Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам
Муҳтарам Ҳотам, ки ҳафтаи гузашта сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуд, яке аз муваффақтарин адибонест, ки таърихи миллатро пажӯҳиш мекунанд. То кунун ин комёбӣ ба каси дигаре аз зумраи адибони муосир чун ба Муҳтарам Ҳотам даст надодааст. Дар ковишҳои илмӣ барои рушан кардани масъалаҳои муҳоҷирати ориёиҳо хеле муваффақ будааст.
МӮҲТАРАМ ҲОТАМ 10 апрели соли 1950 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) зода шудааст. Соли 1968 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1972 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, то соли 1990, дар нашриёти «Ирфон»-у «Адиб» ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба кор кардааст. Солҳои 1990-1996 раиси муассисаи нашаротии «Ориёно», 1996-1998 сардабири ҳафтавори «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт»), 1998-2000 муовини сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ходими ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будааст. Солҳои 1983-1985 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз моҳи апрели соли 2000 мудири Котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.
Муаллифи китобҳои ашъори «Камароб» (1979), «Дилафшон» (1983), «Сапеда» (1989), «Як қалам сарнавишт – як қадам саргузашт» (1996), «Садуяксола шавӣ!» (1966), «Чашморӯ» мебошад. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар зиёда аз 50 маҷмӯаи дастҷамъӣ, аз ҷумла, «Тысяча родников» («Ҳазор чашма»; Маскав, 1999) «Бозгашти Ироншаҳр» (Ереван, 2003) ба чоп расидаанд. Роҷеъ ба таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон даҳҳо мақола ба табъ расондааст. Ҳаммуаллифи таърихномаи роҳи оҳан – «Роҳ дар масири асрҳо» (1999) мебошад.
Солҳои охир ба таҳқиқи масоили сукунат ва муҳоҷирати ориёиҳо машғул буда, дар ин мавзӯъ асарҳои «Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…» (2004) ва «Канобад (Конибодом) ва Райбат (Работ) дар «Шоҳнома» (2004), «Фасли пайванди вижаҳо» (2014)-ро мунташир сохтааст. Силсилаи мақолаҳояш «Муҳоҷирати бузурги ориёиҳо», ҳамчунин, рисолаи таҳқиқотиаш «Ҳувийяти миллӣ ва Ватани воқеӣ» дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Фарҳанг» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Гулчини ашъори шоирони тоҷику арман «Дасти дӯст» (1989), дуоҳои тоҷикии «Сад дуову салом» (1985) ва «Толеъномаи хонавода» (2004)-ро мураттаб ва мунташир намудааст. Чанде аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ, эстонӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.
Як идда шеъру ҳикоя ва осори манзуми адибони дигар кишварҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд достони «Илиада»-и Ҳомер, чанде аз шеърҳо ва достони «Фариштаи марг»-и М.Ю. Лермонтов, «Биҳишти муҳаббат»-и Р. Бёрнс, афсонаҳои мардуми русу Шарқи Дур – «Афсонаҳои даврони қадим» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, И.Н. Некрасов, шоирони дигари рус, фаронсавӣ, булғорӣ, молдовӣ, литвонӣ, ӯзбек, гурҷӣ ва ғ. ширкат варзидааст.
Дар Конфаронси байналмилалии шоирон ва тарҷумонҳои адабиёти Литва дар шаҳри Вилнюс (1988), Конфаронси адибони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимкент (1989), ҳамоиши адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ –»Вохӯрии кӯчаки Иссиқrӯл» (1990), конфаронси тарҷумонҳо дар Маскав (1990) ширкат кардааст.
Бо медали «Хизмати шоиста» ва нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Шоири халқии Тоҷикистон (2022).
АЗ МУҲТАРАМ ҲОТАМ ВА ДАР БОРАИ Ӯ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ ИН МАТОЛИБРО МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:
Рубоиҳо; Кистам ман?: Шеърҳо // Маориф ва маданият. – 1972. – 22 июл.
Эй инсони тавоно!: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1979. – 7 октябр.
Бе ту; Рози ханҷар; Кўдакӣ; Душанбе: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон . – 1980. – 7 ноябр.
Камароб: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1980. – 54 саҳ.
Гаҳ чунонам, гаҳ чунинам: Шеър // Хорпуштак. – 1985. – №12. –С. 4.
Марде аз рўдҳо: Пасвори дўсти ҷавонмаргам Мирзоалии Раҳмат// Эҳёи Рашт . – 1992. – 7 март.
Мелоди Ғарм [Матн]: Шеър // Эҳёи Рашт . – 1992. – 7 март.
Саҳнаи Шодӣ: Шеър бахшида ба артисти халқии Тоҷикистон Шоди Солеҳов // Садои мардум . – 1998. – 13 декабр.
Хуни ҷосуз; Эҳдо ба устод Зафар Нозим; Ту дар гулўи манӣ: Шеърҳо //Адабиёт ва санъат. – 1998. – 25 декабр.
Аз моварои шарқ; Ҷои ҷон; Решаи ҷон [Матн]: Шеърҳо //Адабиёт ва санъат. – 2000. – 31 август.
Тоҷикистон; Тоҷик: Шеърҳо // Ҷумҳурият . – 2008. – 4 октябр.
Русуми шеър; Шоири халқу миллат; Ҳар лаҳзае ошиқ: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат . – 2008. – 13 ноябр.
Яке марди сухан: Таронаҳо // Адабиёт ва санъат . – 2014. – 26 июн.
Баҳор мерасад: Шеър // Омўзгор. – 2016. – 4 март.
Гулнишонам: Шеър // Душанбе. – 2017. – №3. – С. 17.
Ин баҳорон: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2018. – 21 март.
Хати бароти Истиқлол: Шеър // Баҳори Аҷам. – 2019. – 6 сентябр.
Хуҷанд: Шеър // Тирози ҷаҳон. – 2019. – 25 сентябр.
Инқилоби «Тоҷикон»; Имтиҳон; Дубайтиҳо: Назм // Адабиёт ва саснъат. – 2020. – 9 июл.
Рубоиёти Истиқлол: Ашъор // Садои Шарқ. – 2020. – №9. – С. 9.
Истиқлол: Шеър // Хорпуштак. – 2021. – №7-8. – С. 6.
Паёми баҳор: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2021. – 8 апрел.
Осиё – ин хонаи мост: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2021. – 16 сентябр.
Кишвари тоҷик: Тоҷик куҳантарин номи миллат ва сарзамин // Садои Шарқ . – 2021. – № 10. – С. 120 – 141.
ДАР БОРААШ:
Акрамзода, У. Оинадори таърих: Шеър бахшида ба устод Муҳтарам Ҳотам // Паёми Душанбе. – 2020. – 31 октябр.
Суханвари аз диёри офтоб: Бахшида ба 70-солагии адиби пухтакор устод Муҳтарам Ҳотам // Субҳи Рашт. – 2020. – №2. – октябр.
Саидзода, Ҷ. Шоири ватансаро: Муҳтарам Ҳотам // Фараж. – 2020. – 15 июл.
Шаҳрия. Шоири симинсухан: Дар бораи эҷодлиёти шоир Муҳтарам Ҳотам // Баҳори Аҷам. – 2020. – 10 апрел.
Таҳияи кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ:
Ҳусния Назарова ва Зафар Ғолибов.