Сарсухани Сотим Улуғзода ба аввалин китоби Ҳабибулло Файзулло 59 сол пеш

Сотим Улуғзода ва Ҳабибулло ФайзуллоДар баҳори соли 1961 маро сафари кӯҳистон иттифоқ афтода буд. Дар Ховалинг навҷавони қишлоқие маро дар кӯча дида, ба сӯям омад, шармгинона саломам дод, худро шиносонд. Ӯ барои тамом кардани синфи даҳум ба Кӯлоб рафта, дар ин шаҳр мехондааст ва ҳам дар газетаи районӣ мусаҳҳеҳ (корректор) шуда хизмат мекардааст.

Ман ба тамошои гирду атрофи Ховалинг ватани Восеъ баромада будам, ҷавон ба сифати роҳбалад ба ман ҳамроҳӣ кард. Дар аснои сайру гашт ӯ гуфт, ки гоҳо худаш шеър менависад ва хоҳиш кард шеърҳояшро хонаду ман шунавам. Ман аввал ба шеърхонии ӯ дилу бедилон гӯш кардам, зеро ба ҷавонони ҳаваскори шеъргӯй ва шоиршав бисёр вохӯрда будам, дар аксарияти онҳо ҳавасро зиёдтар ва истеъдодро камтар мушоҳида менамудам. Аммо кам-кам дар ман нисбат ба шеърҳои ӯ мароқе ва таваҷҷуҳе пайдо гардид: аз байни мисраъҳои саҳлу нимхому носуфта гоҳ-гоҳ мушоҳидаи борики шоиронае ё ташбеҳи тозаву обдоре, ё лавҳаи нафиси дилчаспе баромада мемонд. Инҳо ҷавҳари истеъдодро ошкор месохтанд. Ман ҳатто бо андак тасҳеҳ ду-се шеъри ӯро ба чоп тавсия ҳам кардам.

Ин навҷавон муаллифи ҳамин маҷмуа Ҳабибулло Файзулло буд.

Ман ба ӯ баъд аз хатми мактаби миёна ҳатман ба Душанбе омада ба ягон мактаби олӣ дохил шуданро маслиҳат додам.

Ӯ имсол институти педагогии ба номи Шевченкоро тамом кард. Шеърҳои дар ин маҷмуаи хурдтарак чопшуда маҳсули солҳои студентии Ҳабибулло мебошанд. Ӯ гоҳ-гоҳ шеърҳои навашро назди ман оварда мехонд, ман бо хурсандӣ медидам, ки истеъдодаш аз шеър то шеър шукуфта истодааст. Дуруст аст, ки ҳоло лирикаи ӯ аз доираи «рози дил»-и шахсӣ, аз чаҳорчӯбаи ишқу сўзи ҷавонӣ он қадар берун намебарояд ва баъзе ғазалҳояш анъанавӣ, тақлидӣ мебошанд. Аммо кадом шоир дар ҷавонӣ ин роҳ, ин марҳаларо тай накардааст? Дур нест, ки Ҳабибулло Файзулло ба мавзуъҳои калони патриотизми советӣ хоҳад расид. Ӯ бо кӯшиши тамом дар адабиёт пайроҳаи хоси худро меҷӯяд ва ҷустуҷӯяш бемуваффақият нест. Вай рӯ ба камолот рафта истодааст.

Ин ба мо умед мебахшад, ба мо ҳақ медиҳад, ки шоири ҷавонро бо «фотиҳа»-и нек ба шоҳроҳи адабиёти советӣ гусел кунем.

Пешгуфтор ба китоби Ҳабибулло Файзулло “Қатраи борон”. Маҷмуаи шеърҳо. Нашриёти “Ирфон”, 1966.

Аз китоби “Дӯстон, ёди шумо базм марост”, Душанбе, 2025.

Таҳияи  Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.