Ошноӣ бо Лоиҳаи USAID: «Биё, ҳамроҳ омӯзем»
Бо мақсади шавқовар ва ҷолиб намудани хониш барои кӯдакон ва шумораи афзояндаи волидайне, ки телефонҳои худро бо мақсади омӯзиши фарзандон истифода мебаранд, зарурат ба эҷоди матнҳои кӯдакона барои хониши мобилӣ бо забони тоҷикӣ ба миён омадааст. Бинобар ин, Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» барномаи мобилиеро пешниҳод кард, ки дар он китобҳои кӯдаконаи таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» ҷой дода шудаанд. Замимаи мобилии “Китобдӯст” барои сайқал ёфтани маҳорату малакаҳои хондан мусоидат мекунад. Ин замима аз 68 номгӯй китоб иборат буда, барои таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Мазмуну мундариҷаи замимаи мобилӣ ба стандарту…