Шоҳзамон Раҳмон «Тахти сангин: Шаҳрҳои соҳилҳои Омуя (аз Вахшон то Сурхон)»

Тахти сангинМуаллиф дар китоб дар бораи таърихи пайдоиши Дафинаи Амударё, маъбади Тахти Сангин, ҳамчунин бозёфтҳои нави аз ганҷина пайдокардаи бостоншиносон мулоҳиза меронад.

Маркази Тахти Сангин 40 мил (манзил) аз Амударё боло, дар қисми шимол ҷой гирифта, корвони шутурҳои пурбор ин диёрро убур намуда, Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст. Шутурҳо аз назди гузаргоҳои Калдор (Мел), қасрҳои муҳташами дидбонию сарҳадии Тахти Қубод ва Тахти Сангин гузашта, молу маводу одамонро аз Вароруд ба Афғонистон он тараф то Ҳинду Чин мебурданд ва агар ба шимол рафтан хоҳанд, то мамолики Ғарб мерасонданд.

Шарқшиносону бостоншиносоне мисли Н.Майев, Б.П.Денике, М.Дяконов дар бораи қасрҳои мазкур шунида, ин мавзеъро бо чашми худ дидаву санҷида ва зиёрат намуда, оид ба ин сарзамини пурганҷу нодир фикру мулоҳизаҳо иброз менамуданд. М.Дяконов дар бораи Тахти Сангин зиёд меандешид, як намунаи муқаддамотии андешаҳояшро дар китоби худ «Сарчашмаҳои маданияти қадими Тоҷикистон» хеле хуб нишон додааст. Тахти Қубоду Дафинаи Амударё ва маъбади Тахти Сангин воқеан пас аз ёфт шудан тамоми мардуми оламро ба тааҷҷуб андохт ва донишмандону бостоншиносони ҷаҳон, санъатварони олами фарҳанг фикру мулоҳизаҳояшонро то имрӯз, ки 145 сол мегузарад, оид ба ин Хазина бо тааҷҷуб ризоятмандӣ изҳор медоранд. Хазинаи Амударё ҳанӯз дар лаби дарёи Темза, дар Осорхонаи Британияи Кабир нигаҳдорӣ шуда, зойирини ҷаҳон онро аз пушти шиша бо ҳавас ва мутаҳайирона тамошо мекунанд.

Хазинаи Амударё дар замони шӯравӣ се маротиба ба Ленинград, Киев ва Сибир ба намоиш гузошта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шоҳхонуми Британияи Кабир Маргарет Теччер хоҳиш кардаанд, ки як қисм аз маводи ватанро ба соҳибонашон баргардонанд, лекин вай фақат иҷозат дод, ки тоҷикони соҳибхазина метавонанд фақат сарпӯш кушода, аз онҳо аккосӣ кунанд…

Идомаи ин матлабро шумо метавонед аз китоби  Шоҳзамон Раҳмон “Тахти Сангин…” дар Китобхонаи миллӣ бихонед.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд