Шарҳи истилоҳ. Конгломерат
Конгломерат (анг. Conglomerate, форсии ҷӯшсанг) ҷинси кўҳии таҳшинӣ, ки дар натиҷаи шах шудани омехтаи регу сангреза ва қайроқсангҳо (аз 10 то 100 мм) ба вуҷуд омадааст. Навъи санг аст, ки аз ба ҳам пайвастан, ҷӯш хӯрдани сангҳи хурду миёна ҳосил мешавад. Маъмулан, оксидҳои оҳан, дуоксиди силитсий, карбонат, гил ва ғайра моддаҳои шахкунанда ба шумор мераванд.
Конгломерат калондона (10-20 см ва бештар аз он), миёнадона (5-10 см) ва майдадона (1-5 см) мешавад. Ҷинсҳои таҳшиние, ки дар таркибашон ба миқдори зиёд сангреза ва кулўхпора мавҷуд аст, конглобрекчия (ҷинсҳои кўҳии таҳшинии иборат аз шикастпораҳои суфташуда ва носуфта) мебошанд.
Конгломерати гуногунтаркибро полимиктӣ ва яктаркибаашро мономиктӣ меноманд. Вобаста ба пайдоиш конгломерат баҳрӣ, кўлӣ, аллювиалӣ (аз сангрезаи дарё) ва пролювиалӣ (аз сангрезаи селобаҳо) мешавад. Мавҷудияти қабатҳои конгломерат дар буришҳои геологӣ аз наздикии манбаи денудатсияи пайдоиши қадимтар ва ҳаракатҳои босуръати болоравии атрофи ҳавзаи таҳшинӣ шаҳодат медиҳанд. Он дар таҳнишастҳои синнашон гуногун вомехўрад, ки баъзан конҳои тило, платина, касситерит ва ғайра низ дорад (масалан, конҳои конгломератҳои тилодори Витватерсранди Африқои Ҷанубӣ).
Конгломерат дар роҳсозӣ, тайёр кардани тахтасангҳо ва масолеҳи дигари бинокорӣ васеъ истифода мешавад.
Бозчоп: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2022. – Ҷ.10. – С. 451.
Муаллиф. Н. Шарипов.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.