“Шоҳномаи Саолибӣ”. Саргузашти Монии бедин, ки паёмбари ба худ баст (нафрини Худо бар ў бод)

Шоҳномаи СаолибӣМонии Гуҷастак дар рӯзгори Шопур пайдо шуд, вале то замони Баҳром фарохони худро ошкор накард ва меандешид, ки Баҳром бо камсолие, ки дорад, ба сухани ороста ба дурӯғ ва кеши ороишкардааш фирефта хоҳад шуд.

Муқаддасӣ дар китоби «ал-Бадь ва-т-таърих» гуфтааст: Монӣ нахустин касе аст, ки бединӣ дар замин ошкор кард, ҷуз ин ки бар он номҳои гуногун ниҳодаанд ва акнун пайравони ӯро ботиниён мехонанд.

Чун Монӣ кеши дурӯғини худро бар Баҳром арза дошт, фармон дод, ки мӯбадон барои гуфтушунуд бо ӯ гирд оянд.

Пас, мӯбади мӯбадон ба Монӣ гуфт: ту моро ба чӣ мехонӣ?

Гуфт: раҳо кардани ин ҷаҳон ва вайрон сохтани он ва тарки омезиш бо занон, то тухми мардум барафтад ва ин ҷаҳони хокӣ нобуд гардад, зеро ҷонҳои поки Худой бо танҳои палиди аҳриманӣ даромехтааст ва яздон аз ин омехтагӣ дар ранҷ аст ва осоиши ӯ дар ҷудоӣ афкандан миёни ин дутост, то ин ки Худованд офаринише нав оғоз кунад ва чунонки мехоҳад ҷаҳоне тоза пай афканад.                                                                                                               

Мӯбад аз Монӣ пурсид: ободонӣ беҳтар аст ё вайронӣ?                                                           

Монӣ гуфт: ободонии ҷонҳо дар вайрон кардани танҳост.

Мӯбад гуфт: бигӯ, оё куштани ту ободӣ аст ё вайронӣ?                                                                       

Монӣ посух дод: куштан вайронии тан аст.                                                                                 

Мӯбад гуфт: пас шоистааст, ки туро бикушем, то тани ту вайрон ва ҷонат обод гардад.

Пас марди нобовар саргашта шуд.

Баҳром гуфт: мо аз вайрон кардани тани ту оғоз мекунем ва ба гуфтаи худат бо ту рафтор мекунем. Пас фармон дод то пӯсти ӯро баркананд ва аз коҳ биянборанд ва аз яке аз дарвозаҳои Ҷундишопур биёвезанд. Кунун низ ин дарвозаро дарвозаи Монӣ мегӯянд.

Баҳром дувоздаҳ ҳазор тан аз пайравони Мониро кушт ва бар касоне, ки аз онон бӯи бединӣ меомад, сахт гирифт. Барои ин мардум ӯро дӯст доштанд ва бар ӯ офарин хонданд. Чун аз подшоҳии ӯ се солу се моҳу се рӯз гузашт, зиндагӣ бо ӯ насохт ва кораш поён ёфт.

Подшоҳии Баҳром пури Баҳром пури Ҳурмуз

Ин ҳамон аст, ки ба ангезаи худбузургбинӣ ва гарданкашиаш ӯро «Баҳроми худсито»  мехонданд. Ӯ марди дуруштхӯ, сангдилу масти бодаи ҷавониву подшоҳӣ ва саргарон аз худписандӣ буд.                                                  

Касеро арҷ намениҳод ва барои бузургу хурд сар барнамедошт. Ва аз кайфар додан ҷуз гардан задан чизе намедонист. Пас наздикон дилозурда шуданд ва ҳамагон тарсону рамон гаштанд. Пас фароҳам омаданду шикоят ба мӯбади мӯбадон бурданд ва дар кори Баҳром рой мезаданд.

Мӯбади мӯбадон гуфт: шумо нола пеши касе овардаед, ки худ нолон аст ва дарди худро пеши касе мегӯед, ки худ озурда аст, лек агар ройи маро бипазиред ва аз ман фармон баред ва нофармонӣ накунед, Баҳромро ба роҳи дуруст боз хоҳам овард ва ба ҳамон гуна, ки шумо мехоҳед, боз хоҳам гардонд.

Мардумон пазируфтанд, ки аз ӯ пайравӣ кунанд ва ба роҳе бираванд, ки ӯ мегӯяд.

Мӯбади мӯбадон гуфт: чун фардо фаро расад, дар хонаҳои худ бимонед ва берун наёед ва ҳеч як аз шумо ба ӯ наздик нашавед ва шумо эй дастурон, пардадорон, марзбонон, ҷавонон ва навҷавонон дар нарафтан ба даргоҳи вай ва дурӣ гузидан аз пешгоҳи вай ва посух надодан ба фармонаш ва тиҳӣ гузоштани анҷуман ва хонаи ӯ бо ҳам якӣ шавед ва то ман дастури надиҳам, касе ба ӯ наздик нашавад.

Ҳамагон суханони ӯро пазируфтанд, ки фармони ӯро пеши чашм бидоранд ва аз он нагарданд ва бар ин кор бо ӯ паймон бастанд ва ҳамрой шуданд. Чун Баҳром шабро ба пойгоҳ овард ва ба гоҳ баромад, аз ҷавонон ва перомуниён касе дар хона надид ва чашмаш ба сиёҳии вуҷуди чокар ё марзбоне сурмагун нагашт, ба ҷойгоҳи ҳар кадом аз ёрон нигарист, онро тиҳитар аз кафи даст ёфт.

Чун чокаронро овоз дод, касе посух надод. Дарбононро хонд, касе наёмад. Ҳаросон ва саргардон шуд, ҳар гуна гумон ба дилаш роҳ ҷуст ва ҳамчунон ки бо худ меандешид ва аз ин пешомад дар шигифт монда буд ва ҳанӯз оғози рӯз буд, ногоҳ мӯбади мӯбадон бар ӯ даромад. Баҳром шод шуд ва ба ӯ рӯ кард ва ростиву дурустии достонро аз вай ҷӯё шуд.

Мӯбад гуфт: шоҳо, магар намедонӣ, ки подшоҳии ту ба ёрии Худованд ва сипас бо мардум бозбастааст? Ва то ҳангоме, ки мардум аз ту фармон баранд ва дар чокарии ту биистанд, ту шоҳ хоҳи буд! Вале агар бо бадрафтории худ эшонро аз хештан биронӣ ва бо бадхуй ононро биронӣ ва бо сахтгирӣ ононро битарсонӣ, дар ин ҳангом мужда бод туро ба танҳо мондан. Ва беҳудагӣ ва бекорагиро пеши чашм бидор.

Баҳром достонро дарёфт ва сухан дод, ки хӯи бадро раҳо кунад. Мӯбад бархост ва ҳамагонро ба пешгоҳи ӯ фиристод. Онон ӯро намоз бурданд. Баҳром хандид ва бо эшон ба меҳрубонӣ бархӯрд кард ва бо хушрӯй ва рафторе нав дигаргун шуд ва бад-ин сон ҳам худ бархурдор шуд ва ҳам мардумон аз ӯ баҳраманд гаштанд.

Аз мӯбад барои пок сохтани хӯи бад ва ба поси панд додан ба вай сипос гузорид ва аз он пас аз ройи ӯ сар напечид ва ҳеч коре бе ройзанӣ бо вай анҷом надод.

Рӯзе хост аз бонуи гузидааш барои нофармонӣ, ки бад-он даст ёзида буд, кина кашад ва ӯро бикушад, лекин даст нигоҳ дошт ва мӯбадро фаро хонд ва пурсид: кайфари касе, ки аз фармони шоҳ сарпечӣ кунад, чист?

Мӯбад гуфт: кайфараш марг аст, магар ин ки зан ё кӯдак ё маст ё девона бошад.

Баҳром аз куштани зан даст бардошт. Аз рухдодҳои зебои рӯзгори ӯ, ки дар бораи дигарон ҳам овардаанд, ин аст, ки рӯзе бар хон нишаста буд, хонсолер косаи бузурге ош пеш овард, чаккае аз он бар бозуи Баҳром рехт. Баҳром фармон дод ӯро бикушанд.

Мард гуфт: шоҳо, туро ба Худой мепаноҳам, мабодо ки маро ба ситам ва бегуноҳ бикушӣ!

Баҳром гуфт: бояд туро бикушам, то дигарон панд бигиранд ва дар чокарии шоҳон бепарвоӣ накунанд.

Мард косаи ошашро бардошт ва ҳамаро бар сари Баҳром рехт ва гуфт: шоҳо, аз ин ки маро ба ситам бикушӣ ва бар ин сарзанишат кунанд, нохурсанд будам, инак сазовори маргам ва зиштии кори ту, яъне ситам бар чокарон, аз миён рафт, инак ҳар чӣ мехоҳӣ бикун.

Баҳром хандид ва гуфт: пояи зиндагонии ту сахт устувор буда, ки аз марг растӣ, ман туро бахшидам.

Ин асар, ки бо номҳои «Ғурару-с-сияр», «Таърихи Саолибӣ», «Шоҳномаи Саолибӣ», «Ғурару ахбори-л-мулук ва сияриҳим», «Ал-Ғурар фӣ сияри-л-мулук ва ахбориҳим», «Ғурар ахбори мулуки-л-Фурс ва сияриҳим», «Ғурару сияри-л-мулук ва ахбориҳим» низ ёд мешавад, таърихномаи умумиест аз таърихнигор ва адиби форс-тоҷик Абумансур Абдулмалик ибни Муҳаммад Саолибии Нишопурӣ.

Китобро соли 2024 аз силсилаи Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун Китобхонаи миллӣ нашр карда буд.

Таҳияи Сабрина Акрамова, мутахассиси
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”.