Шарҳи истилоҳ. Консерватория

Консерватория муассисаи таълимӣ, ки барои санъати мусиқӣ мутахассис тайёр мекунад. Ибтидо дар Итолиё ятимхонаи шаҳриро Консерватория меномиданд, ки дар он ба кўдакон ҳунару мусиқӣ (сурудхонӣ) бо мақсади тайёр кардани сарояндагони хори калисо меомўзониданд.

Нахустин Консерватория «Санта-Мария ди Лорето» соли 1537 дар Неапол пайдо шудааст. Баъдан (1797) он бо Консерваторияи «Сант-онофрио» мутаҳид шуд ва Консерваторияи «Лорето а Капуана» (Лорето ва Капуана) ба вуҷуд омад. Соли 1806 ба он боз ду Консерваторияи дигар ҳамроҳ шуда, Коллеҷи мусиқии шоҳиро ташкил кардаанд.

Дар Венетсия чунин муассисаи таълимиро «оспедале» меномиданд. Дар асри XVIII Консерваторияҳои итолиёӣ, ки дар онҳо хориҷиён таҳсил мекарданд, дар тарбияи оҳангсозону мутрибон нақши асосӣ доштанд. Аз охири асри XVIII муассисаи махсуси таҳсилоти олӣ. Соли 1795 дар Порис ва дар охири асри XIX дар бисёр шаҳрҳои калони Аврупо ва Амрико: Прага (1811), Вена (1819; аз 1908 Академияи мусиқӣ ва санъати театрӣ), Брюссел (1832), Будапешт (1840), Лейпсиг (1843; аз 1941 Мактаби олии мусиқӣ), Бостон (1853), Бухарест (1864), Копенҳаген (1867), Ҳелсинки (1882); аз 1939 Академияи мусиқии ба номи Я. Сибелиус rонсерваторияҳо таъсис ёфтанд.

Баъзе муассисаҳои мусиқии ба консерватория монандро академия, институти мусиқӣ, мактаби олии мусиқӣ, литсей, коллеҷ меномиданд. Мудати таҳсил, сохтор ва нақшаи таълимии онҳо монанд набуд. Аксари онҳо шуъбаҳои ибтидоӣ доштанд, ки танҳо талабагони хурдсолро қабул мекарданд.

Дар аксари кишварҳо дар консерваторияҳо мутриб, муаллим ва оҳангсоз дар факултетҳои мусиқии донишгоҳҳо тайёр карда мешуданд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мусиқӣ дарсҳои ихтисосӣ, назарӣ ва таърихи мусиқӣ яксон буданд. Аввалин консерватория дар Руссия соли 1787 дар Кременчуг ифтитоҳ шуд, ки муассиси он Ҷузеппе Сартии итолиёӣ буд. Баъдан консерваторияҳои Санк-Петербург (1862) ва Маскав (1866) таъсис ёфтанд, дар Саратов (1912), Одесса (1913), Тифлис (1917) ва дигар шаҳрҳои ИҶШС низ Консерваторияҳо боз шуданд.

Дар ИҶШС Консерватория муассисаи таҳсилоти олӣ буд, ки ба он шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ ва мусиқиро қабул мекарданд. Дар консерватория мутрибон, охангсозон ва мусиқишиносонро низ омода мекунанд. Муҳлати таҳсил 5 сол.

Дар консерваторияҳо ҳамчунин фанҳои ҷамъиятию сиёсӣ, таърихи санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷиро меомўзанд, шуъбаҳои шабона ва ғоибона низ доранд. Дар баъзе консерваторияҳо аспирантураи соҳаи назария, таърихи мусиқӣ ва ассистентура (Таҷрибаомўзии мутрибон, оҳангсозон ва муаллимон) ташкил карда шудааст.

Факултаҳои назарияи оҳангсозӣ, вокалӣ, фортепианӣ, оркестрӣ, созҳои мардумӣ, дирижёрӣ низ фаъолият доранд. Ҳоло дар аксар кишварҳои ҷаҳон консерваторияҳо ташкил карда шудаанд, ки бонуфузтарини онҳо Консерваторияи олии миллии мусиқӣ ва рақси Порис (Фаронса), Консерваторияи Шонгҳой (Хитой), Консерваторияи Санта-Чечилияи Рум (Итолиё), Консерваторияи миллии Мехико (Мексика) ва ғайра мебошанд.

Дар Тоҷикистон Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхўҷа Сатторов (аз соли 2003) фаъолият дорад.

Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2022. – Ҷ.10. – С. 506.
Муаллиф: Б. Шафеъ.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.