Шаби ялдо. Тавлиди офтоб ё офтоббаргашти зимистона

Шаби ялдоВожаи «ялдо» аслан аз забони сурёнӣ буда, маънои валодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рӯшноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дарозшавӣ сар мекардаанд. Шаби Ялдо, Шаби Чилла -дарозтарин шаби аввали моҳи Дай, ҷашни қадимии мардумони ориёист, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Ин ҷашни қадимаро бо номи ҷашни Тиргон низ ном мебаранд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (хати доиравии ҳаракати намоёни солонаи Офтоб) мегузарад (аз Донишномаи озод).

Мардуми Тоҷикистон ва бисёр минтақаҳои Афғонистону Эрон зимистонро ба ду чилла ҷудо менамоянд, яъне чилаи калон ва хурд. Шаби нахустини чиллаи калонро бошад, ба Шаби Ялдо баробар медонанд, ки бо номи «шаби чилла» дар гуфтори мардум роиҷ аст.

Бедор шав, ки дар шаби Ялдои нестӣ

Дар парда аст чашми туро турфа хобҳо.

(Соиб)

Вақте, ки 21 декабр шаби дарозтарин фаро мерасад, дар нимкураи шимолӣ рӯзи офтоббаргашт (солнцестояние) хоҳад буд ва шаби онро шаби Ялдо меноманд. Пас аз шаби тӯлонӣ зимистони ҳақиқии астрономӣ фаро мерасад, гарчанде, ки зимистон мувофиқи тақвим тақрибан як моҳ пеш фаро расида буд. Вобаста ба тағйирёбии тақвим, офтоббаргашти зимистона дар нимкураи шимолӣ, ки кишвари мо низ дар ҳудуди он ҷойгир аст ва он дар рӯзҳои 21 ё 22 декабр рух медиҳад. Пас, офтоббаргашти зимистона дар як сол ду рӯзи солро ташкил дода, Офтоб дар масофаи калонтарин аз экватори осмонӣ ҷойгир мебошад. Баландии Офтоб дар болои уфуқ дар вақти офтоббаргашт ночиз аст. Дар офтоббаргашт рӯз кӯтоҳтарин ва шаб дарозтарин мебошад

Тибқи ҷадвали Вики дар соли 2018 ин падида, 21 декабр соати 22:23 дақиқа рух дода буд ва ба вақти Москва бошад, 22 декабр соати 01:23 шаб, тибқи гузориши сайти «Планетарий» ба амал омад.

Аз рӯйи маълумотҳои астрономӣ муайян шудааст, ки суръати Замин дар гирди Офтоб ба 30 км/с баробар аст. Офтоббаргашти зимистона падидаи астрономӣ буда, ҳангоми Замин ба қадри максималӣ аз Офтоб моил шудан ба вуҷуд меояд. Пас аз дарозтарин шаби сол, зимистони астрономӣ фаро мерасад ва рӯзҳо тадриҷан дароз мешаванд ва шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Тибқи иттилои сайти «Планетарий»-и Маскав, то Соли Нав, рӯз тақрибан 8 дақиқа зиёд мешавад.

Аз рӯйи маълумотҳои астрономӣ хадамоти матбуоти сайти «Планетарий»-и Маскав, «Интерфакс» хабар медиҳад, ки давомнокии шаб дар Маскав 17 соатро ташкил медиҳад. Аз рӯйи маълумоти дода шуда, нимаи дуюми рӯз дар пойтахти Русия соати 15:58 дақиқа ғуруби Офтоб ва субҳи содиқ соати 8:57 дақиқа фаро мерасад. Дар пойтахти ҷумҳурии мо бошад, аз рӯйи ҳисобкуниҳои тахминӣ Офтоб ғуруб намуда соати 17:08 дақиқа «шом» мешавад ва соати 6:38 дақиқа субҳи содиқ медамад, яъне давомнокии шаби Ялдо дар шаҳри Душанбе 13 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад, ки дарозтарин шаб ба ҳисоб меравад.

Аз сабаби Замин ба қадри максималӣ нисбат ба Офтоб моил шудан, фаъолияти Офтоб дар сатҳи хеле паст қарор хоҳад дошт, аммо энергияи он ба таври ғайриоддӣ тавоно хоҳад буд. Астрономҳо хабар медиҳанд, ки энергияи шабонарӯзӣ ин рӯзҳо ба мардум таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми миқдори кам шудани рӯшноии Офтоб, атмосфера ба организми инсон таъсир мерасонад. Аз ҷумла дар ин моҳҳо бештари одамони ба баъзе бемориҳои равонӣ (шизофрения) мубтало шуда, таваллуд мешаванд. Қабл аз ин олимон дар назар доштанд, ки дар моҳҳои офтоббаргашт аз норасоии витамини D танқисӣ мекашанд, аммо ҳоло бошад таъсири манфии онро ба тағйирёбии ҳолати ҷисмонӣ ва ҳарорати бадани инсон мансуб менамоянд.

Шаби ялдоТадқиқотҳо нишон медиҳад, ки то солҳои 2025 аз рӯйи вақти умумиҷаҳонӣ (дар дигар минтақаҳо фарқияти офтоббаргашти зимистона ва тобистона ба як шабонарӯз мерасад: аз шарқ нисбат ба расадхонаи Гринвич як шабонарӯз зиёд ва аз ғарби расадхонаи Гринвич як шабонарӯз камтар) дар нимкураи шимолӣ офтоббаргашти зимистона 21 декабр ё 22 декабр (дар соли кабиса)  ва офтоббаргашти тобистона 20 июн ё 21 июн (дар соли кабиса)  рух медиҳанд. Дар нимкураи ҷанубӣ, баръакс, офтоббаргашти моҳи декабр тобистон буда, офтоббаргашти моҳи июн зимистон мебошад. Тули астрономии Офтоб дар ҳамин вақт ба 900 ва 2700 баробар аст.

Дар минтақаҳои миёна дар вақти астрономии зимистон ва баҳор Офтоб дар нуқтаи нисфирӯзӣ қарор дорад (аниқтараш нисфирӯзӣ), ҳамарӯза нисбат ба хати уфуқ оҳиста-оҳиста баланд мешавад, аммо дар рӯзи офтоббаргашти тобистона бошад, ҳаракати худро ба самти муқобил тағйир медиҳад. Баъд аз он Офтоб оҳиста-оҳиста поёнтар моил шуда, ниҳоят дар вақти офтоббаргашти зимистон «ист» намуда, оҳиста-оҳиста ба қиём бармегардад. Давомнокии равшании рӯз ба ҳарорати ҳаво вобаста нест ва шаби дарозтаринтарин хунук нахоҳад шуд, танҳо баъдтар дар моҳҳои январ-феврал хунукҳои сахт хоҳад шуд.

Баъд аз офтоббаргашт дарозшавии рӯз аз вақти субҳ мушоҳида карда намешавад ва рӯзҳои аввал пас аз офтоббаргашт Офтоб дертар ғуруб менамояд, пас дарозшавии рӯз аз ҳисоби дертар ғуруб намудани Офтоб зиёд мешавад.

Сабаб дар он аст, ки Замин аз рӯйи мадор дар атрофи Офтоб давр мезанад, дар фасли зимистон ба Офтоб каме наздиктар мешавад ва тибқи қонуни дуввуми Кеплер, ки радиуси вектори сайёра дар фосилаҳои якхелаи вақт масоҳатҳои ба ҳам баробарро мекашад ва миқдоран тағйир ёфтани суръати ҳаракати сайёраро аз рӯйи мадори эллипсшакл муайян мекунад, ҳаракати ҷисмҳоро дар мадори эллиптикӣ тасвир намуда, ҳаракати  худро меафзояд. Лаҳзаи наздик шудани Офтоб ва лаҳзаи офтоббаргашт ба якчанд рӯз ҷудо кардан мумкин аст. Ин ҳама, дар баробари гардиши рӯзонаи Замин, ба ғуруби рафтани Офтоб (шом)-ро дар рӯз афзоиш медиҳад. Ҳодисаи офтоббаргашт дар дигар сайёраҳои Системаи Офтобӣ низ ба вуҷуд меояд – моилии меҳвари гардиш нисбат ба эклиптика (хати доиравии ҳаракати намоёни солонаи Офтоб) ба мавҷудият ва тағйирёбии фаслҳои сол, баробар шудани шабу рӯз, ҳодисаи офтоббаргашти зимистона ва тобистона оварда мерасонад.

Ҳамин тавр, таҷлили шаби Ялдо натанҳо як анъанаи мардумӣ, балки яке аз ҳаводиси илмии астрономия буда, ниёкони мо бо дақиқназарию мушоҳидакории хеш дар бомдоди фарҳанги пурғановатамон чунин як ҷашни зебоеро, ки дурустии онро илми муосир бо дақиқияти баланд собит кардааст, ба мо мерос гузоштаанд.

Муҳаммад Сафаров,
номзади илмҳои педагогӣ.
Сармутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.