Сарсухани узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон ба китоби «Ифтихори зумраи Аҳрориён”

Ҳасани СултонМирзо Муҳаммад Нақибхони Туғрал ё Накибхон Туғрали Аҳрорӣ, ки устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрории Фалғарӣ ном бурдааст, воқеан дар силки он шоирони ширинадои тоҷик қарор дорад, ки давраи классикии адабиёти мо бо ашъори дилангези онҳо анҷом пазируфта, адабиёти нав оғоз мешавад. Ин шоири ширинсухан фарзанди арҷманда ва аз наҷибзодагони кӯҳистони Фалғар аст, ки гузаштагонаш бар асари тӯфони рӯзгори пурошӯб чанд аср пештар аз Самарқанд рахти иқомат ба ин мавзеи файзбори кӯҳистон кашида, деҳаи зебоманзари Зосуни Фалғарро маҳалли сукунат ихтиёр кардаанд.

Силсилаи аҷдоди Туғрал ба яке аз бузургтарин пирони тариқати нақшбандия Носириддин Убайдуллоҳ ибни Маҳмуди Шошӣ (1404-1489), ки дар байни мардум бештар бо номи Хоҷа Аҳрори Валӣ машҳур аст ва Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ (1414-1492), ки ӯро бо эҳтирому иродат «хоҷаи бузург» ном бурда, маснавии «Туҳфат-ул-Аҳрор»-и худро ба номи ӯ таълиф кардааст, пайванд мехӯрад. Худи Нақибхон Туғрал ҳам ба хонадони Хоҷа Аҳрор пайванд хӯрдани «тору пуди риштаи асл»-и худро сареҳан таъкид кардааст:

Тору пуди риштаи асли ман аз Аҳрорӣ аст,
Номи беномист бо ман Туғрали маҳзуни зор.

Мегӯянд, ки Туғрал дар иртибот бо тахаллуси шоирии устодаш Шамсиддини Шоҳин (1865-1895) тахаллуси шоирии худро Туғрал интихоб кард ва дар ашъори баланди тобнокаш Шоҳинро бо беҳтарин сифатҳо ситоиш кардааст:

Он к-ӯ ба камол шамси дин аст,

Бар хотами илм ӯ нигин аст.

Ганҷури дури ҳадиси рангин,

Дар авҷи ғазалсароӣ Шоҳин…

Устоди ману муаллими даҳр,

Мақбули ҷаҳону шуҳраи шаҳр…

Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки дар айни замон андешаи носавобе дар байни бархе табақаҳои ҷомеа ва баъзе зиёиёни мо дар бобати муносибати сарди Садриддини Айнӣ ва Туғрали Аҳрорӣ, аз ҷумла баҳои ночиз додани устод Айнӣ ба эҷодиёти Туғрал доман густурдааст, ки асосу бунёди илмию мантиқӣ надорад.

Ба назари мо, худи ҳамин зикри номи Туграл дар баробари дигар шоирони соҳибдевон бо таъкиди «бисёр комил» будани истеъдоди вай аз ҷониби устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 дар Маскав ба нашр расид ва овардани намуна аз эҷодиёташ дар ҳамон айёми хунрез, ки ҳанӯз доғи аксулинқилобӣ аз номи ин шоири шаҳири шаҳид бардошта нашуда буд ва танҳо соли 1960, яъне баъд аз 34 соли нашри шоҳасари мазкур ин доғ аз номи шоир гирифта шуд, икдоми вокеан кахрамонона маҳсуб мешавад ва бори дигар бузургӣ ва ҷонбозию ҷоннисории устоди бузургвор Садриддини Айниро дар амри хидмат ба забону адаби тоҷик ва зинда нигоҳ доштани бузургони миллат пеши назар ҷилвагар месозад.

Устодии Туғрал дар сурудани ашъори ширину дилрас чойи баҳс надорад. Аз ин хотир ашъори ӯ зуд ба дилҳо роҳ меёбад ва вирди забонҳо қарор мегирад.

Туғрал бидуни шубҳа парварда ва тарбиятёфтаи мактаби оламшумули бузургони адабиёти мост, ки дар сухангӯию сухансароии тоҷикӣ тариқи пухтагию пухтагонро пеша кардааст. Вай дар ин мактаб ба қавли худаш «дар ҳавои мӯшикофӣ» «пар зада» бо заҳмати шаборӯзӣ ба мартабаи устодӣ расидааст. Аз ин хотир дарахти тановари ашъораш хамеша сабз ва меваи фаровони ашъораш дар комҳо ширину лазиз аст:

Дар сухан, Туғрал, тариқи пухтагонро пеша кун,

Меваат гар хом бошад, нест дар дандон лазиз.

Ҳарчанд дар ашъори Туғрал татаббуъу тазмини ғазалҳои Бедил зиёд ба дид меояд, вале лутфи сухани Саъдӣ ва саҳли мумтанеи баёни ӯ дар ғазалиёти Туғрал ба мушоҳида мерасад:

Эй ишқ, балои ҷон шудастӣ,

Андар дили нотавон шудастӣ…

Розам зи ту гашт ошкоро,

Ту аз чӣ ба дил ниҳон шудастӣ?…

Ҷовид бимон ба ишқ, Туғрал,

Бо ишқ ту ҳамзабон шудастӣ!

Ёдоварӣ мебояд, ки дар кори хайри муаррифӣ ва нашри ашъори Туғрал саҳми Носирҷони Маъсумӣ, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Ҳабибулло Назаров, Қутбӣ Киром, Сорбон, Асрори Раҳмонфар, Мирзо Шукурзода, Мирзо Муллоаҳмад, Абдурофеъ Рабиев, Бобобек Раҳимӣ, Нуралӣ Нурзод ва адибону муҳаққиқони дигар бузург аст. Бояд таъкид намуд, ки дар ин замина фаъолияту ҷусторҳои дӯсту бародари мо, набераи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ – Саидбурҳони Икромӣ ҳам басе муҳим арзёбӣ мешавад.

Китоби мавриди назар ҳосили заҳмати чандсолаи Саидбурҳони Икромӣ дар робита ба таҳқиқу гираҳкушоии уқдаҳои мармузу печидаи ҳаёту фаъолият ва муаррифии шоистаи шахсияти Туғрал ва муҳаққиқону ҷӯяндагони аҳволу осори ӯ мебошад. Ин китоб ба қавли маъруфи ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ «яке достонест пур оби чашм…», ки ҳақиқати рӯзгори фоҷеабори Туғрал ва чигунагии аз тири адуи нохудогоҳ ба шаҳодат расидани шоирро ба хонанда бозгӯ мекунад. Аз баррасии матолиби китоб ҳамин ҳақиқат ба назар мерасад, ки мураттиб дар таҳияву тадвини он аз нақли модару модаркалон ва хешону наздикон, аз матни батни дафтару девонҳо, аз маводи бойгониҳои шахсию давлатӣ, китобхонаҳо ва манобеи дастраси электронӣ суду мадад ҷуста, дар хусуси аҳволу ашъори Туғрал ва назари муҳаққиқон дар ин замина зиндагиномаи нисбатан мукаммалеро, ки воқеан камназир ва шоистаи таҳсин мебошад, таълиф кардааст.

Дар робита ба ин, ба бародари арҷманд Саидбурҳони Икромӣ, ки бо кӯшишу талоши пайваста чароғи шукӯҳу азамати дудмону
хонадон ва шамъи хотири бобои бузургворашро фурӯзон медорад, тани сиҳҳату хотири ҷамъ орзумандем. Умедворем, ки бародари донишманду донишпажӯҳи мо дар заминаи пажӯҳишу шинохти боз ҳам мукаммалтари аҳволу осор ва муаррифии шоистаи ин шоири шаҳири миллат дар оянда бештар тавфиқ хоҳад ёфт.

Ҳасани СУЛТОН,

         Узви вобастаи

Академияи миллии

илмҳоиТоҷикистон.

Хонандагон китоби Саидбурҳон Икромӣ: «Ифтихори зумраи аҳрориён» – ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Анушаи Ҷамолиддин

мутахассиси пешбари,

шуъбаи мукаммалгардонии фонд.