Шариф Муллоев: Китобхонаи миллӣ ҷои дӯстдоштаи онҳоест, ки ба китобу китобхонӣ майли беандоза доранд

Шариф-МуллоевОзмуни Ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ба анҷом расид, натиҷа эълон шуд. Ғолибон соҳиби ҷоизаҳои ваъдагӣ шуданд. Хостем бо идае аз ширкаткунандагон, аъзои ҳакамон ва масъулин як силсила суҳбатҳо дар атрофи озмун ва пешниҳоду дархостҳо барои оянда дошта бошем.

Донишманди маъруф, доктори илмҳои филология, роҳбари хадамоти матбуотии ДСРТ Шариф Муллоев аввалин касе буданд, ки пешниҳои суҳбати кутоҳ атрофи ин мавзуъро пазируфтанд.

Озмун “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар ин сатҳ бори аввал баргузор шуд ва ташаббускору сарпарасти он низ Китобхонаи миллӣ буд. Мехостам суҳбатамонро аз ҳамин оғоз кунем. Аз мушоҳидаҳо бигӯед, ки озмун дар кадом сатҳ буд ва оё ба такмил ниёз дорад?

– Ҷойи баргузорӣ ва шароити муҳайёнамудаи он дар сатҳи лозима буд. Танҳо омодагии довталабон ва сатҳи дониши бисёре аз онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Аз назари шумо озмун ба ширкатдорон чӣ дод? Оё дар китобхон шудани ҷомеа, бавижа ҷавонон саҳмгузор буда метавонад ин озмун?

–   Албатта, баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани савияи донушу фаҳмиши ҷомеа, бахусус ҷавонон  бетаъсир намемонад. Ва бешубҳа, баҳри китобхон шуданд ба омӯзиши пайваста дилбастаги пайдо намудани таъсири амиқ мерасонад.

Дониши довталабони озмун дар чӣ сатҳ буд ва интизориҳои шумо-доваронро бароварда сохт ё не? Агра не чӣ бояд кард, то бо омодагии ҷиддӣ ба озмун биёянду муносибати ҷиддӣ ба озмун намоянд?

–  Такрор ҳам шавад, боз мегӯям, ки сатҳи дониши бисёре аз довталабон дар сатҳи даркорӣ набуд, яъне интизории мо доваронро бароварда накард. Муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки то омадан ба даври ниҳоӣ бо довталабон муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд, то ин ки онҳо бо омодагии ҳамаҷониба ба озмун ҳозир шаванд. Дар урфият мегуянд, ки номи зебо ними ҳусн аст.

Дар мавриди номи озмуни “Беҳтарин хонандаи сарҳои Пешвои миллат”-и Китобхонаи миллӣ яке аз доварон Ҳафиз Раҳмон пешниҳод кард, ки солҳои баъдӣ номи он тағйир дода шавад ва “Дониш талабу бузургӣ омӯз” шавад. Шумо чӣ пешниҳод доред?

– Аз ин рӯз пешниҳоди Ҳофиз Раҳмонро қабул дорам. Он саривақтист ва бисёршинаму зебо.

Китобхонаи миллӣ зарфияти баргузории озмунро барои солҳои баъдӣ дорад?

–  Албатта дорад. Зеро он бо талабҳои зебову мунаққаш ва асбобҳои аёнӣ муҷаҳҳаз аст. Ва ҷойи дӯстдоштаи онҳоест, ки ба китобу китобхонӣ майли беандоза доранд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор шудани озмун чи пешниҳодҳо доред?

Пешниҳодҳои ман чунинанд:

а) Барои баргузории озмун муҳлати дарозтар ҷудо карда шавад. Зеро хондани асарҳои калонҳаҷм муҳлати зиёдро тақозо менамояд.

б) Хуб мебуд, ки замони баргузории озмун дар даврони таътили донишҷӯён (ба истинои таътили тобистона)  раҳандозӣ карда шавад, зеро онҳо аз дарсҳо қафо намонанд.

Суҳбати Раҳима Аъзам