Шашумин соли ширкати Гурдофарид дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

ГУРДОФАРИД ХАЙРУЛЛОЕВАОре, ӯ соли шашум аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат мекунад. Ҳамеша тули ин солҳо то даврӣ ниҳоӣ расидааст, аммо ҳеч соле он қуллаеро, ки бояд паймояд, напаймудааст. Ҷолиб он аст, ки бо ин синну сол иродаи шикастнопазир дорад. Ҳамвора ба ин умед аст, ки рӯзе ба ҳамон қуллае хоҳад расид, ки орзу мекунад.

ГУРДОФАРИД ХАЙРУЛЛОЕВА – хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ширкаткунандаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳист.

Гурдофарид гӯфт, ки соли шашум аст дар Озмун иштирок мекунам ва имсол дар даври шаҳри сазовори ҷойи аввал гардидам. Ман ҳар сол ба даврӣ ҷумҳуриявӣ роҳ меёбам, вале то ҳол сазовори ҷойи намоён нагаштаам. Озмун бисёр шафофу ҷолиб мегузарад ва барои ман шавқовар аст, ки ҳар сол руҳафтода нашуда ширкат варзам. Ба ман ҳамаи китобҳо писанд аст, лекин аз миён китобҳои устод Айнӣ бештар таваҷҷуҳамро ҷалб мекунад.

Ӯ 280 китоб хондааст, 600 шеър аз бар намудааст, ки дар маҷмуъ 20000 мисраъ мешавад. 600 ҳикояву афсона хондааст, 320 зарбулмасал, 150 чистон ва 100 тезгӯяк медонад.

Гурдофарид мегӯяд аз хурди ба ман падару модарам китобҳои гуногун харида меоварданд ва модарам ҳар шаб ба ман афсонаҳо мехонданд, аз ҳамон вақт меҳри китобхонӣ дар дилам ҷо шуда буд ва ба ман падару модарам пешниҳод намуданд, ки дар Озмун иштирок кунам.

Гурдофарид на танҳо дар “Китобхонаи миллӣ”, инчунин дар китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва китобхонаи Мирсаид Миршакар аъзо мебошад.

Китоб як ганҷи бебаҳост, ки тавасути он мо метавонем дониши зиёдро аз худ кунем”,- мегӯяд ӯ.

Мехоҳам аз фурсати ба даст омада истифода карда, сипоси худро ба падару модарам расонам, ки ба ман кӯмак карданд то ин ҷоддаро пеш гирам ва ба дастовардҳои зиёде ноил гардам.

Суҳбати Ганҷина ҶОЛАЕВА,
мутахасиси бахши
матбуот ва робита бо ҷомеа.