Сарсухани профессор Сайфуллои Муллоҷон ба китоби «Тахористон. Сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар асрхои Ѵ-Х»

ТахористонТахористон кишвари паҳновару хиттаи хушобу ҳавои
Эрони бузург ба шумор рафта, дар сарнавишти таърихӣ,
этникӣ ва фарҳангии Шарқ нақши муҳим ичро кардааст.
Мардумони ин вилояти таърихиро осори таърихиву адабӣ
ҳунарманду боистеъдод гуфта, соҳибони кутуби ҷуғрофӣ аз
ҷозибаҳои таърихиву собиқаи дерини он ҳикоят кардаанд.

Тахористон аз рӯзгорони куҳан бар асари ҷангу хунрезӣ ва
балоҳои дигари табиӣ осеби фаровон дида, аммо ҳамвора бо
ҳиммати мардони фидокору халлоқ ва пурталоши он бар
неруҳои аҳриманӣ пирӯз гашта, чеҳраҳои дурахшоне дар
ҳамаи арсаҳои илм, фарҳанг, ҳунар, адабиёт, иқтисод ва сиёсат
дар осмони илму фазли ин диёр мунаввар гардидаанд.
Муҳимтар аз ҳама, сарзамини Тахористон дар марҳилаи
ибтидои асрҳои миёна нақши муассир дар раванди этногенез
ва сарнавишти таърихии тоҷикон бозидааст. Аз ин ҷост, ки
ҳар пажӯҳише дар заминаи таъриху мардумшиносӣ ва
ҷуғрофиву забоншиносии ин хиттаи паҳновару мондагор
талоши бедареғ ва барги сабзе дар гулдони илму фарҳанги
тоҷик ба шумор меояд.

Муаррихи тоҷик Сабзаалӣ Асозода инак чаҳоряк қарн аст,
ки камари ҳиммат баста, сарзамину мардуми Тахористони
таърихиро таҳқиқ мекунад ва ҳаққо, ки гавҳарҳое дар ин
замина ба даст овардааст, ки ҳамагӣ шоҳворанду нафис.
Лубби сухани донишманди тоҷик ҳамин нукта аст, ки номи
сарзамини Тахористон баргирифта аз номи мардумест, ки
«тахор» хонда мешуданд. Тахориҳо ориёӣ буданду бо яке аз
забонҳои ҳиндуаврупоӣ сухан мегуфтанд, ки ба забони тахорӣ
маъруф аст. Вожаи Тахористон дар асрҳои миёна хеле маъмул
гардида, он дар фосилаи миёни суқути Кушониён ва тулуи
Сосониён ниҳодина шуд. Ҳамлаи арабҳо ба Хуросону
Варорӯд ба замони боландагӣ ва ривоҷи ин мулк рост омад.
Зеро Сосониён онро ҷузви қаламрави Эроншаҳр дониста,
Шопури сосонӣ идораи ин мулкро ба писараш Нарса (Нарсӣ)
супурд. Ин ҳикоят аз ҷойгоҳи вижаи Тахористон, ки марзи он
аз як сӯй бо Чин ва аз самти дигар бо Ҳинд пайванд мехӯрд.
Аммо ба зудӣ муодилоти қудрат дар ин макон тағйир хӯрду ҳукумат ба дасти тоифаи ҳайтолӣ гузашт.

Истиқрори Ҳайтолиён бар Тахористон ва таомули онҳо бо
Сосониён аз саҳифаҳои муҳимми таърихи тоҷикону дигар
ақвоми эронист, ки беш аз ду қарн идома ёфт. Тахористон аз
ин таърих ба баъд дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии имперотурии сосонӣ нақши муҳим мебозид. Ин ва дигар саҳифаҳои таърихи Тахористонро донишманди фақиди точик Маъруф Исоматов бар пояи ахбори манобеи порсиву арабӣ ва румиву арманӣ таҳқиқ кардааст, ки Сабзаалӣ Асозода аз ӯ ба некӣ ёдоварӣ мекунад. Ҳамон тавре, ки аз саромадони таҳқиқи Тахористон, донишмандони шаҳир — В. Бартолд, Б.Ғафуров, Г. Пугаченкова, Б. Литвинский, Н. Неъматов, Ю. Яъкубшоҳ, Э. Ртвеладзе, Ғ.Ғоибов ва В. Соловёв зикри хайр мекунад.

Муаллифи ин навишта парвардаи мактаби илмии донишманди дигари тоҷик, зиндаёд Абдуҳамид Ҷалилов аст, ки яке аз муҳаққиқони варзидаи Тахористон ба шумор меояд. Навиштаҳои А. Ҷалиловро устод Бобоҷон Ғафуров ва дигар пажӯҳишгарон фаровон истифода кардаанд. Меҳвари таҳқиқоти А. Ҷалилов замони кишваркушоиҳои арабҳо, яъне қарнҳои VII-VIII-и милодиро фаро гирифта, донишмандони дигар низ дар заминаи осори ӯ рочеъ ба ҷойгоҳ ва вазъи Тахористон изҳори назар кардаанд. Марҳилаҳои
сарнавиштсози таърихи минтақа дар Тахористон рақам хӯрда,
мақомии онро волотар сохт. Дар ҳаводисе ки минбаъд ба
тамоми минтақа таъсири муҳим гузошт, чун қиёми Низак ва
қиёми Абумуслим низ Тахористон нақши калидӣ доштааст.
Аз ҳамин минтақа бархостани хонадони Сомониён низ
тасодуфӣ набуда, ба равандҳои ояндаи таърихи Варорӯду
Хуросону Эрон таъсири босазо гузошт.

Ҷуғрофияи таърихии Тахористон аз муҳимтарин мавзуъотест, ки дар китоби мазкур ба он пардохта шудааст. Зеро ҷугрофияи таърихист, ки таъсири муҳити ҷуғрофӣ, табиӣ ва иқлимиро бар воқеъи таърихӣ ва сайри такомули давлатҳову миллатҳо баён мекунад. Ин дониши муҳим на ҷуғрофия аст на табиатшиносӣ, балки риштаи чудогонаест, ки ҳам аз авзоъи табиӣ ва ҳам аз авзоъи иқтисодӣ ва ҳам аз ҷуғрофияи инсонӣ ва сиёсӣ дар тули даврае аз таърих баҳс
мекунад. Бояд эътироф кард, ки муаллиф тамоми манобеъи
таърихӣ ва адабиёти илмии дар дастрас қарордоштаро мурур
карда, ин асари муҳим дар таърихнигории ватаниро
нигоштааст, ки гоми муҳимме дар тоҷикшиносӣ ба шумор
меояд. Зеро ба эътирофи бештари донишмандони ватаниву
хориҷӣ марзи Тахористон дар ташаккули халқи эронитаборе
ки пас аз заволи хонадони Сомониён номи тоҷикро ба худ
гирифт, накши калидиро бозӣ кардааст.

Дар пажӯҳише, ки пеши рӯй доред, муаллиф талош карда, дар бораи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва қисман фарҳангии Тахористони асримиёнагӣ изҳори назар кунад. Ин муҳаққиқ дар шарҳу натиҷагирии ҳамаи вақоеъ ва ҳаводиси таърихӣ назариёти худро муттакӣ бар мустанадоти гуногун иброз медорад, чунонки беш аз сарчашмаву адабиёти илмиро мурур кардааст. Ин ҳолат ба як воқеияти бебаҳсе ишора дорад, ки муаррихи мо ҳар чӣ гуяд бо санаду бурҳон гўяд.

Шиносоӣ бо китоби Сабзаалӣ Асозода хонандаро бо
дунёе аз иттилоти муфиду судманд ошно карда, завқи бештар
донистан роҷеъ ба яке аз пораҳои Эронвичи деринро дар
вуҷуди хонанда эҷод мекунад. Ба як калом, ин навиштаест
арзишманд, ки ба хондану андешидану истифода кардан
биярзад. Ба донишманди тоҷик дар таҳқиқи домандори
Тахористону дигар тиккаҳои сарзамини аҷдодӣ комёбии
бештар металабем.

Сайфуллои Муллоҷон, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии ДМТ

Гуфтанист, ки дар рисолаи илмии Сабзаалӣ Асозода “Тахористон. Сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар асрҳои V-X перомуни вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ бо мухтасари ҷуғрофияи таърихии Тахористон дар як давраи муҳимми  таърихӣ: оғозу рушди феодалӣ, дар асоси мадракоти хаттию бостоншиносӣ сухан рафтааст. Муаллиф китобро барои  доираи васеи хаводорон ва кулли дӯстдорони таърихи халқи тоҷик навиштааст.

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.