Шамъе бисўхту доғи маҳфил шуд…

Умр ба Абдувалӣ Давронов, як тан аз сарсупурдагони роҳи илм, олими тавонову соҳибкитоб ва пажӯҳишгари маъруф бевафоӣ кард ва ӯ дар айни камолоти эҷодӣ ҷамъи моро тарк намуд. Ҳамагӣ 56 сол умр дид, вале дар ҳамин умри басо кутоҳ ҳам аз худ осори гаронарзиши пажӯҳишӣ ба ҷо гузошт.

Давронов Абдувалӣ Усмонович 29 майи соли 1957 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (2010). Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Ленинобод (ИДПЛ; ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд; 1978). Коромўз ва аспиранти Институти адабиёти ба номи М. Абегяни АИ Арманистон (1981-85), устоди факултаи филологияи УДТ (ҳоло ДМТ; 1985-96), мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон (1996-2009). Аз соли 2009 устод- дотсент дар ҳамин кафедра буд.

 Давронов ба таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёт, равобити адабӣ, назария ва танқиди тарҷума, адабиётшиносии муқоисавӣ, мушкилоти назму насри муосири тоҷик, нақди адабӣ машғул шуда, дар ин боб ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ба қалами ў дар маҷмўъ 350 асари батабърасида, аз ҷумла китобу рисолаҳо, мақолаҳо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ тааллуқ доранд.

 Давронов аз оғози фаъолияти илмию эҷодӣ ба масъалаҳои робитаҳои адабии халқҳои тоҷику арман, тоҷику рус ва халқҳои Доғистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин бобат силсилаи мақолаҳо, рисолаҳо, китобҳо («Пайванди замонҳо ва қисмати адабиёт»- 1994, «Мушкилоти пайвандҳои адабӣ»- 1999, «Масъалаҳои таърих ва назарияи равобити адабии халқҳои Осиёи Марказӣ»- 2000, «Пайвандҳои адабии халқи тоҷик»- 2003, ҳамроҳи Ҳ. Шодиқулов, «Дурдонаҳои адабиёти арман»- 2008, «Равобити адабии халқҳои тоҷику арман»- 2008) иншо кардааст. Доир ба масъалаҳои адабиёти асрҳои миёнаи форс-тоҷик, адабиёти муосир, дар бораи чанде аз шоирону нависандагони гузаштаву муосири тоҷик Рўдакӣ, Фирдавсӣ Хоқонии Шервонӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Зулфия, Муаззама, Фарзона ва дигарон рисолаю мақолаҳо навиштааст («Адабиёт ва замон», 1996; «Рубоиёти Хоқонии Шервонӣ», 1999; ҳамроҳи М. Солеҳов; «Зан адабиёт, ҷомеа», 2000; «Адабиёт ва маърифати инсон», 2006 ва ғайра).

Дар китоби «Адабиёти марзҳо ва ҳунар» (2011) навиштаҳои Давронов дар бораи шахсиятҳои маъруфи Исфара, донишмандони илмҳои гуногун, шоирону нависандагони ин минтақа – Лутфӣ Саид, Муаззама Аҳмадова, Тило ва дигарон фароҳам омадаанд. Соҳаи дигари фаъолияти илмиву эҷодии Давронов таълиф, таҳрири дастурҳои таълимию методӣ оид ба таълими забони давлатӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон, масъалаҳои филологияи тоҷик ва ғайра мебошад. Баъзе мақолаҳояш дар матбуот ва маҷмўаҳои илмии Арманистон, Қирғизистон, Руссия, Фаронса, Эрон ба табъ расидаанд. Давронов ғолиби озмунҳои байналмилалии «барои тарҷумаи беҳтарин» дар номгўи МЭТР- и ИДМ ва Балтика (2007), «Ҳусни китоб»-и ИДМ ва Балтика барои китоби «Равобити адабии халқҳои тоҷику арман» (2009) мебошад.

Дорандаи нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» узви ИН Тоҷикистон (1997) ва ИН Арманистон (2003).

Ў 4 – уми январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз дунё гузашт.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Абдувалӣ Давронов ин м атолибро ҳам метавонед бихонед:

Давронов, А. Зеленая книга времен /  А. Давронов. – Душанбе: Шаҳпар, 2012. – 411 с.

Давронов, А. Равобити адабии халқҳои тоҷику арман / А. Давронов. – Душанбе: Адиб, 2008. – 328 с.

Давронов, А. Адабиёт ва маърифати инсон / А. Давронов. – Душанбе: Статус, 2006. – 304 с.

Абдуқодиров, А. Услубиёти забони тоҷикӣ / А. Абдуқодиров, А. Давронов . – Хуҷанд: Ношир, 2005. – 224 с.

Саъдуллоев, А. Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист / А. Саъдуллоев, Д. Давронов, М. Муродов. – Душанбе, 2004. – 127 с.

Дар борааш:

         Зайниддинов, М., Худойдодов, А. Ғамат то кай хўрам, эй дўст…: Ёде аз ҳаёт ва фаъолияти адабиётшинос шодравон Абдувалӣ Давронов // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 23 май.

         Ҳамдам, А., Зайниддинов, М. Бунёдгари пули робитаҳои адабӣ: Ёде аз адабиётшиноси боистеъдоди пуркор Абдувалӣ Давронов // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 25 май.

         Сайфиддин, М. Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт: Маҳфили ёдбуди адабиётшиноси шинохта, доктори илми филологӣ Абдувалӣ Давронов дар толори ИН шуда гузашт // Адабиёт ва санъат. – 2017. – 8 июн.

         Абдусаттор, А. Шамъе бисўхту доғи маҳфил шуд: Ёде аз доктори илмҳои филологӣ, профессор, адабиётшинос Абдувалӣ Давронов // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 30 май.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 202-203

Муаллиф:  М. Диловаров

 

Таҳияи Фируза Восиева

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.