Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ба китоби Ҳотами Ронанда

Лаззати дарди муҳаббатро зи бедардон мапурс,

адри сиҳҳатро надонад, ҳар кӣ  ӯ бемор нест.

Махфӣ

         Дар ҷомеаи мо инсонҳои шуҷоатманд ва боматонат, қавииродаву ватанпарвар, фидоии роҳи озодию  дӯстию рафоқат кам нестанд. Чунин инсонҳоро ҷавонмардӣ зебу зиннат ва фару шукӯҳ мебахшад, дар ҳастии худ пеш  аз ҳама эҳсоси хизмат кардан ба дигарон, ба наздикон ва  халқу ватанро мепарваранд, дилу нийяташон як аст ва ҳамин ормон онҳоро барои анҷом додани корҳои ҷиддӣ водор месозад, кӯшиш мекунанд, ки пеш раванд, ба  дигарон дасти мадад дароз кунанд, дӯстон, ҳамҷаворон ва ҳамяроқони худро тез-тез хабар гиранд,  парчами шаъну шараф ва нангу номусро баланд бардоранд.

            Аз зумраи чунин фардони камназир Ҳотами Ронандаро шинохтаам ва чанд сол инҷониб дар бораи сифати ӯ,  ба адабиёт, бахусус ба шахсият ва ашъори шоири бузург тоҷик устод Лоиқ Шералӣ (барои банда низ ҳаққи устодию бародархондагӣ доранд) дилбохтагии ӯ, эҳтиром варзиданаш ба ин нобиғаи сухан таваҷҷуҳи маро бештар  кард. Рӯзе Ҳотами Ронанда як даста навиштаҳои худро, ки дар мавзӯъҳои гуногун буданд, овард ва хоҳиш намуд, ки барои фарзандону наберагонаш ва наздикону пайвандонаш туҳфае дар намуди як китоби назм омода созад ва хотири ҳамяроқонашро пос дорад, дар бузургдошти меҳроби дилаш устод Лоиқ ба ӯ кӯмак кунем, то ба  армони дил бирасад. Иқдоми ӯро басо шоиста дарёфтам, бахусус аз он сабаб, ки вай даъвои шоирӣ надошт, танҳо муҳаббаташро ба инсонҳо ва қарибону дӯстон тавассути назм ифода карда буд.

            Маҷмӯаи ашъоре, ки шумо, хонандаи гиромӣ, дар даст доред, маҳсули тафаккур ва андешаю хаёли як нафар ронандаест, ки худ мутахассиси соҳаи адабиёт нест, вале меҳри сухан ва каломи мавзун ӯро водор кардааст, то муҳаббати хешро ба пайвандон ва ҳамзамононаш тавассути назм ифшо намояд ва зебоии зиндагию табиат ва кишвари азизро тасвиру ситоиш кунад.

            Воқеан диёри ин ронанда шаҳри қадиму зебои Истаравшан аст ва дар ин шаҳри ҳунармандони аҷдодӣ зиндагию фаъолият дорад ва макон аз зеботарин гӯшаҳои кишвари кӯхсорамон маҳсуб мешавад. Тровату шукӯҳи кӯҳсорони баланд чун рӯҳи мардони ин манзилу макон дар ашъори омӯзгор таҷассум ёфтаанд. Васфи модару падар, устоду омӯзгор, дӯстону инсонҳои қарин, тасвири манзараҳои нотакрори табиати рустоҳои  афсонавӣ, рӯду чашмасорони мусаффо ба муаллиф имкон додаанд, ки барои хонандагонашон як дастагули муаттареро  фароҳам оварад.

            Ҷиҳати басо тазаккурбоб ва ҷолиби навиштаҳои Ҳотами Ронанда дар он аст, ки ӯ дар пора-пора чакидаҳои қаламаш самимияти худро ифода карда тавонистааст. Дар пораҳои шеърии ӯ меҳри як инсони сода ва заминӣ  рафъати осмонҳо ва гармии хуршеду нақҳати маҳтоб ва ангезиши хокро  метавон эҳсос кард. Сухани содаю озода  хоси ӯст.

            Бо ҳамин чанд каломи тавсифӣ ба муаллифи маҷмӯа, ки омӯзгори андарзгӯи рустоист, тавфиқ мехоҳам ва орзуманди онам, ки ҳамеша сухани мавзун ороишгари рӯзгор ва тафаккуру андешааш бошад.

            А. Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон

Кист Ҳотами Ронанда?

Ҷумъаев Ҳотам Рӯзибекович 26-уми майи соли 1963 дар деҳаи зебоманзари Бафоии шаҳри Истаравшан дар оилаи ронанда чашм ба олами ҳасти кушодааст. Маълумоти миёнаро дар солҳои 1970-1980 дар мактаби миёнаи №51, дехаи Ободӣ гирифтааст. Ҳуҷҷатҳояшро ба курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ супорида, баъдан солҳои 1981-1983 ба хизмати ҳарбӣ ба давлати ҳамҷавори Афғонистон сафарбар шудааст. Дар қисми ҳарбии ПП №25982 дар шаҳри Кобул ба ҳайси ронандаи КАМАЗ адои хизмат намуда, дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кард ва бо ордену медалҳо мукофонида шудааст.

Ҳоло муовини директории Летсейи касбию техникии шаҳри Истаравшан буда, инчунин вазифаи ҷамъиятии ҷонишини раиси Шӯрои иттифоқи ветеранҳои Афғонистонро ба дӯш дорад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд ва 10 набера мебошад.

            Ҷумъаев Ҳотам Рӯзибоевич ба шеъру адабиёт шавқ дошта, бо самияту ихлоси баланд бо тахаллуси Ҳотами Ронанда шеър мегӯяд. Намунаи ашъораш дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расидаанд. «Паёми Ватандор» маҷмуаи нахустини ӯ буд. Ин маҷмӯа китоби  дуюмаш мебошад.

            Ҳоло донишҷӯи соли чоруми факултаи Санъати тасвирӣ ва технологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд, ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»  мебошад.

Китоби “Ҷонфидои Ватан”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Таҳияи Малика Абдуллоева,

мутахасисси шуъбаи   маркетинг ва

менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.