Шарҳи истилоҳ. Конҳои ҳидротермалӣ

Конҳои ҳидротермалӣ гурўҳи бузурги конҳои сарватҳои табиӣ, ки дар натиҷаи аз маҳлули обҳои гарми қаъри Замин таҳшин шудани менералҳо пайдо шудаанд. Чор манбаи маҳлулҳои ҳидротермалӣ маълум аст:

а) оби тафтавӣ, ки аз гудохтаҳои тафта (магма) ҳангоми шахшавӣ ва пайдоиши ҷинсҳои интрузивӣ ба вуҷуд омадааст;

б) оби метаморфӣ, ки дар қабатҳои амиқи қишри Замин аз минералҳои обдор ҳангоми кристаллбандии онҳо пайдо шуда аст;

в) оби маҳфуз (дар ковокии ҷинсҳои таҳшини баҳрӣ ҷаъмшуда), ки ҳангоми ҷойивакунии ҷинсҳои кўҳии қишри Замин ё таъсири ҳарорати дохилии он ба ҳаракат меояд;

г) оби метеорӣ, ки аз қабатҳои обгузар ба қаъри Замин ворид мешавад.

Конҳои ҳидротермалӣ дар муддати тўлонӣ (аз садҳо ҳазор то даҳҳо миллион сол) дар умқҳои гуногун аз наздикии сатҳи замин то умқи 10 км ба вуҷуд меоянд. Конҳои ҳидротермалӣ вобаста ба умқ ва ҳарорати пайдоишашон (тибқи ақидаи Линдгрен) баландтермалӣ (ҳипотермалӣ), миёнатермалӣ (мезотермалӣ) ва пасттермалӣ (эпитермалӣ) мешаванд.

Ҳарорат дар аввали раванди пайдо шудани кўҳҳо 700-600 оС буда, тадриҷан то 50-25 оС паст мешавад. Аксари конҳои ҳидротермалӣ дар ҳарорати 100-400 оС пайдо мешаванд. Таҳшин ва кристам шудани моддаҳои менералии таркиби маҳлулҳо дар натиҷаи тағйирёбии фишор, ҳарорат, хусусияти туршӣ-ишқорӣ ва оксид, барқароршавии муҳит ба вуҷуд омада метавонад. Об аз ҳолати буғ тадриҷан ба моеъ табдил меёбад. Дар натиҷа аз маҳлули ионии пайвастҳои комплексии унсурҳои гуногун дар тарқишҳо ва ковокии ҷинсҳои кўҳӣ менаралҳо пайдо шуда, омезиши кимиёии ҷинсҳои кўҳии атроф ва маҳлулҳои аз байни онҳо тарованда (ҳидротермалӣ) ба амал меояд.

Конҳои рагӣ ва метасоматизмии сарватҳои табиӣ бо ҳамин тарз пайдо мешаванд. Маъданҳои конҳои ҳидротермалӣ то як чанд километр дарозӣ ва аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр паҳно (ғафсӣ) дорад. Маъданҳои ҳидротермалӣ бо миқдори зиёди минералҳои таркибашон фарқ мекунанд.

Аз рўи таркиб маъданҳои ҳидротермалӣ ба навъҳои зер тақсим мешаванд: сулфидӣ, ки боиси пайдоиши конҳои мис, руҳ, сурб, молибден, висмут, никел, кобалт, сурма, симоб мегарданд; маъданҳои оксидӣ-ба конҳои оҳану манган мансубанд; силикатӣ, ки конҳои сарватҳои зеризаминии ғайрифилиззӣ (асбест, абрақ) ва дигар конҳои филиззоти нодир (бериллий, литий, торий, унсурҳои нодирзаминӣ)-ро ташкил мемедиҳанд; холис-ба конҳои тило ва нуқра хоссанд.

Конҳои ҳидротермалӣ манбаи асосии истеҳсоли симоб, қалъагӣ волфрам, молибден, висмут, сурб, руҳ, уран, инчунин тилло нуқра, сулфур, асбест ва ғайра мебошанд.

Конҳои ҳидротермалӣ аз навъҳои маъмули конҳои эндогенӣ ба шумор мераванд ва дар бисёр мавридҳо аҳаммияти саноатӣ доранд.

Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 550.

Таҳияи Аниса Набиева,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.