миннат кашидану фарсудани инсонро мебинем. Шоир омодаи ҳар чӣ ҳаст, то Кӯлоб обод бошад, модар қариб худро қурбон мекунад, ки писараш зери борон намонад («Манзара»), бачадорӣ, заҳмату ғами он, фурӯ мондан дар зери бори зиндагӣ алъон давлату лаззат аст («Бачадорӣ»). Ин худсӯзиву заҳматбардорӣ, дар қаъри зиндагии заҳматқарин дидани касоне, ки аз воситаи ранҷи худ кам фарқ дорад, дар шеъри «Деҳқон ва каланд» чунин омадааст:

Эй каланди рӯзу шаб дар обу гил,
Дар мақоми зиндагӣ ҳамқисматам,
Бохабар ҳастӣ ту аз неку бадам,
Ёфтам ман аз ту ҳар як бешу кам,
Эй каланди рӯзу шаб дар обу гил.
Ҳар ду гӯё ки дугонӣ зодаем,
Дар таҳи як гӯшаи чархи барин.
Ман тапидам дар туву ту дар замин,
Баҳри чӣ будем мову ту қарин?
Ҳар ду гӯё ки дугонӣ зодаем.

Шоирро барои ин суханон ситоиш кардан лозим аст ё маломат? На ину на он. Шоир дониставу ҳушёрона ё бидуни он аз рӯи эҳсос вазъи рӯҳияи худ ва замони худро гуфтааст. Чунон вазъе, ки заҳмати каланду каландзан фарқе надорад. Ин ҳам ранҷи тан мекашаду он ҳам ва ба ҷуз эҳсоси феъливу костагии ҷисм фарқе миёни ину он нест ва саранҷоми чунин зиндагӣ ба ҷуз нестӣ чизе нест.

Фарқ байни қисмати мо ҳаст кам,
Мехӯрад зангор аз берун туро.
Аз дарун авзои ман чун кирмҳо,
Дарди ҷони мост охир бедаво,
Фарқ байни қисмати мо ҳаст кам.

Барои ҷомеае, ки инсонро ҷузви иҷбории феълии худ медонист ва барои ӯ мақсаде аз тобеияту заҳмат болотар намебинад, инҳо ҳама суханони ҳақанд. Шоир, иродаи феълии эҷодии ӯ асли ҳақиқати зиндагии замони худро ёфтааст ва дар ин ҷо пайвастагии шахсияш бо муҳити худ ва зиндагии ҳамарӯзаи мардум бори дигар мушоҳида мешавад. Дар тасвирҳои муқаррарӣ ва гоҳо аз ҳад зиёд сурати шиносу табиӣ дошта як бор сар фурӯ бурдан лозим аст, ки шоир аз тасодуфи зиндагӣ ё рӯйдодҳои воқеии доимӣ сухан мегӯяд ва ё аз авзои маънавии замон хабар медиҳад. Аз мисоли боло ба осонӣ маълум мешавад, ки ҳаводиси дар шеъри шоир сайқали андешаву хаёл ёфта авзои рӯҳии замони шоирро дуруст инъикос кардаанд. Шеър арсаи завқу рӯҳоният аст ва аз мағзи донаи он лаҳзаҳои амалии зиндагӣ ҷустан хатост. Шоир ба воситаи лаҳзаҳои дидании зиндагӣ худро мешиносад ва хабар аз ҳолату маънавияти худ медиҳад.Ҷаҳони маънавии Ашӯр Сафар омехтаи муаммоҳои илмии асри мо нест, ӯ аз решаҳои зиндагии халқ шоху барг баровардаву нашъунамо ёфтааст. Ин маънавияти мардумизода бо одобу русуми мавҷуда ва ёддошту таҷрибаҳо такмил меёбад. Масалан, дар шеъре одобу эҳтироми нонро шоир намунаи бузурги одоби ҳамида медонад ва онро ба таҷрибаи мушкилоти зиндагии худ мепайвандад. Ҳамин пайвастагии ахлоқу худшиносии инсон бо таҷрибаи зиндагӣ оҳанги асосии қисми зиёди шеърҳои Ашӯр Сафар шудааст. Аз ашъораш бармеояд, ки қалби ба монанди ҳамаи шоиру шоирмашрабон ҳассосу соҳибзавқи Ашӯр Сафар моил ба инсону меҳри мардумӣ будааст. Дар шеъри «Касеро дӯст медорад дили ман» майли костагӣ аз зиндагӣ бо ҳасрати дӯстдории ношинохта бо ҳам мепайвандад ва аз гирифтагии қалби ормонӣ нидои ҳасратомезе мекунад:

Зимистон асту олам барфпӯш аст,
Зи сармо балки дарё ҳам хамӯш аст.

Вале дар синаи ман дил ба ҷӯш аст,
Танам дар сӯзу завқам дар хурӯш аст.

Бароям танг бошад манзили ман,
Касеро дӯст медорад дили ман.

Дар адабиёти классикӣ ва имрӯза ҳам рози ҳақиқии шоирро аз он шеърҳое фаҳмидан мумкин аст, ки дар шакли фахрия аз сухани манзуми худ гуфта шудаанд. Маҷмӯаи шеърҳои Ашӯр Сафар низ аз ин гуна шеърҳо бенасиб нест. Аз ҷумла, шеъри «Касе дил дораду ғам, донад аҳволи мани шоир» дар баҳси мақоми шоирӣ ҳаст. Дар ин шеър шоирӣ дар хидмати халқ будан хонда  мешавад, ки ин, албатта, яке аз шиорҳои маълуми замони шӯравӣ буда, барои соҳибони мансаб ҳамчун як навъ худнамоии риёӣ сифат гирифта буд. Хидмати мардумро кардани шоир маънои дигар дорад: вай ситоянда ва ифшогари розҳо, некӣ ва ҳусни ҳақоиқу зебоиҳои зиндагист. Аз сӯи дигар, шоир бори маънавияти мардумро низ бар дӯш дорад ва бадиҳоро накӯҳиш менамояд. Ашӯр Сафар худро парастандаи «сухансанҷу суханҷӯ» мебинад ва маънии дигари чунин парастиш ҳамчун ҳунари суханварӣ шинохтани шоирӣ мебошад.

Зи бадхоҳӣ гузар кардам, суханро тоҷи сар кардам,

Сухансанҷу суханҷӯро парастам чун дури нодир.

Зи гармои баҳорон гул дамад паҳлуи барфоба,

Шавад аз сеҳри лафзи хуб кас барнодилу қодир.

Нагӯям рӯзи худро ман шабу шабҳои худро рӯз,

Чӣ мехоҳад дили гармам, ба гуфтор орамаш зоҳир.

Гапи бисёр медонам, вале онро намегӯям,

«Сухан бисёр дону андаке гӯ» гуфтаанд охир.  

 Маънӣ ва вазифаи иҷтимоӣ доштани шеъри худро Ашӯр Сафар дар шеъри «Ситеза» бо оҳангу танзу норизоӣ баён кардааст. Дар ин мусаддас шоир шеърро мухотаб қарор дода, ба воситаи ин аз худ ва шеъри худ изҳори норизоӣ ва қонеъ набудан менамояд. Шеърро шоир камтар аз як ҳандалаки лошии камарзиш, аз як пари кашниз, хори сари девор камтар медонад, гарчи файзи ин симу заровар мебошад. Ба ин маънӣ, ки дар қиёси шеър чизе нест, вале файзаш аз симу зар болотар мақом дорад. Шеър бо ҳама костагӣ хабарнигори рӯҳ, баробаркунандаи ғайру худӣ, шавқангез, маншаи дарди сару ҳайрат мебошад. Бо ин ҳама мақом шеъру сухан натавонистанд, ки пеши раҳи бадиву моҷароҳои зиндагиро бубанданд. Шоир шеърашро ва ба ин васила худашро маломат мекунад, ки аз дилмондагӣ ё сабаби дигар раҳи ин сели балоро гирифтан натавонистанд:

Баргӯй, ки эъҷози ту якбора куҷо рафт,

Монанди гурезандаи овора куҷо рафт,

Бекор шуд аз хизмату бекора куҷо рафт,

Дил гашт зи нобудии ӯ пора, куҷо рафт,

 Имдодталаб омаду бечора куҷо рафт?

Сатри туву байти ту ба дафтар ҳадар ояд…

Пеш омада як душмании бесару сомон, Аз гӯшт ҷудо кард қазо нохуни инсон, Бар пиру ҷавон чанг аҷал бурд фаровон, Не пахта ба кор омаду не лаъли Бадахшон, Пирӯзии садсола ба як дам шуда вайрон, Аз ҷанг чӣ ояд? Талаф ояд, зарар ояд.

Имрӯз чӣ сон оқибати кор бубинем?

Аз шарм натонем, ки дар ҷой нишинем,

Аз хуни шаҳидон ба алам лола бичинем,

Мо зинда фақат дар лаби домони заминем,

Дигар зи ҳама ориву пурдарду ғаминем,

Бинӣ, зи дами сӯхта бӯи ҷигар ояд.  

Ту пеши раҳи як-ду камондор набастӣ,

Зӯрат нарасиду хапу ором нишастӣ,

Ё майл намудӣ ба раҳи ҷангпарастӣ,

Худ риштаи уммед зи хонанда гусастӣ,

Шаҳҷоми пур аз бодаи моро бишикастӣ,

Аз пешаи нобоби ту ҷон бар ҳазар ояд

Ин шеър понздаҳ банд аст ва ҳамаи онро мо ин ҷо оварда наметавонем. Аз ҳамин абёти боло равшан аст, ки шоир аз воқеаҳои солҳои охир сахт дар изтироб будааст ва рӯҳан азият мекашид ва худро маломат мекард. Ин азобу азият аз он ҷост, ки қудрати ин селоби балоро боздоштанро дар худ ва сухани шоирона намебинад. Азияти рӯҳӣ далели виҷдон ва шарафи инсонии шоир аст, ки ӯро аз нокомиҳои зиндагӣ дар канор нигаҳ медорад. Шеъри Ашӯр Сафар аз ҳодисоти ҳамарӯзаи зиндагӣ манша мегирад, вале вай дар замони шӯравӣ бар хилофи баъзеҳо, ё дурусттар ба монанди дигарон, ситоишгари мафкура ва манзумкунандаи шеърҳои замонӣ набудааст. Аз ҷониби дигар, Ашӯр Сафар пойбанди сахти ақоиди иҷтимоӣ, мафкураи ҳизбӣ ва умуман маҳдудияти ақоиду мазҳабе нест. Аз шеъри ӯ бӯи насими зиндагӣ ба машом мерасад. Ӯ сухан аз ҳар неку баде, ки дар рӯ ба рӯ, дар паҳлу, дар гузашта ва имрӯза буд, мегуфт. Суханаш аз қаҳру ғазаб нест, ниҳоди одамдӯсту некназар дорад ва дар зиндагӣ ҳама некиву хубиҳоро медид. Ба мушкилиҳо, пасттинатиҳои мардум, кӯтаҳназарон, фориғболон, сиёҳкориҳо ва ғайраҳо ба дидаи киноя ва ришханд менигарад ва дар ҳақи онҳо сухани ботамасхур ва ҳаҷвӣ мегуфт. Бинобар ин майлаш ба ҳаҷву ҳазл аз табиати беозор ва некбинаш рӯида, як навъ домони ҷаҳолат нест, ки бар рӯи бадиҳо паҳн мешуда бошад. Ин гуна сифатҳои одамии Ашӯр Сафар на фақат аз табиати авлодӣ ва худододии ӯ рӯидаанд, балки натиҷаи фазлу дониш ва, бахусус, донишу баҳрабардорияш аз адабиёт мебошад, яъне танҳо имконоти ками зиндагӣ ӯро мардумпараст ва некӯхисол накардаанд. Аз баракати таҷриба ва фазилати фарҳангӣ ӯ кирдор ва назари некро дар асарҳояш тарғиб менамояд ва чунон ки худаш мегӯяд, аз касе норизоӣ надорад. Табиист, ки подоши некӣ накӯист:

Нек гуфтам дигарон аз рӯи меҳр,

Лаб ба мадҳи хештан накшудаам.

 Шод кардам гар яке дар суҳбате,

Аз фараҳ сар то ба кайҳон судаам.

Ҳар хатое кардаам, айби ман аст,

Дар хатои худ касе н-олудаам.

Пойбанди маҳдудияти назарӣ набудан ба шоир имкон додааст, ки дар ифодаи андеша, даст задан ба мавзӯъ, рӯй овардан ба диданиву шуниданиҳо, ёду андешаҳои дилхоҳ, муносибат ба ёру дӯстон, ашхоси маълуми фарҳангӣ рафтори озоду боз дошта бошад. Албатта, намешавад, ки як шахси ҷиддии фарҳангӣ мавқеи маълум ва устувори диди ҷаҳони маърифати мардуми онро надошта бошад ва мавқеи писандидаи мадании куллӣ ҳам дар шеъри Ашӯр Сафар ҳаст. Ба назари мо, қонуни фарҳангии эҷодиёти Ашӯр Сафар дар навбати аввал ва аслан дар одобу ахлоқ, фаросату завқи мардум реша дорад. Ҳар як шеъри ӯ бозгӯи ягон ҷиҳати ҳамида, нек ва зебои инсон аст, ки мардум онро бар асари дарози таҷрибаи рӯзгори таърихӣ санҷидаанд ва шоири мо мавриди ҷолибе аз тазоҳуроти онро  бо фаросат ва завқи шоирона дарёфтааст. Шинохти ҳақиқатҳои хуши ҷиддӣ ва гоҳо ҷолиби хандаовар, ки ба қонуни ахлоқӣ ва мардумиву суннатии тоҷик мувофиқ аст, асоси шеъри Ашӯр Сафар гардидаанд. Дар шинохти ин ҳақоиқ ӯ гӯянда, такмилдиҳанда буда, онҳоро ба мавқеи назари худ меорад ва сайқал медиҳад ва ба мақоми нотакрори худӣ мерасонад. Дар сухани ӯ розҳои худӣ ҳам ҳаст, вале пайвастагӣ ба зиндагии ҳамарӯза ӯро ба дарёи хоҳишу ормонҳои романтикӣ зиёд назадаанд. Қолаби шеъри Ашӯр Сафар суннатӣ ва анъанавии тоҷикист. Қисми зиёди шеърҳояш шакли ғазалро доранд, дар шакли маснавӣ, қитъа, мусамматҳои шаклан ноустувор низ шеър гуфтааст. Аммо луғат, ибора ва таркиботаш хеле кам суннатии классикианд. Онҳо аксаран бофта ва ёфтаи андешаи худаш ҳастанд, ки аз сарчашмаи пурфайзи маънавӣ ва андешаву гуфтори мардум об мехӯранд. Барои далели ин иддао як ғазали шоирро иқтибос менамоем:

 Бо мурураш неку бад афсона мегардидааст,

Рози пинҳон ҳам бурун аз хона мегардидааст.

Аз чӣ мегӯянд «анори дона-дона» дар суруд,

Баски хирман сербор аз дона мегардидааст.

Дӯст дорад ошиқу маъшуқа рӯ тобад агар,

Ошиқ аз бечорагӣ девона мегардидааст.

Зӯриву зориву зар ин ҷо намеояд ба кор,

Мардуме банди гапи ҷонона мегардидааст.

Ишқ агар аз дилбарон сар мезадӣ, хуш давлате,

Бенаво дилдодаи шайдо намегардидааст.

Зиндагӣ то ҳол моро мактаби н-омӯхта-ст,

Зиндагиомӯз кас фарзона мегардидааст.

Нозукиҳояш бувад бориктар аз мӯи сар,

Дар шикаст аз мӯи сар ҳам шона мегардидааст.

Нест ҷои шиква аз он дӯст, ки таркат кунад,

Рафта-рафта бачча ҳам бегона мегардидааст.

Ба ин тариқ, Ашӯр Сафар дар шеъру сухан, ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳунар бадеияти худро дорад, ки ба каси дигар монанд нест. Зиёда аз чиҳилу панҷ сол ӯ ба мардум аз некӯиву хушӣ, ҳиммату одамгарӣ, меҳру вафо, покиву садоқат сухан гуфтааст. Подоши ин ҳама маҳбубиятест, ки мардум ба сухани ӯ ва шахсияти мардумии нотакрораш доштанду доранд. Сад афсӯс, ки вақте ин мақолаи кӯтоҳ ба поён расида буд ва рӯи чопро надида шоири ширинсухан, шахси фозилу меҳрубон, инсони хушсухану суҳбаторо, дӯстдори халқу кишвари худ Ашӯр Сафар дида аз олам пӯшида буд. Баъд аз вафот китоби гулчини ашъораш дар Теҳрон чоп шуд, ки муқаддимаи зиндагии бардавоми номи нек, сухан ва шеъри ӯст. Анҷоми рӯзгори шоир оғози сайри таърихии эҷодиёти ӯст. Ба Ашӯр Сафар Худованд табъу қудрати ба воситаи ҳунари шоирӣ абадӣ гардонидани номи худро насиб гардонидааст ва халқе, ки шоир барои ӯ месуруд, шаъну эътиборашро абадан нигаҳ хоҳад дошт.

Ҷумла ёрон чун хаёл аз пеши мо бархостанд,
Мо хаёли ёри худро пеши худ биншондаем.
Худоӣ ШАРИФОВ 15 январи соли 1997