Ширкати Китобхонаи миллӣ дар намоишгоҳи 13-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз (20.10.2025) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши 13-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” оғоз гардид, ки дар ин намоишгоҳ беш аз 30 ноширони ватанӣ ва хориҷӣ: “Маориф”, “Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик”, “Ирфон”, “Адиб”, “Эр–граф”, “Эко – принт”, ҶДММ “Балоғат”, “Сухан”, ҶДММ “Ношир”, ҶДММ “Бебок”, КВДТС “Китоб”, “Истиқбол” КВД “Шарқи озод”, “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ”, “Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ва ноширони хориҷӣ аз кишварҳои Русия, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Қирғизистон, Эрон ва ғайра бо беҳтарин намунаҳои китобҳои муассисаҳои табъу нашри хеш иштирок доранд.
Китобхонаи миллӣ ҳамчун Муассисаи нашркунандаи силсилакитобҳо ва дастурҳои библиографию феҳристномаҳо дар XIII -умин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” иштирок мекунад. Китобхона ба Намоиши 13-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” 117 нусха китобу маҷалла пешкаш намуд. Аз ин теъдод 11 нусха маҷаллаи “Паёми Китобхонаи миллӣ”, “Таджикистан в литературе на иностранных языках. (1991-2021)” бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчунин тамоми китобу дастурҳои то имрӯз нашркардаи Китобхона ба маърази тамошои иштирокдорону меҳмонони намоишгоҳ гузошта шуданд.
Дар намоишгоҳи мазкур ноширони кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Эрон, Чин, Туркия, Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ китобҳои худро ба намоиш гузоштаанд.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Туркманистон дар қатори намоиши китобҳои худ, мунтахаботи “Лаззати гуҳаррез”-и Махдумқулии Фироқӣ, адиби туркманро дар тарҷумаи адибони тоҷик Сайидалӣ Маъмур, Муҳиддин Фарҳат, Муҳиддин Аминзода, Мӯҳтарам Ҳотам ва чанде дигарон ба намоиш гузошт.

АШКҲО (тарҷумаи Мӯҳтарам Ҳотам)
Қисматам бар ман ҷафо кард,
Омадам айёми душвор.
Додаам фарзанд аз даст,
Шуд дилу ҷонам пурозор.
Ё худ:
“РАВӢ, РАВ АМОН!” дар тарҷумаи Муҳиддин Аминзода
Гуфтам ба рӯи ту хол,
Гуфто: ба ранги гулҳо.
Гуфтам : забон чу қумрӣ,
Гуфт: андалеби руъё.
Гуфтам: биё хабар гир,
Гуфт: одамон дар он ҷо.
Ҳадафи намоиши мазкур таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ дар ҷомеа, тарбияи ватандӯстиву маънавии қишрҳои гуногуни ҷомеа махсусан наврасону ҷавонон тавассути мутолиаи китоб мебошад.
Зимнан, дар доираи Намоиши 13-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо иштироки олимон, ноширон ва шоирону нависандагон конференсияи илмӣ-амалӣ ва рӯнамоии китобҳои тозанашр баргузор мегардад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 инҷониб ҳамасола Намоиши байналмилалии “Китоби Душанбе” доир мегардад.
13-умин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” имрӯз оғоз гардида, то 22-юми октябри соли 2025 идома хоҳад кард.
Махфират МУҲИДДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.