Шогирд дар бораи устод. Муаллим ва сарвари хоксору дилшинос  

 Ниҳоли қоматат пурбор гардад,

Туро умри наку ҳам ёр гардад.

 Дар дунё бизи сад соли дигар,

 Ки дунё аз поят гулзор гардад.

 

Дар ҷомеаи фарҳангии имрўзаи соҳаи китобу китобдорӣ ва библиографияшиносии тоҷик бо шахсиятҳое рў ба рў мегар­дед, ки дар ҷодаи омўзонидани  шогирдон  масъулиятро мақсаду мароми хеш қа­рор дода, бо ташаббусҳои некашон мақбули ҳамагону пешравии соҳаи фарҳанг гаштаанд ва пайваста дар ин самт талош­ меварзанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Маҳмудов Гадобек Буриевич мебо­шад, ки солиёни зиёд дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст, омўзгор дар ҷодаи  фарҳангию маърифатӣ ва таълимии соҳаи китобдорӣ ва библиографияшиносӣ ба кишвари азизамон хизмати босазо анҷом медиҳад. Ў пеш аз ҳама шахси хеле ғамхору роҳбари меҳрубон мебошад ва доимо ба ҳамкоро­наш мадади амалии худро мерасонад.

Маҳмудов Гадобег Бўриевич 1-уми майи соли 1960 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рўдакӣ) таваллуд шудааст. Баъди хатми  мактаби миёнаи рақами 66 ноҳияи мазкур, соли 1978, ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав дохил шуд, онро соли 1982, бо ихтисоси китобдор-библиограф, хатм намуд, фаъолияти кориашро, соли 1982, ба ҳайси китобдори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи давлатии ба номи А.Фирдавсӣ оғоз кард.

Солҳои 1983-1990 нахуст ба ҳайси омўзгори кафедраи библиографишиносии факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, аз соли 1990 то соли 2006, ба сифати омўзгори калони кафедраи мазкур кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2013 роҳбарии кафедраи библио­графишиносии ДДСТ ба номи М.Турсунзодаро ба уҳда дошт. Дар ин вазифаи пурмасъулият, оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи китобдорӣ, саҳми калон гузошт. Дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои фаннӣ, силлабусҳо, дастурҳои методӣ ва таълимии ба соҳаи библиография, фаъолона ширкат намуд. Ў муаллифи китобҳои дарсӣ ба фанни «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» (2012), «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» (2018), «Библиографияшиносӣ» (2019) ва бештар аз 100 асарҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои библиографӣ мебошад.

Солҳои 2013-2015 ба сифати декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода адои вазифа намуд ва дар таҳияи нақшаҳои таълимӣ, силлабусҳо, барои гузариш ба низоми таҳсили кредитӣ, саҳми калон гузошт.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 22-юми майи соли 2015, таҳти № АП – 511, мавсуф муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид.

Дар давоми фаъолияти худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст. Бо ташаббуси ў барои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ҳамоишҳои илмӣ-методӣ роҷеъ ба ҳифзу истифодаи захираи китоб созмон дода шуд, доир ба ин масъала вай дар семинарҳои ҷумҳуриявӣ гузоришҳо омода кард. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кўшиш менамояд. Ҳамзамон, дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, бо маҳорату кордонии худ саҳми арзанда мегузорад. Бо ташаббуси вай барномаи курсҳои такмили ихтисоси кўтоҳмуддати сайёр барои китобдорони низоми китобхонаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Қобили зикр аст, ки Гадобек Маҳмудов дар тамоми корҳои ташкилӣ- ҷамъиятии Китобхона фаъолона ширкат меварзад. Ў барои баланд бардоштани фаъолияти китобдорӣ, савияи дониши кормандони китобхона, ширкати онҳо дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи китобдорӣ саҳми бевосита дорад. Маҳз бо ибтикори ў бахшида ба 85-солагии таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Роҳҳои тадбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ҳамзамон дар чандин семинару конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар мавзўъҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ бо маърўзаҳо иштирок намуд.

Дар давоми фаъолияти корӣ Маҳмудов Гадобек  худро ҳамчун роҳбари кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дода, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ў ба ҳамкорон, дар иҷрои вазифаи хидматӣ кўмак намуда, ҳамчунин нисбат ба иҷрои уҳдадориашон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо масъулиятшинос мебошад. Иҷрои нақшаи кории шуъбаю бахшҳои китобхонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз ҳар як корманд иҷрои пурраи вазифаи хидматиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок карда, хулосаҳои аниқу дақиқ пешниҳод менамояд. Ў ҳамчун мутахассиси эҷодкор ва навовари соҳаи китобдорӣ дар ташаккул  ва рушди фарҳанги Тоҷикистон ҳиссагузор, ба ҳамкорон ва хонандагон хушмуомила мебошад.

Ҳамзамон хабарнигори махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёмномаи Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё» низ мебошад.

Барои хизматҳояш, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз шуд. «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Бо сипосномаву ифтихорномаҳои вазорату ташкилотҳо сарфароз гардонида шудааст.

Гадобек Маҳмудов  дар байни коллективи кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ обурў ва эътибори беҳамто дош­та, ҳамчун шахси ташаббускору ташкилотчӣ ва масъулият­ши­нос шинохта шудааст.

Дар ин  рўзи мавлудаш ба вай комёбиҳои беназир орзумандем. Бигзор теъдоди чунин шахсон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёд ва боиси комёбиҳои корӣ ва ифтихори кормандон гардад.

 

 Ҷамил Валиев, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон.