Шодравон Ҷамшед Исмоилов: Пешвои миллат – эҳёгари фарҳанги миллӣ
Қабули Қонуни ҷумҳурӣ дар бораи унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат додан ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳудудан ҷамъбасти афкори мардум дар ин бора аст. Мардуми кишвар ўро кайҳо пешво хонда буданд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ халқи Тоҷикистон ўро падар, Сарвар, Роҳбар мегуфт ва ҳамин калимаи пешворо ифода мекарданд. Шумо «Пешвои мое», мегуфт дар мулоқоте пирамарди дарвозӣ, «Шумо падари моҳон», мегуфтанд дар Суғд, «шумо раҳбари мо», мегуфтанд дар Кўлобу Бадахшон.
Воқеан ҳам ў он чӣ ваъдаву қавл дода буд, иҷро кард ва ба анҷом расонд. Сулҳ ваъда карда буд, овард, халосӣ аз бунбастҳои коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва иқтисодӣ, ки дурнамои стратегияи ў буданд, дар ҳаёт амалӣ гаштанд. Дар ин миёна дигаргуниҳое дар пешрафти фарҳанг, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар садсолаҳо сурат нагирифта буданд.
Умре ба санъат сару кор дорам, солҳо дар ин соҳа мудирият кардам, гўё мутахассис ҳисоб меёфтам. Хушбахтона, чанд соли охири фаъолияти ман дар ин соҳа таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Сарвари давлат гузаштааст. Бо сипарӣ шудани солҳо ҳодисаҳо пеши рў меоянд.
Замони кор дар Вазорати фарҳанг ва иттилоот ба ман чанд бор роҳбарии ҳайатҳои сафарӣ ба хориҷи кишвар супорида шуда буд. Вақт ниҳоят нозук, вале таҷриба камӣ мекард. Чаро дурўғ гўям, ҳамон замон худамро аз «мандонамҳо»-и давр ҳисоб мекардам. Гўё ҳама чиз бароям равшан аст. Дар хориҷа, вақте, ки ба душворӣ рў ба рў меомадам, гуфтаҳои Сарвари давлат ба ёдам меомаданд ва роҳи ҳалли мушкилиро меёфтам. Ҳамин гуна ҳолатҳо дар сафарҳо ба Ироқ, Озарбойҷон ва Ўзбекистон рўй дода буданд.
Аввали солҳои навадум анъанаи таҳияи консертҳо барои маросимҳои давлатӣ ба таҳаввулот рў ба рў шуд. Солҳои пеш агар ба барнома роҳбарияти вазорати фарҳанг ниҳоят эътибори ҷиддӣ диҳанд, муовини соҳавии Сарвазир тамошо ва қабул мекард. Солҳои охир ин барномаҳоро худи Ҷаноби олӣ медиданд. Чанд бор ман ҳам иштирокчии бевоситаи таҳияи барномаҳо будам. Бахусус дар консерт барои роҳбарони давлатҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай, медидам, ки аз авали сохтани барнома, рафти он, махсусан ҳини қабули консертҳо он кас чӣ қадар ҷиддӣ мегирифтанд. Муҳим он аст, ки таҳлили профессионалӣ мекарданд. Барои ин андешаҳоро гуфтан таҳсилот, мушоҳида ва хулосаронии мантиқӣ лозим меомад. Он кас ҳамаи инро доро буданд.
Баъди таҳлил, пешниҳодҳои тозаро ба барнома ворид кардан, чӣ дар ороиши саҳна ва чӣ дар интихоби шеъру мусиқӣ, як барномаи хеле ҷолибу диданӣ омода мешуд, ки меҳмонони олиқадр ва тамоми мардуми Тоҷикистон онро бо ҳавас тамошо мекарданду аз навовариҳо дар санъат аз тариқи телевизион сухан мегуфтанд.
Хуб мешуд, ки дастандаркорон ва таҳиягарони барномаҳои консертӣ гуфтаҳо, эродҳо ва пешниҳодҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таҳия ва гузаронидани барномаҳои нав сенарияҳои хуб пешниҳод ва ҳунармандони ҷавони боистеъдодро ҳарчи бештар ҷалб мекарданд.
Ба ёд меорам. Баъди як маҳфили ниҳоят бузург барномаи консертӣ оғоз шуд. Якчанд ҳунарманд баромад карданд. Дар толор хомўшӣ ҳукмфармо буд. Аз як тараф, ҳузури Сарвари давлат ҳозиринро «боадаб» карда бошад, аз тарафи дигар, роҳбарони идораҳои калони давлатӣ, ки он вақт худам ҳам дар қатори онҳо будам, курсии толорро аз курсии идора фарқ намекарданд.
Ҳамин вақт Сарвари давлат аз ҷой хеста, бо ваҷд чапак зада, ба ҳозирон муроҷиат карда гуфтанд: «Чаро ором нишастаед? Пазироии ҳунармандонро ёд бигиред.»
Занҷири хомўшӣ гусаст, ҳама аз ҷо бархоста қарсак мезаданд. Аз номи Сарвари давлат дастагулҳои зебо ба ҳунармандон расид. Минбаъд дар консертҳо медидем, ки ҳозирон худро озод ҳис карда, хушҳолӣ ва фароғати худро пинҳон намемонданд.
Нишасти ҷамъбастии Фестивали байналмиллалии «Фалак-2008» нағз дар хотирам мондааст. Хунармандони Эрону Афғонистон низ иштирок доштанд. Дар аввал ҳунармандони худамон баромад карданд. Баъди сурудхонии ду-се ҳунарманд, Сарвари давлат аз ҷой бархоста ба ҳозирин муроҷиат карданд: – Магар «Фалак»-ро ҳамин тавр гўш мекунанд, куҷост нидоҳои таҳсину офарин, шодбошу «ҳе, бале».
Ин таъкид асар кард, ки кафкўбӣ ҳам гармтар шуд, нидоҳои таҳсину офарин ба маврид фалаксароёнро рўҳбаланд менамуд. Гўш кардану ҳаловат бурдан аз «Шашмақом»-ро аз раҳбари кишвар омўхтам, ҳарчанд худам бештар аз 10 сол дар ин даста кор карда будам.
Хушбахтона, дар мулоқоти Сарвари давлат (соли 2015) бо зиёиён иштирок доштам. Сарвари давлат нохост маро ба назди худ даъват намуда, фармуданд, ки суруде бихонам. Дасту по хўрдам. Он кас давраҳои ҷавониро ба ёд оварда, маро хеле дилбардорӣ карданд. Аз ин дилбардориҳо рўҳу илҳоми тоза гирифтам. Чӣ тавре ки дар боло гуфтам, бисёр мехостам, ки ба ҳамон ришсафедони музофотӣ такя карда, «Пешвои муаззам» гуфта, муроҷиат намоям. Вале беҷуръатӣ карда: Ҷаноби олии азиз, гуфта, наздикашон рафтам. Дар назари худам каме ношинам омад, вале бисёр самимиву саршори меҳр буд. Ҳоло ба худам қавл додам, ки ин дафъа ҳангоми вохўрӣ ҳатман ҷуръат карда, бо ҳамин ибораи дўстдоштаам- «Пешвои муаззам» муроҷиат менамоям. Зеро хуб нест, ки шахсе, ҷавоне, ҳатто номашонро мегиранд. Дар одоби шарқиён ҳеч гоҳ номи Шоҳро дар рў ба рўяш намегирифтанд. Ба фикрам «Пешвои муаззам» гуфтани ман ба ҷо овардани эҳтиром, ҳам дарки салобату шўҳрати он касро баёнгар аст.
Чанд сухани дигар дар бораи он тавоноӣ ва дороиҳое, ки дар соҳаи фарҳанг дар чоряк асри охир соҳиб шудем. Рўйхати ёдгориҳои таърихӣ болои миз меистод. Шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, тахти Сангин ва дигарҳо. Вале дар ҳама ин ёдгорӣ-вайронаҳо як раста ба роҳи рост истодан намеёфтем. Оре, бар асари таҷовузи аҷнабӣ ҳамаи осорҳои маданиву фарҳангии мо то ҳамин дараҷа ба харобазор табдил ёфта буданд.
Дар Тоҷикистон хушбахтона, ҳамаи онҳо имрўз дубора қомат афрохта, эҳё шуда истодаанд.
Ёдам омад, ки осорхонаҳои шаҳри Бағдодро ҳангоми сафар дида будам, имрўз ба хок яксон кардаанд. Оё инҳоро аз нав барқарор карда метавониста бошанд?
Касе, ки сафар кардаасту ҷаҳон дидааст, муқоиса мекунад ва мебинад, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйиротҳо анҷом ёфта истодаанд.
Агар дар бораи ободонии муассисаҳои фарҳангӣ чизе гуфтанӣ шавем, суханро бояд аз он оғоз кунем, ки дар замони Истиқлолият қариб ҳамаи муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ бо дастгирии Роҳбари давлат аз нав таъмири капиталӣ гашта, ба шароити ҷаҳонии рўз мутобиқ кунонида шудаанд. Даҳҳо муассисаҳои нав, аз қабили клубу қироатхонаҳо, китобхонаву боғҳои истироҳатӣ – фароғатӣ дар музофот қомат афрохтанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат эҳёи осорҳои фарҳангии бостониамон ва иморатҳои имрўза ба ҳам пайванд меёбанд. Яъне бозсозии осори ниёгон ва Китобхонаи миллӣ, Театри миллӣ, Кохи Наврўз, даҳҳо боғи мўҳташами фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳо шоҳиди ин гуфтаҳоянд. Дар ҳамин радиф муассисаҳои варзишӣ, сайёҳӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Агар мо ба хурдтарин ҷузъиёти фарҳангӣ назар кунем, мебинем, ки Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳ кардаанд. Масалан, барои нигоҳ доштани фарҳанг, урфу одатҳои миллӣ дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ кўшишҳое ба харҷ медиҳанд, ки қобили ҳама гуна таҳсину шукргузорист. Он кас на танҳо дар сафарҳои худ бо онҳо вомехўранд, балки аз роҳбаронуи вазорату муассисаҳо талаб мекунанд, ки алоқаи доимӣ дошта бошанд. Эҷодкорону ҳунармандон мунтазам ба назди онҳо сафар мекунанд, суҳбат меороянд, гузориш медиҳанд. Яъне онҳоро аз асли хеш дур шудан намегузоранд.
Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомали Раҳмон, ки барои мо Тоҷикистонро сохтанд, бунёдкориву созандагиро дар заминаи мавридшиносиву мавқеъпазирӣ рушду нумўи тоза бахъшидаанд, ба бахти миллати тамаддунофари тоҷик бозёфти нодири таърихианд. Бо имони комил комил бояд гуфт, ки ин абармарди бузурги арсаи сиёсатро шафоату шарофати рўҳи шикастнопазир ҳамеша мададгор хоҳад буд. Рисолати бузургеро, ки Сарвари муаззами тоҷикони дунё, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҷо овардаанд, якояки мо дар ҳар нафас, дар ҳар куҷо бояд арҷ гузорем.
Ҷамшед Исмоилов,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Аз китоби “Ба ҳар ҷое ту бошӣ, ёди ман кун…”, бозчоп шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе нашр шудааст.
Китоби “Ба ҳар ҷое ту бошӣ, ёди ман кун…” ба 65 солагии зодрўзи ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Ҷамшед Исмоилов бахшида шудааст ва аз зиндагиномаю ёддоштҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов, меҳрнома, ёднома ва хотираҳои устоду шогирдон, ҳамкору ҳампешаҳо, ёру дўстон, фарзандон ва мухлисони созу сурудҳои дилгудозу рўҳнавози шодравон мураттаб гашта, ҷанбаи маърифатию тарбиявӣ дорад ва барои ҷавонон дар интихоби касбу ҳунар ва роҳи рости зиндагӣ дастуру роҳнамои хубест. Ин китобро ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбеки Мўсо тақдим намудааст. Ва Шумо, хонандагони азиз, онро метавонед дар дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолиа намоед.
Таҳияи Нигина Маҳмудова.
Ба ҳар ҷое ту бошӣ, ёди ман кун…
Ба 65 солагии зодрўзи ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Ҷамшед Исмоилов бахшида мешавад.
Ин китоб аз зиндагиномаю ёддоштҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов, меҳрнома, ёднома ва хотираҳои устоду шогирдон, ҳамкору ҳампешаҳо, ёру дўстон, фарзандон ва мухлисони созу сурудҳои дилгудозу рўҳнавози шодравон мураттаб гашта, ҷанбаи маърифатию тарбиявӣ дорад ва барои ҷавонон дар интихоби касбу ҳунар ва роҳи рости зиндагӣ дастуру роҳнамои хубест. Ин китобро ба шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбеки Мўсо тақдим намудааст.
Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар