Шафоат Луғмонова: “Механика ва физикаи молекулавӣ”

Механика ва физикаи молекулавӣКитоби “Механика ва физикаи молекулавӣ“ мувофиқи   барномаи  таълимие, ки  аз  тарафи   Вазорати   маорифи  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  тасдиқ  гардидааст , навишта   шудааст. Дар  китоб  матни  лексияҳо аз қисми механика, физикаи молекулавӣ ва термодинамика  бо   таври  сода  баён гардида, ҳангоми гузоштани саволҳои  санҷишӣ    ба моҳияти физикавии ҳодисаҳо  ва  татбиқи   амалии   онҳо   диққати   аввалиндараҷа дода  шудааст.

Саволҳои  тестӣ пайдарҳам бо забони равон  ва  барои  хонанда  фаҳмо  баён шудааст, ки завқи донишандўзии хонандагонро бедор карда  метавонад. Саволҳои санҷишие, ки оварда шудаанд, барои пурра  азхуд  намудани  маводи таълимӣ кўмак расонда қобилияти  эҷодии  донишҷўёнро инкишоф медиҳад ва барои васеъ  кардани  ҷаҳонбинии   донишҷўён, ба  роҳ  мондани  кори  мустақилона ва санҷиши   дониши   хонандагон мусоидат   менамояд.  Китоби дарсии  таълиф  гардида барои донишҷўёни ихтисоси  физика  ва дониш- ҷўёни  ғайриихтисос  ба монанди экология, биология,химия,математика магистрҳо, унвонҷўён, аспирантҳо, хонандагони  мактаб  ва  ҳамаи  шахсоне, ки  ба омўзиши  қисми механика ва физикаи молекулавӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия  карда  шудааст.

Дар сарсухан муаллиф гуфтааст, ки китоби  мазкур  ду қисмҳои аввали  физика “механика ва физикаи    молекулавиро”- ро  дар бар мегирад. Дар сурати   дуруст мутолиа намудани  китоб  донишҷўён  бо  қонуниятҳои  ҳаракатҳои механикӣ  бо  назардошти сабаби ҳаракат ва  беназардошти сабаби ҳаракат, шартҳои мувозинатии система, ҳодисаҳои  ҳароратӣ, сохт ва хосияти  моддаҳо  аз  нуқтаи  назари   молекулӣ  кинетикӣ,  ибтидоҳои термодинамика, сохт ва хосиятҳои  газҳои идеалӣ ва реалӣ ва дигар қонуниятҳои қисми механика ва  физикаи молекулӣ шинос хоҳанд шуд.

Китоби “Механика ва физикаи молекулавӣ” дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст.

Қурбонбӣ Абдураҳмонова,
мутахассиси  пешбари  шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва  илмҳои  дақиқ.