Ширкати муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ дар мизи гирди байналмилалие, ки онлайн баргузор шуд
26-уми сентябри соли 2024 муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Салима Раҷабзода дар мизи гирди байналмилалии илмию-амалӣ, ки онлайн баргузор шуд, ширкат кард.
Мизи мудавварро Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Любимова Олга Борисовна ҳусни оғоз бахшида, меҳмонро хайрамақдам гуфт. Инчунин Кобисский Дмитрий Аркадевич – дабири кулл, сардори котиботи Шурои Ассамблеяи байнипарламонии давлатҳои аъзои ИДМ ва Дуда Вадим Валерович директори генералии Китобхонаи Давлатии Русия, Президенти Ассотсиатсияи китобхонаҳои Русия, Президенти Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё ширкат доштанд.
Мизи мудаввар аз се бахш иборат буд ва дар он намояндагон аз китобхонаҳои миллии Қазоқистон, Беларус, Ўзбекистон, Қирғизистон ва дигар манотиқи Федератсияи Русия иштирок намуданд.
Мавзуи суҳбати Салима Раҷабзода “Китобхонаи миллӣ Маркази илмӣ ва методии китобхонаҳои Тоҷикистон» буд. Вай аз ҷумла гуфт:
Бештар аз 90 сол аст, ки Китобхонаи миллӣ дар фазои илмӣ-маърифатӣ ва иттилоотӣ-фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон нақши ниҳоди роҳбарикунандаи соҳаи китобдориро дошта, барои китобхонаҳои низоми фаъолияти оммавӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ ҳамчун маркази методӣ амал намуда истодааст.
Зиёд гардидани шумораи китобхонаҳо ва истифодабарандагон, тағйир ва такмили сохтори идорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тарзу усули хизматрасонии китобхонаҳо, ҷустуҷӯйи шаклу воситаҳо ва методҳои наву замонавиро дар соҳаи китобдорӣ тақозо намуда, соли 1950 дар сохтори Китобхонаи миллӣ зарурати таъсиси шуъбаи илмӣ-методиро ба миён овард. Инак бештар аз 70 сол аст, ки Китобхонаи миллӣ ба воситаи шуъбаи мазкур масъалаи беҳбуд бахшидани кори китобхонаҳо, расонидани ёрии назариву амалии методӣ ба китобдорон ва кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Нигоҳе ба фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар самти расонидани ёрии амалии методӣ, таҳия ва дастрас намудани тавсияномаҳо ва роҳнамову дастурҳои методӣ ҷиҳати такмил ва танзими фаъолияти китобхонаҳои саросари кишвар нишон медиҳад, ки дар раванди ташкили сохтори идорӣ, низоми фаъолият, ҷоринамоии роҳу усулҳои муассиру санҷидашуда дар раванди фаъолияти китобдорон ва китобхонаҳои кишвар саҳми Китобхонаи миллӣ ҳамчун ниҳоди марказии кумакрасон намоён мебошад. Дастурҳои методии таҳияшаванда аз тарзи дурусти коркарди китоб, ҷобаҷогузории фонди китобхона, роҳу усулҳои нигоҳдории фонд гирифта то усулҳои баргузории маҳфилу чорабинӣ, ташкили нишасту вохӯриҳо ва роҳандозии намоишҳои китобиро дар бар гирифта, сарчашмаҳои хуби маълумотӣ ва роҳнамоӣ барои китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Давоми солҳои охир дар натиҷаи омӯзиши вазъи кунунии фаъолияти китобхонаҳо, талаботи рӯзафзуни соҳа ва тақозои замони муосир аз ҷониби китобдорони Китобхонаи миллӣ дастурҳои методии “Нақши китобхонаҳо дар тарғиби тамаддуни ориёӣ: маводи методию библиографӣ барои китобдорони ҷумҳурӣ”, “Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути техналогияи итилоотии муосир: дастури услубӣ”, “Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он: дастури услубӣ барои китобдорон соли 2014” “Усулҳои нигоҳдории фонди китобхонаҳо”, “Адибони Тоҷикистон (қисми 3) (тавсияҳои методӣ барои китобдорон)”, “Истиқлолият – дастоварди бузурги миллат (тавсияҳои методӣ барои китобдорон)” ва даҳҳо тавсияву маслиҳатномаҳои дигар таҳия ва дастраси китобдорони китобхонаҳои кишвар гардонида шудааст.
Дар баробари таҳия ва чопи дастуру тавсияномаҳо китобдорони Китобхонаи миллӣ пайваста бо ташкили сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳо ва дурдасттарин нуқтаҳои хизматрасонии китобхонавӣ, амалан дар ташкили кори китобдорӣ, тарзу усулҳои нигоҳдошти фонд, ташкили феҳристҳо, роҳандозии намоишҳои китобии мавзуӣ ва ҷалби хонандагон ба китобхона кумак расонида, рисолати касбии худро иҷро менамоянд.
Китобхонаи миллӣ пас аз ба фаъолият оғоз намудани бинои нави худ дар соли 2012 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар муассисаи тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва дигар китобхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, аммо новобаста аз ин Китобхонаи миллӣ ҳамчун ниҳоди роҳбарикунандаи низоми фаъолияти китобдорӣ дар ҷумҳурӣ нақши арзанда дорад.
Мутахассисони Китобхонаи миллӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати фаъолияти китобдории кормандони китобхонаҳои музофотӣ, такмили дониши онҳо ва баланд бардоштани маҳорати касбии китобдорон ба воситаи ташкили курсҳои кутоҳмуддат дар Китобхонаи миллӣ ва ҳамчунин курсҳои кутоҳмуддати сайёр дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ онҳоро бо навтарин донишҳои соҳавӣ ва дастоварду комёбиҳои соҳа ошно менамоянд.
Дар самти омӯзиши таҷрибаи китобхонаҳои ҷаҳон ва татбиқи онҳо дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ Китобхонаи миллӣ бо 15 китобхонаи кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Россия, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Узбекистон ва чанде дигар ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дошта, бо онҳо мубодилаи таҷриба ва табодули китобӣ дорад. Дар ин асос ҳамасола беҳтарин мутахассисон ба китобхонаҳои ҳампаймон ҷиҳати омӯзиш ва сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд ва таҷрибаи адӯхташуда дар натиҷаи коркард ва мутобиқкунӣ ба кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар шакли баргузории курсҳои омӯзишӣ ё таҳияи тавсияҳои методӣ омӯзонида мешаванд.
Хулоса, мувофиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» Китобхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ ва тибқи Оинномаи тозатасдиқи худ аз 13-уми сентябри соли 2022, №454 ҳамчун маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дарёфти иттилоот, истифодаи фондҳои китобхона ва дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ таъмин менамояд ва барои китобхонаҳои низоми фаъолияти гуногун дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун маркази методӣ фаъолияти назаррас дошта, ҷиҳати таъмини китобдорони китобхонаҳои кишвар бо маводи методию тавсиявӣ ва омӯзиши дастоварду навгониҳои соҳаи китобдорӣ нақши намоён дорад.
Муҳаббат Шобулбулова