“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Шопур писари Ақфуршоҳ

Шоҳномаи СаолибӣШопур дар оғози навҷавонӣ ба ҷои падар ба подшоҳӣ нишаст ва баҳраҳои шоҳиву ҷавониро якҷо дар худ гирд овард. Ба хуррамии рўзгор равнақ бахшид ва аз шохсори рўзҳо меваи навбарона чид. Исову Яҳёи Закариё, дуруд бар онон бод, дар рўзгори ў мезистанд.

Гўянд: рўзе Шопур ба яке аз ёронаш гуфт: подшоҳӣ чӣ некўст агар ҳамешагӣ бошад!

Мард гуфт: агар ҳамешагӣ буд, ба ту намерасид. Шопур гуфт: рост мегўӣ. Ў ҳар рўз барменишаст ва ба шикор мерафт ва гумонаш он буд, ки шикор варзиш барои тан аст ва намунае аст, ки саворкорон метавонанд аз он шева дар тирандозӣ баҳра бигиранд.

Сипас наздики нимрўз, ки ба кох бозмегашт, сад духтари бисёр зебо ва шоиста дар ҷомаҳои ороста ва зеварҳо ба пешвозаш меомаданд ва дар ҳоле ки ба дасташон созҳои гуногун ва ҷомҳои майи нобу сабза ва гулҳои тозаву хушбў, дастанбўҳо, удсўзу синиҳое пур аз хўроки сабуку хушгувор буд, ўро хидмат мекарданд ва бар ў дуруд мефиристоданд ва ба ў хушомад мегуфтанд, ба ў бода менўшонданд ва ромишгариву бозӣ мекарданд. Шопур бо онон хандарўйиву шўхӣ ва бозиву хушмаззагӣ мекард, то ин ки шодмон мешуд ва ҳамдамияш ба болотарин пойгоҳ мерасид. Пас ба андозаи ниёз мехобиду нек меосуд.

Он гоҳ ба айвони зарнигор мерафт ва бо ҳамнишинони худ ба хўрдан саргарм мешуд, то ин ки шаб ба нима мерасид ва ба сарои занонаш бозмегашт ва аз онон баҳра меҷусту осоиш меёфт. Ва чун бомдод лаб ба ханда мегушуд, монанди гузашта ба шикор мерафт. Моҳе танҳо як бор бо мардум дастурии дидор ва ҳангомаи бор медод ва мегуфт: касе ки шерро бисёр бубинад, камтар аз ў метарсад. Дар ҳангоми ҳушёрӣ ба надимон чизҳои гаронбаҳо мебахшид ва дар ҳангоми мастӣ ба касе чизе намедод, то нагўянд, ки бахшиши ў аз май аст…. Шопур ба ин зиндагонии хуш ва неъмати беомеғ (беолоиш) панҷоҳу се сол ба подшоҳӣ сар кард ва дар ин ҳама сол бемориву дарде ба суроғаш наёмад ва душмане бар ў нашӯрид, то ҳангоме ки дардҳо паёпай бар ў юриш оварданд ва ӯро ба ҷое, ки ҳама кас меравад, равона карданд.

ПОДШОҲИИ ГЎДАРЗ ПИСАРИ ШОПУР

Шопур Гӯдарзро ҷонишини худ карда буд ва ба ёронаш фармон дода, ки бо ў паймон бибанданд. Чун Гӯдарз пас аз падараш ба шоҳӣ нишаст, гуфт: агар Худо моро ёрӣ кунад, аз ҳамагон бениёзем ва танҳо ба ӯ ниёзмандем, ӯ ёригари мост, то бад-он чи ба ў наздикамон гардонад, даст ёбем. Пас кори шоҳиро бо ҷангидан бо Бани Исроил оғоз кард, то аз Яҳё фарзанди Закариё, дуруд бар ҳар ду бод, хунхоҳӣ кунад. Аз Бани Исроил ҳафтод ҳазор кас кушт, то ин ки ҷӯшиши хуни Яҳё фурӯ нишаст. Зеро замоне ки Яҳё кушта шуда буд, чаккае аз хунаш бар замин рехта ва чун дег меҷӯшид, то ин ки Гӯдарз аз ӯ хунхоҳӣ кард ва Байтулмуқаддасро вайрон сохт.

Гӯдарз яке аз гарданфарозони номбардор буд. Бо чаҳорсад юз- паланг, ки гарданбанди заррин доштанд ва понсад бози шикории хокистарӣ ба нахҷир мешуд. Чун панҷоҳу ҳафт сол аз подшоҳияш гузашт, марг дар нахчиргоҳ ба суроғаш омад ва шикораш кард.

Ва он чунон буд, ки дар ҳангоме ки хук шикор мекард, хуке бо дандони худ бар асби вай тозиш овард. Асб рам кард ва шоҳро ноогоҳ аз пушти худ парт кард ва гарданаш бишкаст. Шунидаам, ки марги Вушмгир писари Зиёр дар шикори хук бекаму кост монанди марги Гӯдарз будааст.

ПОДШОҲИИ ЭРОНШАҲР ПИСАРИ БАЛОШ ПУРИ ШОПУРИ АШКОНӢ

Чун Эроншаҳр пас аз амуяш Гӯдарз ба подшоҳӣ расид, ганҷхонаи кишвар дар тангно буд, лекин рухдоде нек ӯро бар ганҷномае огоҳ кард, ки Искандар онро дар Ироқ ниҳода буд ва бо даст ёфтан ва даровардани он кишвар пуштгарм шуд ва ӯ ба бахшишу мардонагӣ расид. Агар на он ганҷинаҳо буд, кори кишвар нобасомон мешуд ва ҳоли ў табоҳ мегашт, вале Худои бузургро бар мардум ба гунаи ҳамагонӣ ва бар шоҳон (ба вежа) бузургвориҳое аст, ки ҳангоми гирифторӣ ба фарёди онон мерасад ва аз душворӣ мераҳонадашон.

Чун Эроншаҳр чиҳилу ҳафт сол подшоҳиро пур кард ва Гӯдарзи кеҳинро ҷойнишини худ гардонид, роҳи сарои дигар дар пеш гирифт.

ПОДШОҲ ОҲИИ ГЎДАРЗИ КЕҲИН ПУРИ ЭРОНШАҲР

Чун Эроншаҳр мурд, писараш Гўдарзи кеҳин ба шоҳӣ расид ва марзҳои кишваварро то Ироку Форс кашонд ва ба некӣ ҷаҳондорӣ кард ва бештар гар ба кори ободонӣ пардохт. Яке аз достонҳои зиндагии Гӯдарз ин аст, ки се савгулӣ дошт, ки ҷаҳонро аз чашми онон менигарист ва дар анҷуманҳои комронӣ, ки дошт, ҳарсеро гирд меовард, то шодияш бо баҳра бурдан аз зебоии онон пур гардад ва ҳар чӣ бештар аз дидори эшон ком баргирад.

Занон пофишорӣ карданд то бидонанд, кадоминро дӯсттар медорад. Гӯдарз гуфт: ба зудӣ ба шумо хоҳам гуфт. Сипас ба ҳар як пинҳон аз дигаре ангуштарии ёқут дод ва гуфт онро аз он ду савгулӣ пинҳон дорад ва ба дигаре нагӯяд. Рӯзе аз ӯ хостанд, ки бигӯяд кадоминро дӯсттар дорад. Гуфт: он ки ангуштарӣ дорад. Ҳар як гумон мебурд, ки ӯ танҳо савгулии шоҳ аст ва бад-ин сон хамагӣ хушнуд шуданд ва бо онон ба комронӣ сар кард. Шоҳии Гӯдарз сию як сол буд.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Фархунда Қурбонова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиноси”.