Ширкати ҳамкоронамон дар як семинари миллии омӯзишӣ
Рӯзҳои 29-30 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) семинари миллии омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҷустуҷӯ дар пойгоҳи манбаъҳои иттилооти патентӣ ва рушди марказҳои дастгирии технология ва инноватсияҳо дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур аз Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директор оид ба технологияҳои иттиллоотӣ ва коммуникатсионӣ Зафар Саидзода, сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Якубҷон Бобохонов ва сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ Маҳина Раҳмонова ширкат карданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин мутахассисони СУМЗ, намояндагони вазорату идораҳо, ихтироъкорону навоварон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, масъулони марказҳои дастгирии технология ва инноватсиҳо дар Тоҷикистон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории семинари мазкур барои амалигардонии талаботи Созишнома оид ба хизматрасонӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ «Вобаста ба ташкил ва рушди марказҳои дастгирии технологияҳо ва инноватсияҳо», ки 13-уми июли соли 2023 ба имзо расонида шудааст, равона гардидааст.
Семинар мавзуъҳои «Манбаҳои дарбаргирандаи иттилооти патентӣ», «Аҳамият ва зурурияти ҷустуҷӯ ва тадқиқоти патентӣ», «Манфиатнокии иттилоотӣ патентӣ» ва дигар масъалаҳои марбут ба раванди ихтироъкорӣ ва тиҷоратикунонии онро дар бар гирифта, аз ҷониби мутахассисони СУМЗ ва муассиса матраҳ карда шуданд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар соҳиби сертификат шуданд.