Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Андиҷон

Дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дуюмин рӯз аст, ки Конфронси байналмилалии Осиёи Марказӣ 2022: Захираҳои иттилоотӣ-китобхонаӣ дар илм, маориф, фарҳанг ва тиҷорат” идома дорад. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар ин нишаст ширкат ва суханронӣ кард.

Конфронси мазкур бо ҳадафҳои: мусоидат ба табодули самараноки таҷриба дар масоили ташаккули захираҳои электронии иттилоотӣ, таъсиси системаҳои китобхонаҳо ва истифодаи онҳо дар муассисаҳои иттилоотию китобхонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, бойгонӣ, осорхонаҳо; мусоидат ба таъсиси иттиҳодияҳои эҷодӣ/консорсиумҳо дар мавриди истифодаи муштараки захираҳои иттилоотию китобхонавӣ (пеш аз ҳама электронӣ), ташкил ва фаъолияти марказҳои омӯзишии технологияҳои нави иттилоотӣ дар соҳаи китобхонашиносӣ; васеътару густардатар истифода намудани имкониятҳои интернет, базаҳои электронии маълумотҳо, таъмини дастрасии кушод ба захираҳои иттилоотӣ ва ташаккули мундариҷаи онҳо муассисаҳои иттилоотиву китобдорӣ ва таълимӣ созмон дода шудааст.

 Дар конфронс Китобхонаи миллии Тоҷикистонро директори он, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол муаррифӣ намуда, дар мавзӯи «Ҳолат ва тамоюлҳои рушди захираҳои электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маърӯза кард.

Дар ин чорабинӣ иштирокчиён метавонанд аз таҷрибаи кори худ нақл кунанд ва ширкати онҳо барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатии китобхонаҳои миллӣ аз аҳамияти калон бархӯрдор аст.

Бо матни комили суханронии Директори Китобхонаи миллӣ метавонед ин ҷо шинос шавед:

СУХАНРОНӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ 2022 ЗАХИРАҲОИ ИТТИЛООТӢ-КИТОБХОНАӢ ДАР ИЛМ, МАОРИФ, ФАРҲАНГ ВА ТИҶОРАТ”

Раҳима Аъзам