Ширкати корманди Китобхонаи миллӣ дар як мизи гирд бахшида ба Меҳргон

Китобхонаи миллӣ

Бахши Донишгоҳи давлати Маскав ба номи В. М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мизи гирд бахшида ба ҷашни Меҳргон бо номи «Меҳргон-ҷашни ҳосилоту баракат» доир намуд, ки дар он  омӯзгорону донишҷӯёни ширкат карданд. Дар мизи гирд корманди китобхонаи миллӣ Раҳима Бобоева низ иштирок ва дар мавзӯи “Суфраи Меҳргон” суханронӣ намуд.

Мизи гирдро муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи  Шодибеки Сафар оғоз намуда, иштироккунандагонро ба ин ҷашни ниёгон табрик намуд ва мухтасар дар бораи таърихи ҷашни Меҳргон чун оини қадимӣ ва анъанаи дерини халқи тоҷик суҳбат кард.

Омӯзгори кафедраи “Лингвистика” дар мавзӯи «Ҷашни Меҳргон – мақоми он дар фарҳанги мардуми тоҷик» суханронӣ кард.

Мизи гирд бо шеърхонии донишҷуёни донишгоҳ дар васфи иди Меҳргон ҷолибтару зеботар гашт.

Маҳфилро сурудхонии донишҷӯи ин макони илм Муродов Ш., ки ба Меҳргон бахшида шуда буд, рангин намуд.