Шарҳи истилоҳ. Конҳои ҳипогенезӣ
Конҳои ҳипогенезӣ конҳои магматогенӣ, конҳои эндогенӣ, кони сарватҳои табиие, ки пайдоиши онҳо бо равандҳои геокимиёии қисмҳои амиқи қишри Замин ва моддаҳои зери он алоқаманд аст. Конҳои ҳипогенезӣ ҳангоми фишор ва ҳарорати бениҳоят баланд аз гудохтаҳои тафта (магма) ё сублиматсияи моддаҳо ба вуҷуд меоянд.
Конҳои ҳипогенезӣ асосан ба 5 гурўҳи генетикӣ тақсим мешаванд: тафтавӣ, пегматитӣ, карбонатитӣ, скарнӣ ва ҳидротермалӣ. Конҳои тафтавӣ дар натиҷаи сард шудани гудохтаҳое, ки унсурҳои нодир (хром, титан, оҳан, платина, мис, никел ва ғайра) доранд, ҳосил мешаванд.
Конҳои пегматитӣ аз маҳлули охирини тафтаи сардшаванда ба вуҷуд омада, шпатҳои даштӣ, кварс, мусковит, флюорит, сангҳои нодир, пайвастҳои литий ва бериллий доранд. Конҳои карбонатӣ аз ҷамъ шудани карбонатҳои калсий, магний ва оҳан пайдо мешаванд; маъмулан дар ассотсиатсияи ҷинсҳои ултраасосии тафтавӣ буда, маъданҳои оҳан, мис, ниобий, апатит ва флогопит доранд.
Конҳои скарнӣ дар наздикии контактҳо (ҳудуди ба ҳам расидани ҷинстафсон)-и ҷинсҳои магмавӣ, дар натиҷаи ба ҷинсҳои атроф таъсир расондани буғҳои тафсон пайдо мешаванд. Маъданҳои оҳан, мис, волфрам, сурб, руҳ, бор ва ғайра аз конҳои скарнӣ гирифта мешаванд.
Конҳои ҳидротермалӣ аз таҳшини маҳлули обҳои гарми қаъри Замин иборат буда, маъданҳои нодир, гаронбаҳо, радиоактивӣ ва филизҳои ранга доранд
Конҳои эпигенезӣ. Конҳои эпигенезӣ (аз эпигенез), кони сарватҳои табиӣ, ки бар хилофи конҳои сингенезӣ нисбат ба ҷинсҳои кўҳии атрофашон дертар пайдо мешаванд. Конҳои тафтавӣ (ҳам фузивӣ ва ҳам ликватсионӣ), контактӣ, ҳидротермалӣ (аз ҷумла бо роҳи метасоматизм ҳосилшуда) ва инфилтратсионии (конҳое, ки дар натиҷаи гардиши обҳои зеризаминии пайдоишашон атмосферӣ ҳосил шудаанд) низ аз ҷумлаи конҳои эпигенезӣ мебошанд.
Аксарияти конҳои маъдани мис ва сурбу руҳ, тилло, қалъагӣ, волфрам, молибден, симоб ва фализҳои нодир ва ғайра мутааллиқи конҳои эпигенезӣ мебошанд.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 550.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.