Шеъри форсӣ дар Ҳинду Синд дар қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ

Ҳинду Синд1.Ҳинд

Забони урду, ки аз чанд қарни гузашта мароҳили такомули худро дар Ҳинд тай мекард, дар садаи сездаҳум ба авҷи камол расид ва на фақат расмияти худро нигоҳ дошт, балки умумият низ пайдо кард.  Маҷолиси мушоара барои пухтагии комил ва тавсиъаи  ин забон ташкил мешуд ва беҳтарин шоирони урду ҳам дар ҳамин қарн зиндагӣ мекардаанд. Бино бар ин, қаламрави забони форсӣ тангтар гардид ва аз ин ба баъд шуаро натавонистанд таваҷҷуҳи бештаре ба он забон кунанд.

Калимоту истилоҳот ва таркиботи урду ва омиёна, ҳатто бемоя вориди забон ва адабиёти форсӣ дар Ҳинд шуд. Ҳамин вақт буд, ки рақибе дигар-забони ингилисӣ, ки забони фотеҳон буд, барои забони форсӣ ба вуҷуд омад. Дар ин сурат ҷойи шигифтӣ нест, ки дар ин даврон шуарои нодирагӯи форсӣ бисёр зуҳур накарданд. Дар ин давра шоироне дорем, ки ба ҳар ду забон-урду ва форсӣ шеър мегуфтанд, вале натавонистанд он меъёрро ҳифз кунанд. Танҳо шоири номовари ин давра Ғолиби Деҳлавист.

МИРЗО АСАДУЛЛОҲХОН ҒОЛИБИ ДЕҲЛАВӢ

1212-1285 ҳиҷрӣ, фарзанди Мирзо Абдуллоҳбек. Ибтидо “Асад” ва баъд “Ғолиб” тахаллус мекардааст. Ашъораш ширину фасеҳ ва пур аз никоту ташбеҳоти бадеъ ва дақиқу музайян ба мазомини фалсафию ирфонист. Сабки шуарои мутақиддим, бавижа сухансароёни Ҳиндро татаббуъ карда ва дар айни ҳол кушидааст, ки барои наводири афкори худ қолабҳои нав бисозад ва дар лафзу маънӣ мутаҷаддид бошад.

Дилдодаи духтари раз буд ва ин кайфият аз ашъораш пайдост. Унсури ғам низ аҳаммияти хос дар каломаш дошт. Осораш ҳам баёнгари ҳузну малол аст ва ҳам мояи сукуну қарор. Ба қавли нависандаи “Шаъми анҷуман”, маҷмӯи ашъораш 10424 байт мебошад. Мутузаммини қасоид, ки ғолибан дар мадҳи ҳуккоми Фарангу руасову акобири Ҳинд аст ва ғазалиёту қитаот ва рубоиёту маснавиёт ва ғайра.

АЗ ӮСТ:

Ба рӯйи барги гул то қатраи  шабнам напиндорӣ,

Баҳор аз ҳасрати фурсат ба дандон мегазад лабҳо.

****    ****    ****

Пок хӯр имрӯзу зинҳор аз пайи фардо манеҳ,

Дар шариат бода имрӯз обу фардо оташ аст.

****    ****    ****

Муждаи субҳ дар ин тирашабонам доданд,

Шамъ куштанду зи хуршед нишонам доданд.

Руҳ кушоданду лаби ҳарзасароям доданд,

Дил рабуданду ду чашми нигаронам доданд.

Гуҳар аз рояти шоҳони Аҷам барчиданд,

Ба иваз хомаи ганҷинафишонам доданд.

Гуҳар аз тоҷ гусастанду ба дониш бастанд,

Ҳар чӣ бурданд ба пайдо, ба ниҳонам доданд.

Ҳар чӣ дар ҷизя зи габрон майи ноб оварданд,

Ба шаби ҷумъаи моҳи Рамазонам доданд.

Ҳар чӣ аз дастгаҳи Порс ба яғмо бурданд,

То бинолам, ҳам аз он ҷумла забонам доданд.

****    ****    ****

Андар он рӯз, ки пурсиш равад аз ҳар чӣ гузашт,

Кош ба мо сухан аз ҳасрати мо низ кунанд.

****    ****    ****

Ба Одам зан, ба шайтон тавқи лаънат,

Супурданд аз раҳи такриму тазлил.

Валекин дар асирӣ тавқи Одам,

Гаронтар омад аз тавқи Азозил.

****    ****    ****

Аз дил ғубори шиква ба шустан намеравад,

Гуфтан муқаддар асту мусаффо гиристан.

Аз ҷисм ба ҷон ниқоб то кай,

Ин ганҷ дар ин хароб то кай?

Ин гавҳари пурфурӯғ, ё, Раб,

Олудаи хоку об то кай?

Ин роҳрави масолики қудс,

Вомондаи хӯрду хоб то кай?

Бетобии барқ ҷуз даме нест,

Мо в-ин ҳама изтироб то кай?

Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли  2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.

Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.