Се омиле, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббати деҳқонро ба замин баргардонд
Тасмими тақсими 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони мардуми деҳотро то рӯзи тақсим касе бовар намекард. Ман худам иқрор мекунам, ки тамоми фаъолияти меҳнатиам марбут ба замин буд, аммо ба ин туҳфаи кайҳонӣ шубҳа доштам. Дар деҳоти Ванҷи Болои ВМКБ ҳамон вақт одамони калонсол нақл мекарданд, ки онҳо шоҳиди кашида гирифтани замини шахсиашон буданд, аммо баргардонидани заминро бовар накарданд. Ин аввлин омиле буд, ки Пешвои миллат деҳқонро ба деҳқонӣ аз нав дилгарм кард.
Дуюмин омил ин ислоҳоти хоҷагиҳои деҳқонии кишвар буд. Аз колхозу совхозҳои замони Иттиҳоди Шуравӣ таъсиси сохтори таъсирбахшу шоидаовари соҳаи кишоварзӣ осон набуд. Дар асл чунин кӯшишро роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ ба таври таҷрибавӣ ташкил намуда, ба нокомӣ ноил шуд. Ёд дорам, соли 1994 дар арафаи омодагӣ ба нахустин интихоботи озоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мулоқоти Сарвари давлат бо сокинони ноҳияи Ҳисор хирадмандона зикр карданд, ки: “Сохти Иттиҳоди Шуравӣ ҳавасмандӣ ва самараи заҳмати худро дар ҳиссаи умумӣ намедид. Ҳоло бояд мо заминро дар шакли саҳомӣ ва инфиродӣ ба соҳибаш – деҳқон баргардонда, боздеҳи иқтисодии онро вусъат диҳем”.
Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоқикистон соли 1997 дар кишвар ислоҳоти ҷиддии хоҷагиҳои деҳқонӣ шуруъ шуд. Ва тайи 25 соли охир бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 127 маротиба имтиёзҳо, дастгириҳо, ва лоиҳаҳои хайриявӣ пешкаш шуданд.
Омили сеюмро бо шеъри Ҳаким Носири Хусрав сар мекунам:
Беҳ аз санои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.
Дар асл ҳам деҳқон ризқрасон ва наҷотбахши мавҷудоти зинда аст. Пешвои миллат ба ҳайси олим ва пажӯҳишгар моҳияти фалсафии касби деҳқонӣ ва таърихи расму русуми бостонии кишоварзиро дар дохили кишвар ва ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Мардуми ориёитабор анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии ҳазорсолаҳои хешро ҳифз намудаанд. Ин анъанаҳо имрӯз низ чун васоити тарбияи насли наврас истифода мешаванд. Сараввал Ҷашни Наврӯз, ки сад андар сад иди касбии деҳқон аст, бо иқдоми Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ чун мероси ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном шуд. Ҳамзамон, бо иқдоми Пешвои миллат идҳои миллии бостонии Тиргон, Меҳргон, Сада аз нав эҳё гардиданд.
“Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки Ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму оинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад. Яъне, ба қавли мардуми тоҷик, давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад. Ба ин маънӣ, Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон Ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сездаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва Ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд. Вале, бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун, арзишҳои илмиву фарҳангии ин Ҷашн камранг ва ҳатто, фарамӯшшуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои гуногуни сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд”.
Ин суханони Пешвои миллатро ман дар Тоҷикистон не, дар кишвари Эрон, дар иқтибоси сиёсатмадорони дунё шунидам. Ин омил моҳияти касби кишоварзӣ аз нигоҳи миллӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ муҳаббати деҳқонро ба замину заминдорӣ гарм кард.
Аз китоби Қодири Қосим “Пешвои сангаршикани миллатсоз”.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа куанд.
Таҳияи Зебонисо Давлятова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.