Се китоби “Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд

Дирӯз, 6-уми октябр дар ҳошияи маҳфили «Шинохти Фалак-шинохти миллат аст», ки ба Рўзи «Фалак» бахшида шуда буд, се китоби ҳамноми “Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Ин се китоб, ки феҳристи адабиёт дар солҳои 2019, 2020, 2021-ро дар бар мегиранд, дар заминаи махзани Китобхонаи миллӣ бар пояи маводҳои дастрас таҳия шудааст.

Феҳристи “Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дастури омӯзишии соҳавӣ буда, барои пажӯҳишгарону донишҷӯён, ҳаводорони дастовардҳои тамаддуни миллӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеа раҳнамои арзишманде мебошад. Умед аст, ки ин дастур ганҷе бар ганҷинаи адаби миллат афзуда, барои ташнагону раҳҷӯёни дунёи фарҳангу адаб манбаъи боэътибори маълумотӣ хоҳад буд.

Ин феҳристҳо зери назари доктори илми педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ба нашр расидаанд.

Мураттиб Қурбонбӣ Салимова, муҳаррирон Гадобек Маҳмудов ва Ҷӯрабой Раҷабов, пажӯҳиши библиографии Саодат Набиева, Муҳаммадҷон Абдураҳмонов ва Нигина Маҳмудова мебошад.

Саодат Набиева