Шарҳи истилоҳ. Космополитизм чист?

Муддатҳост пайи донишҳои илмӣ мегардам. Талош дорам чизҳое, ки то кунун намедонам, бидонам. Барои ман, ки на донишҷӯям, на муаллим ва аслан баъди хатми мактаби миёна таҳсилро ҳам идома надодам, чун шароит надоштам, талоши омӯзиш ё дониш доштан як шуғли иловагӣ шудааст.

Дирӯз ба калимаи “космополитизм” вохӯрдам. Аммо маънояшро надонистам. Оё шумо метавонед матлабе дар ин бораи нашр кунед?

Ҳамиди Раҳим, сокини шаҳри Бохтар.

Барои посух ба суоли хонанда ба матлабе рӯ овардем, ки Энсиклопедияи миллӣ нашр кардааст. Инак он матлаб:

Космополитизм – (юн. Kosmopolites – шаҳрванди Коинот), ҷаҳонмеҳанӣ, ҷаҳонватанӣ, ғояи шаҳрванди ҷаҳон, ки мувофиқи он манфиатҳои инсоният дар маҷмӯъ болотар аз манфиатҳои миллат ё давлати алоҳида гузошта шуда, инсонро фарди озоди кураи Замин медонад.

Дар космополитизм одамон бо ахлоқу арзишҳои умумӣ ба ҷамъияте муттаҳид шуда, ба хотири ваҳдати инсоният аз асолати миллӣ даст кашиданро дар сиёсат талқин мекунанд. Шахсе, ки ақидаи космополитизмро ҷонибдорӣ мекунад, «космополит» номида мешавад.

Ҷонибдорони космополитизм барпо кардани сулҳ ва ризояти байни халқҳоро аз тариқи таъсиси «давлат-ҳукумати умумисайёравӣ» – Космополис имконпазир мешуморанд. Космополитизм дар Юнони Қадим ба вуҷуд омад ва бори аввал Суқрот дар бораи он ибрози андеша кард. Баёнияи «Ман афинагӣ ё коринфиягӣ нестам, аммо ман космополит ҳастам»  ба ӯ рабт дорад.

Баъдтар космополитизм дар чорчӯби таълимоти киникҳо (мактаби Суқрот) хеле рушд намуд ва Диогени Синонӣ нахустин шахсе буд, ки худро «космополит» эълон карда буд.

Дар асрҳои миёна космполитизм хосияти динӣ пайдо кард, бештар ғояи теократияро тарғибу ташвиқ менамуд, вале аз ҷиҳати назарӣ рушд карда натавонист. Шурӯъ аз асри XVI rосмополитизм хислати дунявӣ гирифт. Дар давраи Эҳё ва маорифпарварӣ ғояи космополитизм бар зидди зулм ва парокандагии феодалӣ равона шуда, озодии шахсро аз занҷири феодалӣ инъикос мекард.

Эҳёи космополитизм ба асри ХХ мувофиқ омад ва онро вазъияти мураккаби ҷамъиятӣ, инқилобҳо ва ҷангҳои ҷаҳонӣ ҳамроҳӣ мекарданд. Ин даврае буд, ки дар Аврупо ҳаракати «бидуни миллатгароӣ» ҳамчун шакли радикалии космополитизм зуҳур намуд. Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ космополитизм дар давлатҳои сармоядорӣ муваффақона вусъат ёфт. 10.12.1948 нахустин ҳуҷҷати ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул шуд, ки дар қонунгузории байналмилалӣ ҳуқуқи табиии ҳар сокини сайёраро барои зиндагӣ дар он муқаррар кард.

Соли 1948 ходими ҷамъиятӣ Гарри Дэвис (1921-2013) аз шаҳрвандии ИМА даст кашида, худро шаҳрванди ҷаҳон номид. Баъдан ӯ «Ҳукумати умумиҷаҳонии шаҳрванди ҷаҳон» (ташкилоти ғайритиҷорӣ)-ро созмон дод (1954), ки он ба одамон «шаҳодатномаи шаҳрванди ҷаҳон»-ро месупорид. Дар ин ташкилот 750000 одам аз гӯшаҳои гуногуни олам ба қайд гирифта шуданд. Шаҳодатномаи шаҳрванди ҷаҳонро айни замон 4 давлат: Мавритания, Танзания, Того ва Эквадор қабул мекунанд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ космополитизм ба бархӯрди амиқ рӯ ба рӯ шуд. Солҳои 1948-53 маъракаи васеи мубориза бар зидди космполитизм ҷараён гирифт. Коммунистон ва ҳизбҳои коргар ватандӯстии сотсиалистӣ, муҳаббат ба ватан интернатсионализми сотсиалистиро муқобили идеологияи космополитизм мегузоштанд. Патриотизм, марксизм ва ғайра таълимот алайҳи космополитизм мебошанд.

Космополитизм зери шиори «ҳар як инсон шаҳрванди ҷаҳон аст», ватандӯстиро  инкор, бетавваҷҷӯҳӣ ба Ватан, фарҳангу манфиатҳои умумимиллӣ ва фаромилиро тарғиб ва муборизаи халқҳоро барои истиқлол заиф мекунад. Айни замон космополитизм зери мавҷи ҷаҳонишавии сартосарӣ бештар рушд кардааст.

Манбаъ: Энсиклопедия миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С.658.
Муаллиф: М. Абдуҷабборов.

Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ
.