Шахсони имконоти маҳдуддошта дар Китобхонаи миллӣ забони хориҷӣ меомӯзанд

Бо дархости зиёди аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт барои онҳо курси омӯзиши забони англисӣ ташкил кунад. Аъзои шуъбаи мазкур бо қобилиятҳои махсуси худ миёни ҷомеа мавқеи худро пайдо кардаанд, онҳо азм доранд ҳамеша ба пеш ҳаракат кунанд ва худашон аз уҳдаи зиндагии хеш баромада бошанд. Суҳбату дидор бо онҳо касро ба умқи андешаҳои бесарунуге мекашонад.Хеле таъсиргузоранд.

Дар шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди  Китобхонаи миллӣ, пайваста маҳфилу чорабиниҳои рангин ва хотирмон доир мегардад. Вохӯриҳо ташкил мешавад ва ҳунари онҳо низ дар як гӯшаи шуъба ба маъразаи тамошо гузошта шудааст. Ҳамарӯза сайёҳони дохилу хориҷ ва хонанагон аз онҳо дидан мекунанд ва заҳмати онҳоро харидорӣ.

Ин навбат бо хоҳишу дархости зиёди эшон тасмим гирифта шуд, ки барояшон курси омӯзиши забони хориҷӣ ройгон бо ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ташкил гардад. Дирӯз 4-уми феврали соли 2026 равон ин курси омӯзиши кушода шуд ва дарсҳо оғоз гардиданд.

Сайфиддин Камолзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ ин курсро ифтитоҳ намуда, барои ҳар яки онҳо таманнои мувафақият кард. “Ҳар яки шумо аъзои ҷомеа ҳастед ва ҳақу ҳуқуқ доред, аз имконоти фароҳамовардаи давлату ҳукумат самаранок истифода баред.Тасмими омӯзиши забони англисӣ бисёр падидаи нодир аст, барои ҳар яки шумо дар ин роҳ зеҳни бурро ва қобилияти фикронии фавқулода таммано дорем”- гуфт муовини директори Китобхонаи Сайфиддин Камолзода.

Дарсҳо дар баробари усули анъанавӣ ҳамчунин барои хонандагони нобино бо хати брайлӣ ва дар шакли аудиоӣ омӯзонида мешаванд.

Шуъбаи хидматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд Китобхонаи миллӣ наздики 2000 нафар аъзо дошта, дар фонди шуъбаи мазкур беш аз 7500 нусха адабиёт нигоҳдорӣ мешаванд, аз ин шумора беш аз 1500 адади онро китобҳои брайлӣ ташкил медиҳанд. Дар толори хониши он 14 адад компютер мавриди истифодаи хонандагон қарор дорад. Айни замон дар хотираи компютерҳо 262 сабтҳои гўё насб шудаанд, ки хонандаҳои нобино метавонад бо воситаи барномаи “Ҷовс” аз он истифода намояд.

Барои таъмини саривақтӣ ва хидматрасонии муосир ба истифодабарандагон дар шуъба гўшаи китобҳои гўё ва имову ишора ташкил карда шудааст, ки бо 7 планшет, гўшмонак ва 105 китоби имову ишора муҷаҳҳаз мебошад.

Наргис НАЗАРЗОДА