Ширкати кормандони Китобхона дар нишасти онлайн дар мавзӯи бахши абонементи байни китобхонаҳо ва ҳуҷҷатрасонии электронӣ

18-уми май дар доираи Конфронси XXV-уми Солонаи Ассотсиатсияи китобхонаҳои миллии Русия ҷаласаи шуъбаи абонементи байни китобхонањо ва ҳуҷҷатрасонии электронӣ  баргузор гардид. Кормандони шуъбаи абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баррасии як қатор масъалаҳо дар мавриди намудҳои инноватсионии хизматрасонии китобхонахо ва нақши AБК ва хуҷҷатрасонии электронӣ дар фаъолияти ояндаи китобхонаҳо ширкат варзиданд.

Дар чаласа маърузаи Е.В.Иванова – корманди масъули  Донишгоҳи Якуми давлатии тиббии Маскав ба номи И.М. Сеченова дар мавзўи Дастрасии кушодаи онлайн ба ҳуҷҷатҳои чопии литсензионӣ” ва маърузаи А.Г. Паклин “Хизматрасонии абонементии истифодабарандагони АБК ва  хуҷҷатрасонии электронӣ – дар соли 2030 чи натиҷа хоҳем дошт?” дар маркази таваҷҷуҳи иштироккунандагон  қарор   гирифт.

Пас аз ироаи маърузаҳо баҳсу баррасиҳои густардае перомуни маъсалаҳои пешниҳодшуда сурат гирифт. Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳхои ироашуда фаъолона иштирок намуданд.

М. Мирзоҳасанова,

 мутахассиси шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо.