Шарҳи истилоҳ. Конҳои контактӣ ва чанд кони дигар
Конҳои контактӣ, кони сарватҳои табиӣ, ки дар қишри замин, дар мавзеи таҷаммуи ҷинсҳои тафсони тафтавӣ (магмавӣ) ва ҷинсҳои кўҳии атроф ба вуҷуд меояд.
КОНҲОИ МЕТАМОРФОГЕНЕЗӢ. Конҳои метаморфогенезӣ. Кони сарватҳои табиӣ, ки дар раванди метаморфизми ҷинсҳои кўҳӣ, аз таъсири фишору ҳарорати баланд ба вуҷуд омадааст.
Конҳои метаморфогенезӣ ду навъанд; метаморфшуда ва метаморфӣ.
Конҳои метаморфшуда дар натиҷаи равандҳои минтақавӣ (регионалӣ) ва маҳдуди метаморфизми сарватҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд. Ҷисми сарватҳои табиӣ тағйир меёбад ва хусусияти ба ҷинсҳои метаморфӣ хосро қабул мекунад. Минералҳои зичияшон камтар бо минералҳои ҳаҷми масаашон бузург иваз мешаванд. Ҷои минералҳои обдорро минералхои беоб мегиранд, моддаҳои аморфӣ шўша мебанданд. Аксарияти конҳои метаморфшуда мансуби форматсияҳои токембрий мебошанд (масалан, кони графит дар кишвари Красноярск, конҳои маъдани оҳан дар ҳавзаи Кривой Рог ва Аномалияи магнитии Курск дар Русия; конҳои манган, дар Бразилия ва Ҳиндустон маъдани тило ва уран дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ)
Конҳои метаморфӣ дар раванди метаморфизм (таносух, тағйири шакл)-и ҷинсҳои кўҳӣ дубора пайдо мешаванд. Оҳаксангҳо ба мармар, регсангҳо ба кварсит, ҷинсҳои гилӣ ба варақсангҳои бомпушӣ, ҳангоми метаморфизми дараҷаи олӣ ба конҳои андалузит, кианит ва силиманит мубаддал мешаванд. Аз таҳтнишастҳои боксит санги чарх (наждак) ҳосил мешавад
КОНҲОИ МЕТАСОМАТИЗМӢ. Конҳои метасоматизмӣ, кони сарватҳои табиӣ, ки ҳангоми метасоматизм ба вуҷуд меояд. Барои ҳосил шудани конҳои метасоматизм, пеш аз ҳама ҷинсҳои карбонатӣ (оҳаксангу доломитҳо), баъд ҷинсҳои силикатӣ муҳими хубе мебошанд. Маъмулан, сохти ин гуна конҳо мураккаб аст. Конҳои метасоматизмӣ баландҳарорат (конҳои скарнӣ, грейзенӣ), миёнаҳарорат (конҳои ҳидротермалӣ) ва пастҳарорат (конҳои инфилтратсионӣ) мешаванд. Бо конҳои скарнӣ ва грейзенӣ, бахусус маъданҳои филиззоти сиёҳ, ранга ва нодир; бо конҳои ҳидротермалӣ маъданҳои мис, сурб ва руҳ, бо конҳои инфилтратсионӣ маъданҳои уран ва мис алоқаманд мебошанд.
КОНҲОИ ПНЕВМАТОЛИЗӢ. Конҳои пневматолизӣ, кони сарватҳои табиӣ, ки дар раванди пневматолиз аз буғ ва газҳои тафсону минералдори тафта (магма)-сардшаванда ба вуҷуд меояд. Барои конҳои пневматолизм, метасоматизм ва пайдоиши минералҳое хосанд, ки дар таркиби худ компонент (қисм, ҷузъ)-ҳои бухоршаванда (Н2О, Ғ, В) доранд.
Кварс, албит, топаз, турмалин, мусковит, биотит, лепидолит, флогопит, флюорит ва маъдани филиззоти нодир (W, Sn, Be, Li) минералҳои хосси конҳои пневматолизӣ мебошанд. Конҳои маъдани зикршуда дар ноҳияе, ки ҷинсхои гранитӣ (хороӣ) фаровонанд, бештар паҳн шудаанд (аз ҷумла, конҳои қалъагӣ ва волфрами Сибири Шарқӣ ва Қазоқистон, кўҳҳои маъдандор дар Чехия, Словакия, Олмон, Малайзия).
КОНҲОИ СИНГЕНЕЗӢ. Конҳои сингенезӣ, кони сарватҳои табиӣ, ки бо ҷинсҳои кўҳии атрофашон дар як вақт ташаккул ёфтаанд. Ин гуна конҳо одатан қабат-қабат мешаванд. Ба конҳои сингенезӣ асосан конҳои таҳнишин сарватҳои табиӣ (аз ҷумла рег, гил оҳак-санг, ангишт, варақсанғҳои сўзанда, намак, фосфорид, боксит, маъданҳои оҳан ва манган, баъзе конҳои мис, уран, ванадий) мансубанд.
Баъзан конҳои тафтавӣ (магмавӣ) низ сингенезӣ шуда метавонанд. Конҳои маъдани хромит ва титану магнетити ҷинсҳои ултрасосӣ, ниобии массивҳои ишқорӣ, гоҳе маъданҳои сулфидии мису никели ҷинсҳои асосӣ ба гурўҳи конҳои сингенезӣ дохил мешаванд.
Манбаъ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – С. 548-549.
Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ