Се даҳаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нӯрест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол,
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгари ҷаҳони мо Истиқлол.
Шукр ки, имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни бошукӯҳ, 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Истиқлоли деринтизори мо аз вартаи даргириҳои шаҳрвандӣ бо шарофати хирадоинӣ ва якдилии миллати мутамаддини тоҷик наҷот ёфт. 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Барои ба даст овардани истиқлол миллати тоҷик рӯзҳои вазнинро аз сар гузаронид, ҷонбозиҳо кард, азият кашид ва шукр, ки имрӯзҳо меваи ширини истиқлолиятро мечашад ва ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Тайи 30-соли соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлоли энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ ноил гардид, сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ дод.
Аз дастовардҳои глобалии даврони истиқлолият метавон инҳоро номбар намуд: Ҳукумати Тоҷикистон тавонист сохти давлатдорӣ ва тамомияти марзии худро ҳифз намояд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил пайдо шудани Тоҷикистон ва узвияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ва аввалин суханронии Сарвари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон низ яке аз дастовардҳои бузурги мо мебошад.
Эҳёи анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон, эътирофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, муаррифии мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ, ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудани Саразм (2010), Боғи миллии Тоҷикистон (2013), сохтмони нақбҳо, пулҳо, шоҳроҳҳо ва роҳи оҳан дар саросари кишвар, табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги кишвар, аз ҷумла Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун ва даҳҳо нерӯгоҳҳои барқии дигар шомил ба рӯйхати дастовардҳои Тоҷикистон дар се даҳаи соҳибистиқлолӣ мебошад. Инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзоиш ёфта, Тоҷикистон на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба бозорҳои кишварҳои хориҷ маҳсулоти кишоварзии худро содир намуд.
Тоҷикистон имрӯз сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷиро пеш мебарад, манфиатҳои миллии худро дар арсаи геополитикӣ ҳифз менамояд. Ҷумҳурии мо узви фаъоли коалитсияи байналмиллалӣ оид ба мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Тоҷикистон узви тақрибан 30 созмони байналмиллалӣ, аз ҷумла СММ ва як қатор муассисаҳои махсуси он ИДМ, ЕврАзЭс, СҲШ, САҲА, ЭКО ва дигар муассисаҳо мебошад.
Мо метавонем дастовардҳои ба даст овардаи ҷумҳуриамонро дар соҳаҳои мухталифи ҷаҳонӣ беандоза номбар намоем ва шукр, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба якояки мардуми мо назаррас ва хотирмон мебошанд. Миллати тоҷик бояд фахр кунад, ки соҳиби Ватан, давлат, забон, таърихи ниёгони худ, фарҳанги бойи миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аст ва боиси сарбаландӣ аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо намудааст.
Раҳмонова Бунафша