Шарҳи вожаи Кангурт ва пайдоиши он
Дар бобати тафсири номҳои Кангурт ва Кангуртут (Кунғуртут ҳам мегўянд) бо такя ба таҳқиқоти муаррихону бостоншиносон метавон ба хулосае омад, ки ин мавзеъҳо (Кангурт ва Кунғуртут) аз ҷумлаи маконҳои хеле қадимаи аҳолинишин буда, бозёфтҳои бадастомада ба давраи охирҳои асри биринҷӣ тааллуқ доранд.
Бояд хотиррасон кард, ки номҳои мавзеъҳои номбуршуда аз якдигар бо сохту мавзеъ фарқ доранд. Кангурт номи мавзеи маъмурии амалкунандаи қисми ҷанубии кишварамон мебошад, ки ҳамчун ҷамоати калонтарини ноҳияи Темурмалики имрўза дар қисмати ҷанубии кишварамон ҷойгир мебошад.
Кангурт нахустин мавзее мебошад, ки ба қаламрави Мавароуннаҳр дар давраи асри биринҷӣ тааллуқ дорад. Доир ба маъно ва пайдоиши номи Кангурт маълумоти гуногун мавҷуданд. Дар асоси маводи фарҳангномаҳо, матнҳои авастоӣ ва суғдию бохтарӣ метавон хулоса кард, ки қисми аввали калимаи Кангурт, яъне вожаи «кан» ё «канд» ба маънои шаҳр омада, минбаъд аз вожаи мазкур номвожаҳои зиёди ҷуғрофӣ сохта шудаанд. Масалан, Канак (дар ноҳияи Балҷувон), Канте (дар ноҳияи Айнӣ), Вешканд, Вобаканд, Хўканд, Узканд ва садҳо номвожаҳои дигар мавҷуданд, ки маънои онҳоро ба ду шакл фаҳмидан мумкин аст:
«кан» ё «кант/д»- ба маънои шаҳр;
«кан»- маънои кўтоҳшудаи куҳан буда, аз ин вожа баъзе номҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла Қундуз (Куҳандиз) сохта шудааст.
Дар бобати мафҳуми вожаҳои «гурт, гурд, гирд, гард» ва ё «ғур/ғурт» чанд маънӣ корбурд шудааст:
якум, гурт/гирд ба маънои шаҳр буда, номвожаҳои Фаргурт, Вахгурт, Сиёвушгирд, Вахшгирд, Вашгирд, Висагирд ва ғайра аз ҳамин вожа сохта шудаанд: дувум, тибқи сарчашмаҳои мавҷуда номвожаҳои ҷуғрофии Ғур, Ғурҷанд ва калимаҳои «ғурмагас, ғурвоша» ва монанди инҳо бо вожаи «ғур» оғоз мегарданд ва дар таркиби онҳо «ғур» маънои ранги сурхи ба ранги сабз моилро ифода мекунад. Агар шакли меваи дарахти тути дар ин мавзеъ маълум, яъне қунғуртут аҳмият диҳем, қариб, ки ҳамин ифода тасвир шудааст.
Инчунин, гурт ё гурд ба маънои паҳлавон, баҳодур ва диловар низ меояд, ки дар ин асос Кангуртро метавон ба сифати “шаҳри гурдон», яъне шаҳри диловарон ё баҳодурон маънидод кард.
Номи ҷуғрофии Қунғуртут ба маънои макон-деҳаи тути кунғурдор номгузорӣ шудааст. Ҳамчунин, вожаи тут дар охири калимаҳои шаҳтут, сияҳтут ва номвожаҳои ҷуғрофӣ низ меояд, ки ба онҳо Чортут, Яккатут ва ғайра мисол шуда метавонад. Маънои аслии онҳо ифодаи шумораи дарахти туте, ки дар он мавзеъ рўидааст.
Ва тут (дут) ба шаҳодати санадҳои муътабар аз ҷумлаи ҳамон калимаҳоест, ки хеле куҳан буда, ба замони авастоӣ ва пас аз он тааллуқ доранд.
Аз ин рў, ҳар куҷо канд аст, он дар худ омилҳои ҳимоявӣ ва мудофиавию муборизавиро доранд, ки ба эҳтимоли ғолиб Кангурт низ аз ин маъно баҳра гирифтааст.
Қисмати дувум-гирд ҳамон вожаи маъруфи авастоӣ ё ориёии таърихист, ки бо град (масалан, Волгоград) ва город (масалан, Новгород)-и русӣ ҳамреша аст.
Барои муҳофизати шаҳрҳо дар гирди онҳо хандақ меканданд. Дар ҳофизаи мардуми мо Кангурт ифодагари маънои «кони гурд-паҳлавон» аст, ки дар ин асос онро канди гурд ё шаҳри паҳлавонӣ (шаҳри паҳлавонон) фаҳмидан назар ба шарҳҳои дар боло зикршуда мувофиқтар аст.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи бо кадом мақсад ва сабаб Кангурт ном гузоштани ин мавзеъ маълумоти мушаххасу саҳеҳ мавҷуд нест.
Дар ёддоштҳои баъзе сайёҳону тазкиранигорон маънои калимаи кангурт- канти (шаҳри) дорои рўд ё шаҳри рўддор омадааст, зеро аз ду қисмат ин мавзеъро рўдҳои Оби Тоҳир (Тоҳирсу) ва Оби Ширин убур мекунанд….
Ин матлаб як пора аз мақолаи “Шарҳи вожаи Кангурт ва пайдоиши он” аз китоби “Кангурт”, ки соли 2019 зери назари Асадулло Раҳмон чоп шудааст, мебошад.
Китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарфту мутолаа аст.
Таҳияи Ойҷонгул, Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.