“Шоҳномаи Саолибӣ”. Подшоҳии Шопур писари Ардашер
Шопур дар зебоӣ, хирадварзӣ, ҳушёрӣ ва бо ҳам доштани меҳрубониву ҷаҳондорӣ ва дилбастагии фаровон ба комравоии ҳамагон монанди падар буд ва дар бахшишу суханварӣ бар падар пешӣ гирифт. Чун ба ҷои падар нишаст, мардум Худоро барои ў хонданд ва бар ў офарин гуфтанд.
Шопур бо суханони нек ва навидҳои зебо онҳоро умедвортар кард ба онон посух гуфт ва бар гардан гирифт, ки роҳи падарро дунбол кунад ва кўшандагӣ ва барномаҳои неки ўро зинда бидорад. Ба подшоҳон ва марзбонон нома навишт ва ононро дар ҷойи худ устувор дошт ва онҳоро ба дўстдории мардум ва ҳамроҳӣ бо онон фаро хонд ва хост, ки дар фармонбардорӣ аз вай шеваи накў дар пеш гиранд. Онон аз ҷону дил пазируфтанд ва бандагии худро ёд карданд ва фармонҳои ўро ба кор бастанд.
Шопур ба сомон додани корҳо ва устувор сохтани марзҳо ва гардонидани корҳои кишвар пардохт ва ба ободсозии шаҳрҳо ва набард бо душманон рўй овард. Ва бо коштани ниҳоли дўстӣ дар дили мардум ширинии дод ва некӣ ба коми онҳо рехт ва эшонро ба фармонбарӣ ва ҳамраъйӣ бо худ фаро хонд.
Тозиён Шопурро барои диловарии бемонанд ва лашкарҳои фаровон, ки дошт, «Собуру-л-ҷунуд» ном доданд.
ГУШУДАНИ НАСИБИН ВА НАБАРДИ РУМ
Чун Шопур дарёфт, ки Канстонтин – подшоҳи Рум оҳанги сарпечӣ дорад ва мехоҳад бож бозгирад, бар он шуд, ки ўро гўшмоле диҳад ва бо кина кашидан аз ў дигар шоҳонро битарсонад. Аз ин рў, бо сипоҳиён ба роҳ афтод ва дар шаҳри Насибин, ки каронаи марзи Рум буд, фуруд омад ва онро дар миён гирифт ва бо кор гузоштани партобаафкан ва дижгушой дар баробари боруҳо ва бурҷҳои он фармон дод, ки аз Шаҳрзўр каждум биёваранд ва онҳоро дар обгина ҷой диҳанд ва ба сўи Насибин партоб кунанд. Пайомади ин кор бар мардум ногувор буд ва зиндагиву осоишро бар онон тангу душвор гардонид. Саранҷом Шопур шаҳрро гушуд ва ба зўру хашм ба шаҳр даромад ва онро ба яке аз марзбонони худ супурд ва ба роҳ афтод ва Тарсусро низ гушуд ва аз он ҷо ба Қустантания рў ниҳод.
Шоҳи Қустантания номае меҳромез ба ў навишт ва армуғонҳои фаровон фиристод ва пардохти божро гардан ниҳод ва аз ў хоҳиш кард, ки аз қаламрави ў бозгардад. Шопур пазируфт ва бо пирўзӣ ба Мадоин бозгашт.
ПОДШОҲИИ ҲУРМУЗ ПИСАРИ ШОПУР
Хурмузро барои диловарӣ, чангозмоӣ ва ин ки суми асбонашро ба хуни душманон рангин мекард ва каллаи душманонро ба сони сарпӯш бар нӯги найза мезад, «Хурмузпаҳлавон» хонданд, вале Хурмуз рои устувору андешаи дуруст дар баробари сахтихо, он гуна ки падару ниёи ӯ доштанд, надошт. Рӯзгор низ ба ў муҳлат надода буд, ки ба марзи пухтагиву бурдборӣ бирасад ва афсори ўро накашида ва озмуда ва ромаш накарда буд. Чун ба гоҳ баромад ва ба афсар озин ёфт, ба ҳамагон бор дод. Мардум Худоро барои ў хонданд ва сухангӯи онон гуфт: падар ва ниёят чандон нишонаҳои нозу арзонӣ ва осоиш барои мо баҷо гузоштаанд, ки мо аз сипосгузории онон нотавонем. Нобасомониҳоро сомон доданд ва андешаҳои парокандаи моро ба ҳам пайвастанд ва шамшери душманони моро дар ниём карданд ва барои мо фарше аз нозҳо густарданд. Акнун, ки ба бахшоиши Худованд подшоҳӣ ба ту расидааст, кишвар дар оромиш аст ва мардумон дар осоиш ҳастанд, сипоҳиён фаровонанд ва хостаҳо афзун ва замин ободон аст. Бояд ту аз он ду пайравӣ кунӣ.
Ҳурмуз сухани ононро пазируфт ва некӣ кардан ба эшонро ба гардан гирифт ва пас аз он ба навиди хеш вафо кард ва дар додгарӣ аз Ардашер ва Шопур пайравӣ кард. Дар Аҳвоз шаҳри Ромҳурмузро сохт ва Даскаратулмулкро пай афканд ва бо ҳайтолиён, ки ҳамон суғдиёнанд, ҷангид ва бар онон чира шуд ва эшонро ба пардохти бож водор кард ва дар сари марзи онон санге сутург ниҳод, ки аз он нагузаранд.
Пас ба Истахр ё Мадоин бозгашт ва дар ҳамон ҷо ҷон дод. Замони подшоҳии ў камтар аз ду сол буд.
ПОДШОҲИИ БАҲРОМ ПУРИ ҲУРМУЗ
Пас аз он Баҳром писари Ҳурмуз дар оғози ҷавонӣ ба подшоҳӣ расид. Бо ин ҳама аз бурдборӣ, некандешӣ, меҳрварзӣ ва сангинӣ баҳраманд буд. Мардум аз подшоҳии ў шод шуданд ва ба фархундагии рӯзгору подшоҳияш умед бастанд. Ва Худоро барои ӯ хонданд ва бар ў офарин гуфтанд.
Баҳром ба дурустӣ ба онон посух доду гуфт: подшоҳони пешини хонадони мо дар корҳои кеш на кишвар ва доду диҳиш нишонаҳое ба ҷой гузоштаанд, ки мо низ бар онҳо хоҳем истод ва аз он нахоҳем гузашт.
Аз Худо мехоҳем, ки моро ёрӣ расонад, ки дунболарави онон бошем ва аз партави эшон роҳ ёбем.
Ба Худованд рӯй меоварем, то ёвари мо бошад, то коре кунем, ки чашмҳои шуморо равшан созад ва ба дилҳои шумо фарохӣ бахшад ва ба шумо пуштгармӣ диҳад ва бар хушбахтиятон бияфзояд.
Мардумон ба замин биафтоданд ва ӯро намоз бурданд ва сипосгӯён аз пеши ӯ бозгаштанд.
Баҳром дар нигоҳдории кишвар ва чирагӣ бар душманон ва оростани корҳо ва афзунии хостаҳо ва тарсонидани душманон ба шамшерҳои охта ва беҳбуди корҳои ободонӣ сахт кӯшид. Ва дирафши кишвардориро барафрошт.
Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.
Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.
Таҳияи Сабрина Акрамова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.