“Шоҳномаи Саолибӣ”. Ёдкарди мулук-ут-тавоиф пас аз Искандар

Шоҳномаи СаолибӣЧун рўзгори Искандар ба сар омад, корҳои Эрону ҷуз он ба гунае даромад, ки хоста буд. Чунон ки бар ҳар бахше аз кишварҳо шоҳе чира шуд ва ойини пешин аз миён рафт, ки як шоҳ фармонраво буд ва ҳар киро мехост мегумошт ва ё бармедошт ва фармон медод ё боз медошт, то он ҷо ки аз Туркистон то Яман ва Мисру Шом беш аз ҳафтод шоҳ фармон меронданд, бар сарзаминҳо чира мешуданд ва аз ҳамдигар мерос мегирифтанд.

Ашкониён бар Ироқ ва каронаҳои Форсу Кўҳистон фармон меронданд. Румиён бар Мавсилу Савод фармонравоӣ мекарданд ва ҳайтолиён бар Балх ва Бомиён подшоҳӣ мекарданд ва тархонони турк Хуросонро зери фармон доштанд ва дигарон низ шаҳрҳо ва кишварҳоро миёни худ бахш карданд, вале ҳама Ашкониёнро бузург мешумориданд ва дар номаҳои худ аз онон ба бузургӣ ёд мекарданд ва номи ононро пеш аз номи худ меоварданд, чӣ бар он буданд, ки аз табори шоҳонанд. Дигар ин ки бар нофи замин фармонраво буданд.

Гўянд: Ашкон аз фарзандони Дорои бузург буд. Бархе гўянд ў аз фарзандони Ашкон пури Кай Ораш писари Кайқубод будааст. Ҷуз ин ҳам гуфтаанд. Аз ин рў гумонмандиҳое дар нажоди Ашкониён рух додааст. Лекин дар ин, ки онон аз нажоди шоҳони гузашта буданд, ихтилофе нест ва Худо донотар аст.

Ҳамин ноҳамройӣ дар табор ба номҳо ва пешу пас будани замони фармонравоии онон низ кашида шудааст. Табарӣ дар яке аз навиштаҳояш бар он аст, ки нахустин шоҳи ашконӣ Ашк фарзанди Ашкон будааст ва бисту як сол подшоҳӣ кардааст. Дар ин бора нависандаи «Шоҳнома» бо Табарӣ ҳамсоз аст, ҷуз ин ки ў замони шоҳии Ашкро даҳ сол медонад. Табарӣ дар ҷои дигар гуфтааст: нахустин шоҳи Ашкониён Ақфуршоҳ буда, ки бисту ду сол подшоҳӣ кардааст.

Ибни Хурдодбеҳ ба ин гуфтаи Табарӣ ҳамрой аст ва чизҳое бар он афзуда, лекин ман дар бораи даромехтаҳои рухдодҳо ва номҳову замони подшоҳии онон суханеро ба гардан намегирам ва он чиро худ бар он эътимод дорам, аз гузидаҳои достонҳояшон менигорам.

АҚФУРШОҲИ АШКОНӢ

Ақфуршоҳи Ашконӣ бар Мадоин ва бештари хоки Ироқу Форс фармон ронд ва фармонравоёни дигар ба унвони шоҳӣ ба ў нома навиштанд ва армуғонҳое аз рўи бузургворӣ, на божгузорӣ, барояш фиристоданд. Ў Дирафши Ковиёниро дар ниҳонгоҳе дарёфт ва дар нигоҳдошти он кўшид. Ба фармонравои Рум, ки аз сўи Искандар бар Мавсилу Савод гуморида шуда буд, чира шуд ва ўро аз он ҷо ронд.

Пас ба хунхоҳии Доро бо румиён ҷангид ва бештари ононро дарҳам кўбид. Ў мардонро дар киштӣ менишонд ва киштиро бо онон ғарқ мекард, то ин ки гурўҳи фаровоне аз эшонро кушт ва боруҳое (девори қалъа ва ҳисор) бисёр вайрон кард ва китобҳои пизишкиву ситорашиносӣ ва фалсафиро, ки Искандар бурда буд, баргардонд. Бори мардумро сабук сохт ва бо некўтарин равиш бо онон рафтор кард.

Чун шасту ду сол бар подшоҳияш баромад, пайки марг дари хонаашро кўбид ва Ақфуршоҳ фарохони парвардигорро посух гуфт ва даргузашт.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Фархунда Қурбонова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиноси”.