Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Баҳром пури Яздигурд, номбардор ба «Баҳроми Гӯр». Поён

Баҳром барои баровардани он чӣ дар дил дошт, ба гунаи ношинохта ба сарзамини Ҳинд рафт ва дар он ҷо бо диловарӣ, ки дар куштани даррандагон ва пилони зиёнкор аз худ нишон дод,  коре кард, ки Шангулат шоҳи Ҳинд ба дидори ӯ дил баст. Баҳромро фаро хонд. Барозандагии ӯ чашми Шангулатро гирифт. Аз кор ва саргузашташ пурсид. Гуфт: ман аз кеҳтарони Баҳромшоҳам, ки дар чокарӣ кӯтоҳӣ кардам, ба гунае ки корам сутуда набуд ва аз он хушнуд нашуд, бар ман хашм гирифт, ман аз ҷонам тарсидам ва ногузир шудам аз ӯ дур шавам, то оташи хашмаш бар ман фурӯ нишинад.

Шангулат гуфт: бегумон, ин пешомад мояи он шуд, ки ман бо ту хӯ бигирам ва аз некбахтин ту рӯшноӣ  бар гирам, ба баҳрамандӣ  ва пойгоҳе, ки дар назди ман ёфтӣ, шод бош ва чун кудаке, ки ба хонаводааш фармон медиҳад, ба ман фармон бидеҳ. Пас, бо ӯ ҳампиёла шуд ва бо ӯ ба шикор рафт.

Дар шикоргоҳ чандон ойинҳои зебо ва шигифтиҳое аз ӯ дид, ки дилашро рабуд. Магар яке аз шоҳони Ҳинд, ки душмани Шангулат буд, ба кишвараш наздик шуд ва кӯшид бо ӯ биҷангад ва бар кишвараш даст ёбад. Баҳром ба Шангулат гуфт: агар мехоҳӣ кори чангро ба ман вогузор, то газанди  ӯро аз ту дур кунам. Шангулат гуфт: ман ба ту чунин фармоне намедиҳам, агар худ мехоҳӣ, метавонӣ чонишини ман бошӣ, чӣ баҳрае аз бахт дорӣ, ман бегумон медонам, ки пирӯзӣ аз они ту хоҳад буд, дар ин ход миннати бузурге бар ман хоҳӣ гузошт. Баҳром омодаи набард шуд ва бо сипоҳиёни Ҳинд ба овардгоҳ шитофт.

Аз он сӯ шоҳи душмани Шангулат, ки тозон аз нерӯ ва нозон аз  бузургии хеш буд, ба овардгоҳ омад.

Чун ду гурӯҳ рӯ бар рӯи ҳам истоданд, Баҳром ба ёронаш гуфт: шумо пушти сари маро нигоҳ доред ва бингаред, ки ман чӣ мекунам. Ёрон сухани ӯро пазируфтанд.

Баҳром ба гунае бар сипоҳи душман тозиш овард,  ки онро вопас ронд ва фурӯ кӯфт ва пора-пора кард ва аз ҳам бигсаст, ба ҳар ки аз душман мерасид, сарашро бо шамшер мерабуд ё ӯро аз миён ба дуним мекард ё аз рӯи зин мерабуд ва ба зери суми аспи худ меафканд ва корашро тамом мекард ва бар онон, ки зиреҳ ба тан доштанд, тире партоб мекард, ки аз зиреҳ мегузашт ва бар замин менишаст. Сари ду мардро яке бо дасти рост ва дигаре бо дасти чап мегирифт ва чунон баҳам мекӯфт, ки мағзи сарашон парешон мешуд. Ба ҳар пиле, ки мерасид, бо шамшер хартумашро ҷудо мекард ва онро мекушт. Саворро аз рӯи фил пойин мекашид ва ба замин мезад. Чун наздик буд, ки душманон нобуд шаванд, пушт бидоданд ва ҳаросону шикастхӯрда гурехтанд ва сипоҳи Баҳром касеро ба ҷо намегузошт. Ёрони Баҳром ба дунболи эшон рафтанд ва бисёреро куштанд ва он чӣ доштанд, ба ғанимат гирифтанд.

Шангулат бар рӯи теппае истода буд ва он чиро дар овардгоҳ мегузашт, медид.

Чун Баҳром бо ин пирӯзии бузург ва комёбии бемонанд бозгашт, Шангулат барои бузургдошти ӯ аз асп ба зер омада ва Худоро барои ӯ бихонд ва бар ӯ офарин гуфт ва подоши нек ба ӯ бахшид ва ӯро бар подшоҳӣ  ва ҳостаи худ фармонраво сохт ва бо худ ба хона овард ва бо вай ҳампиёла шуд ва ба ӯ меҳр варзид.

Чун май дар Баҳром кор кард, табори худро бозгуфт. Шангулат ба по хост ва ӯро намоз бурд ва пешони ба хок молид ва даст ба сина истод. Баҳром ӯро нишонд ва ба некӣ бо ӯ сухан гуфт ва духтареро, ки аз духти Фағфур дошт, аз ӯ хостгорӣ кард. Шангулат духтарро ба зании Баҳром даровард ва Дайбил ва Мукрон ва перомуни онро қаламрави ӯ гардонид ва пардохти божи дигар шаҳрҳои Ҳиндро ба гардан гирифт ва чандон  армуғон аз зару сим ва ҷангафзор ва пил, бӯйи хуш ва оҷу пусти паланг ба ӯ бахшид, ки ба шумор дар намеомад. Барои духтараш ҷиҳозе аз хостаҳои гаронбаҳо, ки хирад аз сари одам мерабуд, фароҳам кард.

Сипас, Баҳром бо дасти ҳар чӣ пуртар ва кушодатар ва шодии фаровонтар ба Эрон рӯ ниҳод. Шангулат то марзи Эрон ба пасвози ӯ омад ва сипас ӯро бадруд гуфт ва ба Ҳинд бозгашт.

Он чи пас аз бозгашти Баҳром аз Ҳинд рӯй дод

Чун Баҳром ба пойтахти худ Мадоин бозгашт, бахт ёраш буд ва хушбахтӣ ҳампаймонаш, ҷаҳон ба фармони ӯ ва рӯзгор роми вай, монанди гузашта ба хӯйи дерини худ рӯй овард ва ба чидани меваҳои шодӣ ҳар чи бештар ва ком баргирифтан аз хушиҳо пардохт. Марзбонон ва бузургонро аз бахшишҳои ҳамагонӣ  ва вежаи худ саршор кард ва остонҳо ва заминҳо ба онон бахшид ва божи ҳафт солро аз мардум фурӯ ҳишт ва он чи барои худ мехост, барои мардумон орзу мекард. Аз ҳамин рӯ, фармон дод, ки ба майгусорӣ  ва хушгузаронӣ  бипардозанд. Гуфт: ҳар ки наметавонад ҳазинаи ромишгарӣ ва майгусориро бипардозад, ба ман бигӯяд. Бар ман аст, ки заминаи осоиш ва шодхорӣ ва хушгузаронии ӯро фароҳам кунам. Барои хоҳиш бояд пардаи шарм аз миён бардоред ва ба некӣ ва бахшиши ман умеди некӯ дошта бошед. Мардум ба майгусорӣ  пардохтанд ва бидуни парво пайваста шароб нӯшиданд ва аз зебоёни себзанах ва норпистон баҳра бурданд.  Гӯш ба суруд  ва овоз доданд. Шоҳиди орзуро дар оғӯш кашиданд ва чандон ба таносонӣ  ва фарохӣ  саргарм шуданд, ки бозорҳо тиҳӣ шуд ва пешаварон ба сари кор наёмаданд ва кишоварзон рӯзгор ба беҳудагӣ сар карданд ва кору бори мардум ва ободонӣ табоҳ шуд ва колоҳон доду ситадӣ ва бозаргонӣ аз миён рафт.

Дар ин ҳангом Баҳром фармон дод, то ба мардум бигӯянд: беҳтар аст, ки аз пагоҳ то нимарӯз ба кору пеша бипардозанд ва пас аз он ба шодхорӣ  саргарм шавед, то кору майгусорӣ  ва кӯшиш ва ба киштзор рафтанро бо ҳам анҷом диҳед. Мардумон сухани ӯро пазируфтанд ва корҳои кишвар ба роҳи рост омад ва парешонӣ  ва дарҳамрехтагӣ сомон ёфт.

Рӯзе шомгоҳ  Баҳром аз шикоргоҳ бозмегашт. Бар тане чанд аз мардуми омӣ гузар кард, ки дар офтобзард бар сабзазоре нишаста буданд ва бе ромишгар бода менӯшиданд. Баҳром аз набудани овозхонӣ дар базми онон, ки мояи шодмонии ҷонҳост, нохурсанд  шуд.

Гуфтанд: шоҳо, имрӯз ромишгаре  ҷустем, то ба сад дирам барои мо ромишгарӣ кунад, ки ба даст наёмад. Баҳром гуфт: дар ин бора меандешам. Пас, номае ба Шангулати ҳиндӣ навишт ва аз ӯ чаҳор ҳазор ромишгар ва навозандаи корозмуда дархост кард.

Шангулат чаҳор ҳазор тан ромишгар ба Эрон фиристод. Баҳром ононро дар ҳамаи кишвар пароканд ва ба мардум фармон дод, ки эшонро ба кор гиранд ва аз овозашон баҳра баранд ва музди онон бигзоранд. Лӯриёни судонӣ, ки ӯд ва ной некӯ менавозанд, аз нажоди ононанд.

ЁДКАРДИ ПОЁНИ КОРИ БАҲРОМИ ГӮР

Бисту се сол аз подшоҳии Баҳром гузашт, бисту се соли бисёр дилпазир ва кӯтоҳ, вежаи ноогоҳиҳои  шодхорӣ  ва лаҳзаҳои ҳамдамӣ, ки гӯӣ аз чангу дасти рухдодҳои рӯзгор рабуда шуда буд.

Ба гуфтаи Табарӣ, Баҳром рӯзе барои шикор барнишаст ва ба сӯйи Мохкӯфа рафт. Ва ба дунболи гӯрхаре тохт ва барои шикор кардани ӯ кӯшиши бисёр кард, ки ногоҳ дар чоҳе дуртаг афтод ва дар он гум шуд. Модари Баҳром бо гурӯҳе аз мардумон ба сари чоҳ омаданд. Ва коргарон ва оббозонро дар кашидани оби чоҳ ва берун овардани гилу лойи он ба кор гирифтанд, то ин ки тӯдаи бузурге гилу лой берун оварданд, вале бар пайкари Баҳром даст наёфтанд. Чун аз пайдо шудани пайкари Баҳром ноумед шуданд, марги ӯ чунон бар онон гарон омад ва андӯҳе ба дили онон нишаст, ки дар марги ҳеҷ подшоҳе чунон нашуда буд. Сахт андӯҳгин шуданд ва сӯги ӯро бузург доштанд ва бар аз даст додани рӯзгори сабзу хурраму хуш ва ёдгориҳои неки ба ҷо монда аз вай ва бахшишу меҳрубониаш бар мардумон бисёр афсӯс хӯрданд.

Ва анҷуманҳои сӯгворӣ дар саросари кишвар ба по доштанд ва бар ӯ гиристанд. Сипас гуфтанд: нахустин коре, ки бояд ба подафроҳи некиҳо ва рафтори писандидаи ӯ анҷом диҳем, ин аст, ки ҷонишини хубе аз хонадонаш ба ҷои ӯ биншонем ва дар чокарӣ аз вай ҷонфишонӣ кунем ва дар бузургдошти ӯ бикӯшем, то дӯстӣ ва хушнудии хонадонашро ба даст оварем.

Пас, ба назди  Яздигурд писари Баҳром омаданд ва замини адаб бӯса дода, аз ҷону дил изҳори ҷонфишонӣ карданд ва худ ва молу фарзандонашонро бархии ӯ карданд ва чун чанде бо гиря на зорӣ  бо ӯ ҳамдардӣ карданд, гуфтанд: сипос Худойро, ҳангоме ки амонати гаронбаҳоеро аз мо гирифт, моро ба болотарин орзуҳо расонид. Ва он гох, ки моро  ба  гирифтории  бузурге озмуд, беҳтарин ҷонишинро ба мо бахшид. Сипас бар ӯ гирд омада, бо вай ба шоҳӣ паймон бастанд.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Сабрина Акрамова,
Мутахассиси мутахассиси
Маркази “Тоҷикшиносӣ”.