Сертификати Китобхонаи миллӣ аз форуми байналмилалии “Digital Tajikistan”
Имрӯз дигар дар сатҳи олии хидматрасониҳо дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаке нест. Ҳар маҳфилу ҳамоиши байналмилалӣ дар ин боргоҳи маърифат дар ҳамон сатҳе мегузарад, ки шоистаи таҳсин аст. Охирин мисоли қадршиносӣ аз ин гуна хидматрасониҳо эътои “СЕРТИФИКАТ”-и Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мебошад, ки дирӯз аз сари субҳ то бегоҳ дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд.
Гуфтанист, ки “Digital Tajikistan” на танҳо нишони ҳамқадамии Тоҷикистон бо тамоюлҳои ҷаҳонии рақамисозист, балки нишондиҳандаи сиёсати устувори давлатӣ дар самти ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамист. Тибқи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2025–2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон шудаанд, ки ифодаи равшани иродаи сиёсӣ барои ворид кардани кишвар ба марҳалаи нави пешрафти технологӣ мебошад.
Иқдоми дигари муҳим — пешниҳоди қатъномаи махсуси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аст, ки татбиқи он метавонад ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият бахшад.
Форуми “Digital Tajikistan” шароити мусоид барои ҳамкории зичи байни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ фароҳам меорад. Дар доираи форум, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти алоқа, ширкатҳои IT, операторони телеком ва стартапҳо роҳҳои нави ҳамкории стратегиро баррасӣ мекунанд.
Ин мубодилаи таҷриба ва пешниҳодҳои инноватсионӣ метавонад ба татбиқи ҳадафҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди хидматрасониҳои рақамӣ мусоидат намояд.
Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» нишондиҳандаи равшани он аст, ки Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи рақамӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бо толорҳои мунаққашу муҷаҳҳази Китобхонаи миллӣ ба баргузории ин форум дар сатҳи баланд мусоидат карданд.